Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 1380
Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” барои роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (МТМУ)-и шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ “Тавсияҳои методӣ оид ба интихоби касб” таҳия намуд.
Мақсади таҳияи дастури мазкур ташкили касбинтихобкунии хонандагон бо дарназардошти қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон тариқи низоми имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) мебошад.
Дар дастур мафҳуми касб ва ихтисос, тарзи интихоби касб, пешниҳодот оид ба беҳдошти корҳои касбинтихобкунӣ, интихоби ихтисос аз низоми ИМД, матрисаи интихоби касб ва ғайра дарҷ гардидааст.
Бо истифода аз дастур хатмкунанда имконият дорад, ки аз матрисаи интихоби касб истифода барад.
Маркази миллии тестӣ тасмим гирифтааст, ки дастури мазкурро бо теъдоди 5000 нусха нашр намуда, ба МТМУ тақсим намояд.
Шакли электронии дастур дар сомонаи Маркази миллии тестӣ (www.ntc.tj) ҷой дода шудааст.
- Диданд: 932
16 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маориф бо иштироки муовинони вазир, сардорони раёсат, мудирони шуъба ва бахшҳои дастгоҳи вазорат, роҳбарони муассиса ва ташкилотҳои тобеи вазорат муаррифии сомонаи расмии Муассисаи давлатии “Маркази миллии тестӣ” (ММТ) доир гардид.
Сардори шуъбаи технологияи иттилоотию коммуникатсионии ММТ Назаров Р.С. суханронӣ намуда, оид ба бахшҳо ва зербахшҳои сомона, ҷойгир намудани иттилоот ва истифодабарии сомона қайд намуд.
- Диданд: 890
Бо ташаббуси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон 12 сентябри соли ҷорӣ дар толори маҷлисгоҳи вазорат бо иштироки муовинони вазири маориф, сардорон ва мутахассисони раёсатҳои кадрҳо ва корҳои махсус, таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломӣ ва дигар шуъбаҳою бахшҳо муаррифии низоми нави “Имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (МТОК)-и Ҷумҳурии Тоҷикистон” доир гардид.
- Диданд: 823
Марҳилаҳои низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
1. Корҳои фаҳмондадиҳӣ, иттилоотӣ ва ташвиқотию таблиғотӣ дар байни ҷомеа (доимӣ)
2. Муайян намудани тахассусҳо ва ҷойҳои ҷудошуда дар МТОК-и ҷумҳурӣ ва тасдиқи нақшаи қабул (то 01 ноябри соли 2013)
3. Таҳияи дастур барои довталабон (то 01 феврали соли 2014)
4. Бақайдгирии довталабон (аз 1 март то 15 апрели соли 2014)
5. Ирсоли даъватномаҳо ба довталабон (то 31 майи соли 2014)
6. Таҳияи вариантҳои ниҳоии тестҳо ва чоп, бастабандӣ ва дастрасгардонии маводи имтиҳонӣ то марказҳои имтиҳонӣ (то 30 июни соли 2014)
7. Гузаронидани имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорат (то 30 июни соли 2014)
8. Баргузории имтиҳонҳо (аз 1 то 10 июли соли 2014)
9. Баргузории имтиҳонҳои такрорӣ барои довталабоне, ки бо сабабҳои узрнок дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанд (15 – 17 июли соли 2014)
10. Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо (01 августи соли 2014)
11. Оғози кори Комиссияи апеллятсионӣ (аз 2 то 9 августи соли 2014)
12. Тақсимоти донишҷӯён ба МТОК-и ҷумҳурӣ (то 10 августи соли 2014)
13. Пешниҳоди рӯйхат ба МТОК-и ҷумҳурӣ (то 15 августи соли 2014)
14. Анҷоми тақсимот ба МТОК (01 сентябри соли 2014)
- Диданд: 945
Дар толори маҷлисгоҳи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки муовинони вазири маориф, сардорони раёсатҳо ва мудирони шуъбаҳои дастгоҳи марказии вазорат, роҳбарони муассиса ва ташкилотҳои зертобеи вазорат, ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар шаҳри Душанбе, директорони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ, сардори раёсат ва мудирони шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳои Душанбе ва кормандони Муассисаи давлатии «Маркази миллии тестӣ» (ММТ) муаррифии натиҷаҳои Озмоиши калони низоми нави имтиҳонҳои марказонидашудаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ доир гардид.
Эълонҳо
Хизматрасонии "Худро бисанҷ"
Кабинети инфиродӣ
Мақолаҳо
Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |