Тел: (+99237) 224-53-66, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД-2021
- Ба довталаб
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 104
Муроҷиатномаи махсуси Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ба довталабон ва алоқамандони дигари имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021
Барои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон анъана шудааст, ки ҳамасола дар оғози марҳалаи асосии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) ба ҳамаи хоҳишмандони иштирок дар ин имтиҳонҳо ва алоқамандони дигари ИМД муроҷиати хос кунад. Муроҷиати Марказ, пеш аз ҳама, бо мақсади огаҳ кардани мардум дар масъалаҳои ИМД барои фирефтаи ашхоси қаллоб нашуданашон ва пешгирӣ аз ҳама гуна амалҳои номатлуби марбут ба ин имтиҳонҳо, таъкиди довталабон барои дуруст амал кардан дар марҳалаи номнависӣ ва имтиҳоноти мавриди назар аст.
- Диданд: 262
Душанбе, 25-уми феврали соли 2021
Ба диққати шахсони хоҳишманди иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2021 мерасонем, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ барои соли таҳсили 2021-2022 тағйирот ворид гардид. Вобаста ба тағйироти баамаломада баъзе аз ихтисосҳо аз феҳристҳо хориҷ гардида, маблағи шартномаи таҳсил дар баъзе аз муассисаҳои таълимӣ кам ё зиёд шуд.
- Диданд: 322
Душанбе, 16‐уми феврали соли 2021
Санаи 15-уми феврали соли ҷорӣ дар бинои бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд семинари омӯзишӣ барои кормандони муваққатии нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд оғоз гардид.
- Диданд: 536
Душанбе, 15‐уми феврали соли 2021
Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4-уми феврали соли 2021, № 167 рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон дар соли 2021 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, тасдиқ гардид.
- Диданд: 548
Душанбе, 12‐уми феврали соли 2021
Дар толори компютерии Маркази технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе нуқтаи истифода аз хизматрасонии "Худро бисанҷ" таъсис дода шуд.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир
Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |