Душанбе, 12-уми июли соли 2017
Ба иттилои довталабоне, ки дар давр(ҳо)-и асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ бо сабабҳои узрнок иштирок карда натавониста, хоҳиши дар даври иловагӣ супоридани имтиҳонҳоро доранд, мерасонем, ки чунин хоҳишмандон барои иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ бояд ариза пешниҳод намоянд. Шакли аризаро довталаб метавонад аз Маркази миллии тестӣ ё бахши минтақавӣ ё сомонаи он дастрас намояд. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб дода шуда, сабаби дар имтиҳонҳо иштирок карда натавонистани ӯ мушаххас баён гардад. Дар бораи сабаби ҳолатҳои узрнок, аз ҷумла беморӣ, фавти наздикони оила, садамаи нақлиётӣ ва ғайра ҳуҷҷати тасдиқкунанда низ бояд ба ариза замима карда шавад. Пас аз пур кардани шакли ариза довталаб онро ба Маркази миллии тестӣ пешниҳод менамояд. Аризаи пуркардаро метавон ба почтаи электронии Марказ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) низ ирсол намуд.
Имтиҳонҳои иловагии қисми А (имтиҳони умумӣ) рӯзи 18‑уми июл ва қисми Б (имтиҳони ихтисос) рӯзи 19‑уми июл танҳо дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе баргузор мегарданд.
Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур то 15‑уми июл муқаррар гардидааст. Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод кардаанд, тавсия медиҳем, ки шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои 224 53 67, 224 53 68, 224 53 73 барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.
Ёдрас менамоем, ки онҳое, ки дар даври асосии бақайдгирӣ ё бақайдгирии иловагӣ сабти ном накардаанд, ҳуқуқи иштирок карданро дар имтиҳонҳои иловагӣ надоранд.