Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ЭЪЛОНИ
озмун барои интихоби роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ
Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (42 ҷой)
Муҳлат: 45 рӯз (аз 1-уми март то 30-юми апрели соли 2023 бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Душанбе – 6 нафар, ш. Ваҳдат – 1 нафар, ш. Турсунзода – 1 нафар, ш. Ҳисор – 1 нафар, ш. Хуҷанд – 2 нафар, ш. Истаравшан – 1 нафар, ш. Исфара – 1 нафар, ш. Конибодом – 1 нафар, ш. Панҷакент – 1 нафар, ш. Бохтар – 2 нафар, ш. Кӯлоб – 2 нафар, ш. Хоруғ – 1 нафар, н. Рашт – 1 нафар, н. Рӯдакӣ – 1 нафар, н. Ашт – 1 нафар, н. Б. Ғафуров – 1 нафар, н. Деваштич – 1 нафар, н. Мастчоҳ – 1 нафар, н. Спитамен – 1 нафар, н. Ҷ. Расулов – 1 нафар, н. А. Ҷомӣ – 1 нафар, н. Вахш – 1 нафар, н. Восеъ – 1 нафар, н. Данғара – 1 нафар, н. Дӯстӣ – 1 нафар, н. Ёвон – 1 нафар, н. Қубодиён – 1 нафар, н. Панҷ – 1 нафар, н. Фархор – 1 нафар, н. Хуросон – 1 нафар, н. Ҳамадонӣ – 1 нафар, н. Ҷайҳун – 1 нафар, н. Ҷ. Балхӣ – 1 нафар, н. Шаҳритус – 1 нафар.
Мансаб: роҳбари нуқтаи бақайдгирӣ (7 ҷой)
Муҳлат: 24 рӯз (аз 1-ум то 30-юми апрели соли 2023 бо имкони тамдид)
Макони иҷрои вазифа: ш. Норак – 1 нафар, н. Файзобод – 1 нафар, н. Айнӣ – 1 нафар, н. Зафаробод – 1 нафар, н. Муъминобод – 1 нафар, н. Темурмалик – 1 нафар, н. Ш. Шоҳин – 1 нафар.
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо мақсади бақайдгирии довталабон дар доираи ташкил ва баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар вилоят ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ нуқтаҳои бақайдгирӣ таъсис медиҳад. Барои идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ кормандони муваққатӣ ҷалб ва омӯзонида мешаванд. Марказ барои интихоби роҳбари нуқтаҳои бақайдгирӣ озмун эълон менамояд. Кормандони интихобгардида барои ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ масъул мешаванд.
Вазифаҳои асосӣ:
- иштироки фаъолона дар ташкил ва идораи раванди бақайдгирии довталабон;
- омода намудани нуқтаи бақайдгирӣ барои бақайдгирии довталабон;
- назорати фаъолияти кормандони муваққатӣ тибқи тартиби муқарраргардида;
- пешниҳоди ҳисоботи ҳаррӯза ва ҷамъбастӣ ба намояндаи Марказ.
Талаботи тахассусӣ:
- маълумоти олӣ;
- собиқаи педагогӣ на камтар аз 5 сол;
- таҷрибаи кори созмондеҳӣ: ташкили чорабиниҳои васеъ бо шумораи зиёди иштирокдорон;
- қобилияти хуби муошират;
- малакаи кор бо воситаҳои барномавӣ-идоравии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ: ноутбук, веб-камера, принтер, шабакаҳои маҳаллӣ, флеш-хотира, барномаҳои офисӣ ва дастаи барномаҳои коркарди электронии ҳуҷҷатҳо;
- озодона суҳбат намудан бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ.
Барои иштирок дар озмун хоҳишмандон бояд маълумотномаро, ки дар шабакаи Интернет бо суроғаи https://vacancy.ntc.tj/ гузошта шудааст, бо забони тоҷикӣ пур карда, ба он нусхаи шиноснома бо ҷойи зист, нусхаи рақами мушаххаси андозсупоранда, нусхаи рақами инфиродии суғуртавӣ, нусхаи маълумотнома аз Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк“ оид ба суратҳисоби корти пластикӣ ва нусхаи билети ҳарбиро (агар дошта бошад) замима намоянд.
Номзадҳо ба воситаи озмун интихоб мешаванд.
Муҳлати ниҳоии пешниҳоди дархост барои иштирок: 21-уми январи соли 2023, то соати 17:00.