Душанбе, 1-уми июли соли 2017
Имрӯз барои довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум имтиҳони қисми А оғоз шуд. Дар ин имтиҳон иштироки зиёда аз 14 ҳазор довталаби азқайдгузашта дар назар аст. Дар соли 2017 теъдоди умумии довталабони азқайдгузашта зиёда аз 97 000 довталабро ташкил кардааст.
Имтиҳонҳои даври асосӣ аз 1-ум то 15-уми июли соли ҷорӣ дар 47 маркази имтиҳоние, ки аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудаст, дар 14 шаҳру ноҳияи интихобӣ баргузор мегарданд. Рӯйхати нишонии марказҳои имтиҳонӣ дар сомонаи расмии Маркази милии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта шудааст.
Довталабон аз натиҷаи холҳои бадастовардаашон тибқи нақша 25-уми июл огоҳонида мешаванд.