Душанбе, 6-уми сентябри соли 2025
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мерасонад, ки барои давраи сеюми бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 95, ки дар маҳаллаи Зарафшон 1-и ноҳияи Синои шаҳри Душанбе воқеъ аст, нуқтаи доимии бақайдгирӣ фаъол карда шуд.
Дар ин нуқтаи бақайдгирӣ аз 6-ум то 13-уми сентябри соли 2025 довталабон аз ин ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои номнависӣ қабул карда мешаванд.
Довталабон барои гирифтани маълумот дар бораи тартиби номнависӣ ва нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ метавонанд тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахсони масъули Марказ дар тамос шаванд.