Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1755
Душанбе, 7-уми марти соли 2023
7-уми марти соли 2023 дар маҷлисгоҳи дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Модар ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.
Ҷаласаро муовини якуми директори Марказ Шодиниё А.Ш. кушода, бо табрики бонувони Марказ ба муносибати идашон, дар боби бузургдошти зан – модар, мақоми ӯ дар ҷомеа ибрози назар кард. Ӯ, аз ҷумла қайд намуд, ки бонувони тоҷик аз даврони бостон бо ақлу заковати олӣ, ҷасорату диловарӣ, наҷобату фидокорӣ дар баробари мардон шуҳратёр гардидаанд ва имрӯз низ бо ин хислатҳои ҳамидаашон дар ободию созандагии кишвари маҳбубамон саҳми зиёд доранд.
- Диданд: 2815
Душанбе, 3-юми марти соли 2023
3-юми марти соли 2023 дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур марҳилаи якуми озмуни довталабон барои дарёфти Стипендияи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дурахшандагон» баргузор гардид. Дар маросими ифтитоҳи он муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, сардори Раёсати маориф, фарҳанг ва иттилооти Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сафарзода Анвар, муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулхолиқзода Лутфия ва директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаьфарзода Сабзалӣ иштирок карданд.
- Диданд: 6097
Душанбе, 1-уми марти соли 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 1‑уми март марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) оғоз кард. Ин марҳалаи номнависӣ дар 59 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ монда мешавад.
- Диданд: 295
Имрӯзҳо мушкилоти коррупсионӣ дар соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ хусусияти умумиҷаҳонӣ пайдо кардааст. Омилҳои коррупсионӣ таҳдиди мустақим ба амнияти миллӣ буда, ба рушди институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, амалӣ намудани ҳуқуқҳои конститутсионии шаҳрвандон дар соҳаи тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, муносибатҳои моликият, илму маориф халал мерасонад. Илова бар ин, фасод аз ҳама бештар ба рушди иқтисод, низоми молӣ ва дар маҷмуъ, ба тамоми зерсохторҳои давлати азизамон, Тоҷикистон, таъсири манфӣ мерасонад. Бояд қайд намуд, ки аз ибтидои дигаргунсозиҳои иҷтимоию иктисодӣ дар мамлакати мо муқовимат бо коррупсия ҳам дар системаи ҳокимияти давлатӣ ва чи дар қисмҳои алоҳидаи он эълон карда шудааст. Мутобиқи моддаи 1 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» муқаррар гардидааст, ки коррупсия кирдор (ҳаракат ё беҳаракатӣ)-и шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамояд. Хурсандиовар аст, ки бо мақсади мубориза бар зидди ҳолатҳои коррупсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон стратегияҳо ва барномаҳои гуногун қабул карда шудааст.
- Диданд: 7946
Душанбе, 27-уми феврали соли 2023
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади осон кардани кори довталабон барои интихоби ихтисосҳо, ки рӯйхати онҳо бояд ба нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод карда шавад, барномаи “Интихоби ихтисос”-ро таҳия кард. Барномаи мазкур, ки яке аз навгониҳо дар соли ҷорӣ мебошад, дар ду гуна: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо омода гардидааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон https://play.google.com/store/apps/details?id=com.companyname.specializationselect&pli=1) аз мағозаи интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо (https://ntc.tj/images/file/IntikhobiIkhtisos.zip) аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.
Эълонҳо
Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Кабинети инфиродӣ
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |