Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 4392
Душанбе, 17-уми сентябри соли 2023
17-уми сентябри соли 2023 даври сеюми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) дар соли 2023 оғоз гардид. Дар имтиҳонҳои ин давр довталабоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирӣ (аз 4‑ум то 13‑уми сентябри соли 2023) барои иштирок дар ИМД номнавис шудаанд, иштирок мекунанд.
- Диданд: 2530
Душанбе, 8-уми сентябри соли 2023
8-уми сентябри соли 2023 дар дафтари Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор шуд, ки ба Рӯзи истиқлоли давлатӣ бахшида шуда буд.
- Диданд: 1897
Ҳамватанони азиз!
Ватандор будан, соҳиби давлати озоду худмухтор будан барои ҳар халқу миллате иқболи бузург аст. Халқи шарифи тоҷик ва умуман, мардуми сарбаланди шарафманди Тоҷикистон аз ин неъмату аз ин иқбол бархурдор аст.
Миллати озодаю хирадҷавҳару соҳибшони мо кунун 32 сол аст, ки ком аз самари шаҳдрези ниҳоли истиқлол ширин месозад. 32 сол муқаддам – 9-уми сентябри соли 1991 санади сарнавиштсози миллату давлат – Эъломияи истиқлолияти давлатии кишвари азизамон пазируфта шуд ва оғози эъмори ҷомеаи навини озоду дунявию демократӣ гардид. Сарфи назар аз он, ки ин фосилаи таърихӣ тӯлонӣ нест, дар ин муддат мамлакату давлати мо – тоҷикон дастовардҳои моддию маънавии пурарзишу шоёну назаррасро доро шуд.
- Диданд: 2484
Душанбе, 7-уми сентябри соли 2023
Ба таваҷҷуҳи шахсоне, ки дар давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2023 (ИМД-2023) худро номнавис кардан мехоҳанд, мерасонем, ки дар шаҳри Душанбе боз як нуқтаи бақайдгирии дигар фаъол гардид. Нуқтаи мазкур дар заминаи муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 80-и ноҳияи Сино (нишонӣ: ноҳияи Сино, кӯчаи Раҳмон Набиев, 234; нуқтаи роҳнамо (ориентир): муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии клиникии бемориҳои чашм” (глазной)) ташкил карда шудааст. Вобаста ба ин, шахсони хоҳишманди номнависӣ метавонанд ба ин нуқтаи бақайдгирӣ низ муроҷиат кунанд.
- Диданд: 2119
Душанбе, 5-уми сентябри соли 2023
4-уми сентябри соли 2023 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (Марказ) бо иштироки кормандон ҷаласа баргузор гашт, ки ба супурдани мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як нафар корманди Марказ ихтисос дода шуда буд. Дар он сармутахассиси таҳриру тарҳрезии корҳои табъу нашр (сармуҳаррир)-и Марказ Фазлиддинзода Абдулбосит Фазлиддин бо мукофоти давлатӣ – медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ карда шуд.
Эълонҳо
Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Кабинети инфиродӣ
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |