Душанбе, 4-уми сентябри соли 2025
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таваҷҷуҳи шахсони хоҳишманди дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2025 мерасонад, ки барои давраи сеюми бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) дар шаҳри Роғун ва ноҳияҳои Ҳамадонӣ ва Ёвон нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ ба фаъолият оғоз карданд.
Нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ дар ин шаҳру ноҳияҳо аз 4-ум то 6-уми сентябри соли 2025 довталабонро аз ин ва дигар шаҳру ноҳияҳо барои номнависӣ қабул мекунанд.
Довталабон барои гирифтани маълумот дар бораи тартиби номнависӣ ва нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ метавонанд тавассути телефон (рақамҳо: 224 53 68 ва 224 53 73) бо шахсони масъули Марказ дар тамос шаванд.