Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МОДАР – САРЧАШМАИ ҲАЁТ

Нашр шуд: 07 Марти 2025
Диданд: 1052

Душанбе, 7-уми марти соли 2025

7-уми марти соли 2025 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони Марказ ба муносибати Рӯзи Модар ҷаласаи идона баргузор гардид.

Ҷаласаро директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ кушод ва бонувони  Марказро ба муносибати Рӯзи Модар муборакбод гуфта, иброз дошт, ки воқеан, занону модарон оинаи беғубор, инъикоси симои зоҳирӣ ва ботинии ҳар давлату миллатанд. Зан – Модар сатҳи хираду маърифати миллату давлатро таҷассум менамояд. Таърихи башарияти ҷаҳон бо номи Зан – Модар ҳамбастагии қавӣ дорад. Рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, иродаи қавӣ, афкори наҷибу хулқи ҳамида аз меҳру муҳаббат ва вуҷуди модар сарчашма мегирад.

Ба талошҳои шабонарӯзии модарон ва бонувони тоҷик Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо баҳои баланд дода, аз ҷумла изҳор кардаанд: “Бонувони кишварамон баробари мардон номуси ватандориро ба дӯши худ гирифта, дар соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа ва давлат ғайратмандона фаъолият доранд ва бо ташаббусҳои созандаи худ Тоҷикистони маҳбубамонро боз ҳам ободу зебо гардонида истодаанд. Занону модарони мо бо дастони пурмеҳри худ ниҳоли ишқу муҳаббат, меҳру садоқат, саховату асолат ва илму маърифатро парвариш мекунанд ва қалби поки онҳо ҳамеша барои орому осуда ва пояндаву устувор нигоҳ доштани оила, ҷомеа ва давлат метапад”.

Модар бузургтарин офаридаи Худои Раҳмон, азизтарин мавҷуд барои инсон, неъмати ноёб баҳри одамиён, бахшандаи ҳаёт ба ҳамагон ва фарзандонро нирӯи дилу ҷон ва муҳаббати бекарон аст. Аз бузургии меҳру сахои ӯ ба фарзанд, ба ҷуз худи ӯ, дигар ҳар касе дар замину осмон, дар ҷаҳони ҷовидон аз тасаввураш оҷиз аст ва ин розест ниҳон барои дигарон. Гармию нур, хушию сурур ва тавону зӯр барои фарзанди инсон – ҳама аз ин муъҷизаи Илоҳӣ, аз Модар аст.

Модар на танҳо тарбиятгари фарзанди хеш, балки ҳидоятгару камолбахши халқу миллат аст, тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фармудаанд: «Бузургии зан – модар пеш, аз ҳама, дар он таҷассум меёбад, ки ӯ чароғи хонадон, идомадиҳандаи насл, тарбиякунанда ва бакамолрасонандаи фарзанд, инчунин нигоҳдорандаи забон, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад».

Таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақом ва манзалати зан дар ҷомеа, тавсеаи нақши он дар ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодию иҷтимоӣ ва фарҳангию маънавӣ торафт бештар ба назар мерасад. Имрӯз занон дар қатори мардон дар тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ сарбаландона фаъолият бурда, дар пешрафти ҷомеаи навини мо ва барои шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол беш аз пеш саҳмгузорӣ мекунанд.

Дар идомаи ҷаласаи идона як қатор кормандон низ бонувонро ба муносибати ҷашнашон табрик гуфта, дар боби бузургии зан – модар ва мақоми зан – модар дар ҷомеа суханронӣ карданд.

Дар охири ҷаласа бонувони Марказ ба муносибати Рӯзи Модар бо туҳфаҳои идона қадрдонӣ карда шуданд.

 

 

 

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹Май 2025›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон