Душанбе, 3-юми марти соли 2025
3-юми март давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) оғоз шуд. Тибқи тартиби муқарраргардида Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) давраи якуми бақайдгирии (номнависии) довталабонро барои иштирок дар ИМД дар нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобшудаи ҷумҳурӣ ба роҳ мемонад.
Соли ҷорӣ давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД дар 60 шаҳру ноҳияи кишвар ба роҳ монда мешавад, ки дар 43-тои онҳо 47 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ва дар 17-тои дигари онҳо нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода хоҳад шуд. Рӯйхати муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои мақомоти маҳаллии идоракунии маориф, ки дар заминаи онҳо барои довталабон нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудааст, фаъолият мекунанд, бо нишонии нуқтаҳо дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Барои ба роҳ мондани фаъолияти нуқтаҳои доимӣ ва сайёри бақайдгирӣ дар ҷумҳурӣ Марказ дар асоси озмун 245 корманди муваққатиро аз рӯйи вазифаҳои роҳбар, ёвари роҳбар ва бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ ба кор ҷалб кардааст, ки ҳамаи онҳо аз омӯзиши махсус гузаштаанд.
Иштироки довталабон дар ИМД ихтиёрист, аммо набояд фаромӯш кард, ки таҳсилоти миёна ва олии касбӣ, ки метавонад барои соҳибмаълумот шуда, ҷойи кори мувофиқ ёфтан заминаи асосиро фароҳам орад, дар замони муосир хеле муҳим ва зарур ба ҳисоб меравад. Шахси соҳибмаълумот дар ҷомеа мақому мартабаи муносиб пайдо намуда, дар пешрафту ободии ватани азизи хеш – Тоҷикистон саҳми муносиб мегузорад.
Онҳое, ки хоҳиши иштирокро дар ИМД 2025 доранд, тибқи тартиби муқарраргардида бояд бо ҳуҷҷатҳои зарурӣ дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, худро номнавис кунанд. Бақайдгирии довталабон бо ҳузури ҳатмии онҳо сурат мегирад ва шахси дигар ба ҷойи касе ба қайд гирифта намешавад. Марказ, ҳамчунин барои осон намудани бақайдгирии довталабон ва сарфаи вақти онҳою кормандони нуқтаҳои бақайдгирӣ хизматрасонии “Пешномнависӣ”-ро дар сомонаи худ ба роҳ мондааст, ки довталабон тавассути он метавонанд худро пешакӣ номнавис карда, баъдан барои расмӣ намудани он дар яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ ҳозир шаванд.
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон то 30-юми апрели соли ҷорӣ идома меёбад. Тибқи нақшаи Марказ имсол даври якум (асосӣ)-и ИМД дар марказҳои имтиҳонии 20 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур, Рашт, Хуҷанд, Истаравшан, Исфара, Конибодом, Панҷакент, Бобоҷон Ғафуров, Бохтар, Кӯлоб, Восеъ, Данғара, Ёвон, Кӯшониён, Ҷалолиддини Балхӣ, Шаҳритус, Хоруғ) баргузор карда мешавад. Довталаб, новобаста аз ҷойи истиқомат ва макони бақайдгириаш, яке аз шаҳру ноҳияҳоро барои имтиҳонсупориаш интихоб карда метавонад.
Марказ бо мақсади осонии кори довталабон дар интихоби ихтисосҳо барномаи “Интихоби ихтисос”-ро низ таҳия ва дар сомонаи худ ҷойгир намудааст. Барномаи “Интихоби ихтисос” дар ду шакл: (1) мобилӣ – барои истифода дар телефонҳои ҳушманд (смартфон) ва (2) компютерӣ – барои истифода дар компютерҳо пешниҳод карда шудааст. Барномаро барои истифода дар телефонҳои ҳушманд аз маҳзани интернетии Google Play ва барои истифода дар компютерҳо аз сомонаи Марказ боргирӣ кардан мумкин аст.
Хотиррасон мекунем, ки довталабон дар интихоби ихтисосҳо озод буда, чун солҳои гузашта то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро танҳо аз як гурӯҳи ихтисосҳо интихоб карда метавонанд. Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупорӣ, инчунин макони фиристодани даъватномаро ихтиёран муайян мекунад. Довталабоне, ки ихтисосҳоро аз гурӯҳҳои ихтисосҳои 2-юм (иқтисод ва география), 3-юм (филология, педагогика ва санъат) ва 4-ум (ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ) интихоб мекунанд, барои имтиҳон аз забони хориҷӣ яке аз забонҳои хориҷӣ – англисӣ, немисӣ, франсавӣ ё арабиро интихоб карда метавонанд.
Падару модаронро зарур аст, ки аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд.
Таъкид менамоем, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну наздикони дигари онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд, то ки ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯй шудан довталабон бояд танҳо бо такя ба дониш ва маҳорату малакаи худ вақту муҳлатро то оғози имтиҳонҳо боқимонда ва шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ барои азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД, аз ҷумла истифодаи маҷмуаи намунаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонӣ, ки Марказ таҳия ва нашр кардааст, ҳамчунин хизматрасонии “Худро бисанҷ” ёрирасон хоҳад буд.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД 2025 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ 370 сомонӣ ва барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) 320 сомонӣ муқаррар гардидааст. Маблағи барои азнавбақайдгирӣ дар давраи асосӣ пардохтшаванда 30 сомонӣ аст.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои якчанд гурӯҳи довталабон дар пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД имтиёзҳо муқаррар карда шудааст. Бо рӯйхати шахсони мазкур ва имтиёзҳои барои онҳо муқарраршуда дар нуқтаи бақайдгирӣ ё аз сомонаи Марказ метавон шинос шуд.
Довталабоне, ки мехоҳанд худро барои иштирок дар ИМД ба қайд гиранд, бояд маблағи хизматрасониро барои иштирок дар ИМД тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл”, инчунин тавассути филиалҳо ва марказҳои хизматрасонии Ҷамъияти саҳомии кушодаи “Бонки Эсхата”, ё тавассути барномаи мобилии “Эсхата онлайн” пардохта, рақами расиди пардохтро ҳангоми бақайдгирӣ пешниҳод кунанд.
Маълумоти пурраро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.