Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

АРТИШИ МИЛЛӢ – КАФИЛИ АМНИЯТУ ОЗОДӢ

Нашр шуд: 21 Феврали 2025
Диданд: 1951

Душанбе, 21-уми феврали соли 2025

21-уми феврали соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати иди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушода, кормандони Марказро ба муносибати иди Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, иброз дошт, ки аз таъсиси Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон 32 сол гузашт ва имрӯз сокинони мамлакат дар симои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳофизи худро мебинанд ва онро сипари боэътимоди Ватан медонанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои Артиши миллии худ аст ва ҳамасола дар саросари мамлакат 23-юми феврал Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашн гирифта мешавад. Ин артиш ва ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷойе тайёр ба мо дастрас нагардидааст. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлол аст ва дар шароити бисёр вазнин таъсис ёфтааст.

18-уми декабри соли 1992 Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон» қарор ба имзо расонд ва Артиши миллӣ таъсис дода шуд. 23-юми феврали соли 1993 нахустин паради ҳарбии Артиши миллӣ баргузор гардид, ки он рӯз расман санаи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон карда шуд.

Ҳифзи Ватан яке аз вазифаҳои муқаддаси ҳар як инсон аст. Ниёгони барӯманди мо низ ин ҷузъи ҳувияти миллиро ҳамеша тарғиб мекарданд ва барои озодӣ ва ҳифзи истиқлоли давлатии хеш ҷони  худро дареғ намедоштанд. Нишонаи ҷавонмардию ҳимоягарӣ аз ниёгон ба мо мерос буда, муқаддас будани Ватанро гузаштагони мо аз хурдсолӣ ба мо омӯзонидаанд ва он дар хуни мо ҷорист. Ин рисолати муқаддасро мову шумо, ҳамчун насли бузургсол, ҳамчун омӯзгор ва корманди соҳаи маориф, ҳамчун падару модар, ҳамчун масъули соҳаи таълиму тарбия бояд ҳамеша ба ҷавонон талқин созем, – таъкид кард директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ.

Ҳамзамон таъкид намуд, ки вазифаи мову шумо ин аст, ки бо руҳияи бузурги ватандӯстӣ, софдилона уҳдадориҳои давлатию ҷамъиятии худро иҷро кунем насли наврасу ҷавонро ҳамчун ватандӯсти асил ба воя расонем ва бо шукронаи Истиқлол ва шукронаи ин хонаи обод дар рушди Ватани азизамон саҳмгузор бошем.

Сипас як қатор кормандони Марказ низ ба муносибати 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ карданд.

Зикр гардид, ки бунёду таъсиси Артиши миллӣ ва Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат ҳамагӣ баъди якуним соли ба даст овардани истиқлоли давлатӣ – дар марҳалаи хеле муташанниҷу ҳассоси таърихӣ сурат гирифт. Ин замоне буд, ки бақои давлати мустақили тоҷикон таҳти хатари ҷиддӣ қарор дошт.

Директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ ба муборакбодии ҳамкорон барояшон саломатӣ, рӯзгори босаодат, осмони соф, хушбахтии оилавӣ ва барору комёбиҳо таманно кард.

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон