Душанбе, 2-юми июли соли 2024
Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври якум (асосӣ)-и имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда натавонистаанду хоҳиши супоридани онро дар даври дуюм доранд, расонида мешавад, ки муҳлати пешниҳоди ариза оид ба ин масъала то 9‑уми июл муқаррар гардидааст.
Тибқи Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29-уми апрели соли 2023, № 188 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври якуми имтиҳон – қисми А ё қисми Б иштирок карда натавониста, хоҳиши иштирокро дар даври дуюми имтиҳон дорад, бояд маблағи иловагии ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраркардаи Марказро пардохт карда, ба Марказ дар муҳлати муқарраркардаи он ариза пешниҳод намояд.
Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2024 барои довталабонви дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б иштироккунанда чунин муқаррар карда шудааст:
№ р/т |
Гурӯҳи довталабон |
Маблағ |
1 |
Шахсони беимтиёз |
80,00 |
2 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модарашон дар қайди ҳаёт (солим) мебошанд |
40,00 |
3 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
40,00 |
4 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
40,00 |
5 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳо* доранд |
40,00 |
6 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон вафот кардаанд |
-** |
7 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* вафот кардааст |
-** |
8 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД ба синни 22 нарасида, ки бо сабабҳои маҳдуд ё маҳрум карда шудани падару модар, падар ё модари танҳояшон аз ҳуқуқи падарумодарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падару модар, ғайри қобили амал дониста шудани онҳо, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падару модар, саркашӣ кардани падару модар аз тарбияи кӯдак ё ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои ӯ, аз ҷумла ҳангоми рад кардани гирифтани кӯдаки худ аз муассисаҳои таълимӣ-тарбиявӣ ва ё табобатӣ бе падару модар мондаанд |
-** |
9 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модарашон вафот кардааст |
-** |
10 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳо* доранд |
-** |
11 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падару модари маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
12 |
Кӯдакони маъюб ва маъюбони гурӯҳҳои I ва II, ки падар ё модари танҳои* маъюби гурӯҳи I ё II доранд |
-** |
13 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падару модарашон маъюби гурӯҳи I ё II мебошанд |
-** |
14 |
Шахсони дар вақти бақайдгирӣ барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба синни 22 нарасида, ки падар ё модари танҳояшон* маъюби гурӯҳи I ё II мебошад |
-** |
Эзоҳ:
* падар ё модари танҳо шахсест, ки бинобар маҳдуд ё маҳрум карда шудани падар ё модар аз ҳуқуқи падарӣ ё модарӣ, бедарак ғоиб эътироф ё фавтида эълон гардидани падар ё модар, ғайри қобили амал дониста шудани падар ё модар, барои адои ҷазо дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доштани падар ё модар, муқаррар карда нашудани падарӣ танҳо мондааст;
** ин гурӯҳи довталабон аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд.
Таваҷҷуҳ! Агар вобаста ба мансуб будани довталаб ба ин ё он гурӯҳи шахсони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта шубҳа ҷой дошта бошад, барои маълум кардани ин масъала довталаб бо ҳуҷҷатҳои дахлдор ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии наздиктарин ё тавассути телефони 224 53 68 ба Марказ муроҷиат кунад.
Хотиррасон мекунем, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисмҳои А ва Б барои довталабони ҳамаи гурӯҳҳои ихтисосҳо рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии шаҳрҳои Душанбе, Хоруғ, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар ва Кӯлоб баргузор мегардад. Вобаста ба ин, ҳангоми навиштани ариза довталаб бояд яке аз ин шаҳрҳоро ҳамчун макони супоридани имтиҳон қайд кунад.
Маблағи хизматрасонӣ барои иштироки довталаб дар даври иловагии ИМД бояд пешакӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумурӣ ё тавассути барномаи мобилии “Амонатмобайл” (то 9-уми июл) пардохт карда шавад.
Варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1-ум то 8-уми июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб, аз ҷумла насаб, ном ва номи падар дар шакли пурра тибқи шиноснома ва ҷойи истиқомат, инчунин рақами расиди бонкӣ дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаи довталаб илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (то 9-уми июл, аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (то 8-уми июл аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Ҳарчанд дар ариза қайд кардани рақами расиди бонкӣ кофист, лекин довталаб метавонад ба ариза расиди бонкӣ ё нусхаи онро замима кунад.
Таъкид мекунем, ки бинобар ба раванди имтиҳонҳо ҷалб гардидани кормандони бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестӣ дар шаҳру ноҳияҳо қабули аризаҳо дар бахшҳои мазкур то 8-уми июл (аз соати 14:30 то соати 17:00) ва дар худи Марказ то 9-уми июл (аз соати 08:00 то соати 17:00) роҳ монда мешавад.
Довталабон метавонанд аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ низ ба Марказ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) пешниҳод намоянд. Дар ин сурат довталаб бояд варақаи аризаро аз сомонаи Марказ чоп ва онро тибқи талаботи дар боло зикргардида пур кунад, баъдан аризаи пуркадаашро тавассути намогир (сканер) намобардорӣ карда, ба Марказ фиристад.
Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар даври иловагии имтиҳонҳо ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.
Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он
Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192
Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68
Сомона: www.ntc.tj
Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.
Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67;
- Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.;
Хоруғ: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:
- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12.
Рашт: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79.
Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5.
Панҷакент: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:
- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105.
Бохтар: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:
- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Аминҷон Расулов, 35.
Кӯлоб: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26.
Данғара: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32.