Душанбе, 6-уми сентябри соли 2025
6-уми сентябри соли 2025 дар толори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд.
Дар он директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ, мудири шуъбаи таблиғот ва иттилооти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Гадоев Абдурасул ва кормандони Марказ иштирок намуданд.
Ҷаласа бо садо додани Суруди миллӣ ва суханони табрикотии директори Марказ Ҷаъфарзода Сабзалӣ Файзалӣ оғоз шуд. Ҷаъфарзода С. Ф. дар бораи аҳаммияти Истиқлоли давлатӣ ва саҳму талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ба даст овардани он андешаронӣ карда, кормандони Марказро ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳният гуфт.
Директори Марказ Ҷаъфарзода С. Ф. қайд кард, ки дар давоми 34 соли Истиқлоли давлатӣ, бо вуҷуди бисёр мушкилоту монеаҳо, таҳти сарварӣ ва сиёсати дурандешонаи Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта, корҳои азими бунёдкориву созандагӣ шуруъ шуд, таъмини истиқлоли энергетикӣ, аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳо намудани мамлакат ва ҳифзи амнияти озуқавории он ба самтҳои стратегии сиёсати давлат табдил гардид ва таҳкими суботи иқтисодиву иҷтимоӣ дар шароити афзалияти муносибатҳои нави иқтисодӣ, ислоҳоти амиқ дар самти саноатикунонии босуръати кишвар пайгирона амалӣ шуда истодааст.
Бо ифтихор аз дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ шаҳрвандони мамлакат итминон доранд, ки рушди босуботи иқтисоди кишвар, сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ, фазои мусоиди сармоягузориву соҳибкорӣ, тақвияти нерӯи инсонӣ, ҳамкориҳои байналмилалӣ ва иқтисоди рақамӣ дар ҷумҳурӣ боз ҳам рушд намуда, бо сиёсати пешгирифтаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Ҳукумати кишвар Тоҷикистон дар қатори яке аз давлатҳои пешрафта қарор хоҳад гирифт.
Дар ин давраи пуршарафи таърихӣ Маркази миллии тестӣ низ дар самти таъмини адолат, шаффофият ва дигар принсипҳои фаъолияташ саҳми арзандаашро дар соҳаи маориф ва илм ва баҳри ояндаи дурахшони насли ҷавон ва рушди устувори кишвари азизамон мегузорад. Мо дар ин ҷода, бо дарки масъулияти баланди худ, пайваста кӯшиш менамоем, ки низоми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавиро мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ ва талаботи замон такмилу таҷдид созем, – таъкид кард Ҷаъфарзода С. Ф.
Дар идомаи ҷаласа сардори раёсати таҳияи маводди имтиҳони Марказ Азимов Ҷамшед Аслиддинзода суханронӣ намуда, аз ҷумла қайд кард, ки агар набарду муборизаҳои оштинопазир баҳри пуштибонии истиқлолу давлатдории аҷдодӣ бо сарварии фарзандони фидоии миллат сурат гирифта бошанд, талошҳои маънавию худшиносӣ барои пойдории истиқлоли фарҳангӣ ва бақои умри миллат ба шарофати сулолаи номдори Сомониён аз ҷониби Рӯдакию Фирдавсӣ, Ибни Синою Абурайҳони Берунӣ, Носири Хусраву Камоли Хуҷандӣ, Наршахию Дақиқӣ ва Низомулмулку Балъамӣ пушт ба пушт идома ёфтааст.
Дар анҷоми ҷаласа ғолибони мусобиқаи варзишӣ дар футболи хурд ва тенниси рӯйи миз аз кормандони Марказ, ки ба муносибати ҷашни 34-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни кормандони раёсату шуъба ва бахшҳои Марказ гузаронида шуда буд, бо ҷоизаву мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ қадр карда шуданд.