Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

СЕМИНАРИ ОМӮЗИШӢ БАРОИ ТРЕНЕРОНИ МАЪМУРОНИ ОЗМОИШИ МАҲАЛЛИИ АРЗЁБИИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ PIRLS 2026

Нашр шуд: 17 Марти 2025
Диданд: 920

Душанбе, 17-уми марти соли 2025

17-уми  марти соли 2025 дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе семинари омӯзишӣ барои тренерони маъмурони озмоиши маҳаллии арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 оғоз гардид.

Дар семинари мазкур муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам, муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, муовини директори Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Назарализода Дилафрӯз Муҳамадалӣ, намояндагони сохтору муассисаҳои соҳаи маорифи шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва дигар масъулин иштирок намуданд.

Дар оғоз муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Каримзода Равшан Азам дар бораи ҳадафи асосии иштироки хонандагони синфи 4-уми Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Таҳқиқоти байналмилалии пешрафти саводи хондан Progress in International Reading Literacy Study (PIRLS) 2026  суханронӣ намуда, қайд кард, ки мақсади асосии иштироки  хонандагон дар ин азрёбии байналмилалӣ пеш аз ҳама баланд бардоштани сатҳи саводи хонандагон ва ташвиқ намудани онҳо ба хониши ҳадафмандонаву бошуурона ва пурсамар мебошад.

Сипас муовини якуми директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  Шодиниё Абдулбосит Шодӣ дар бораи аҳаммияти баргузории озмоиши мазкур суханронӣ карда, аз иштирокдорони семинар ва масъулин даъват намуд, ки барои гузаронидани озмоиш омода бошанд ва барои босифат анҷом додани корҳо дар ин самт талош намоянд.

Бояд қайд кард, ки семинари мазкур 3 рӯз  (17-ум, 18-ум  ва 19-уми марти соли 2025) идома карда, дар он масъалаҳои вобаста ба ташкилу баргузории арзёбии байналмилалии PIRLS 2026 ва озмоиши маҳаллии он, асосҳои методологӣ, намудҳои матнҳо ва саволҳо, малакаҳои хониш ва меъёри холгузорӣ ба саволҳо, малакаҳои заминавии кор бо компютер барои хонандагон, барномаи намунавии арзёбии PIRLS 2026, вазифа ва уҳдадориҳои кормандони муваққатии озмоиши маҳаллӣ, ҳамкории мактаб ва волидайн дар раванди пурсиши волидайн ва кормандони мактаб, тартиби истифодаи таҷҳизоти техникӣ дар PIRLS 2026 ва масъалаҳои дигари марбут ба он баррасӣ карда мешаванд.

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон