Тел: (+99237) 224-53-66, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Ҳуҷҷатҳои меъёрию ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД-2021
- Ба довталаб
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
- Диданд: 133
Душанбе, 16-уми декабри соли 2020
Аз 15-ум то 17-уми декабри соли ҷорӣ дар 22 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон барои 5464 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
- Диданд: 136
Душанбе, 8-уми декабри соли 2020
Аз 8-ум то 10-уми декабри соли ҷорӣ дар 21 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ (аз ҷумла, дар 3 шаҳру ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияи Рашт ва 17 шаҳру ноҳияи вилояти Суғд) барои 5255 нафар хатмкунандаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ аз тарафи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиҳонҳои озмоишӣ ташкил ва гузаронида мешавад.
- Диданд: 52
Душанбе, 25-уми ноябри соли 2020
24-уми ноябри соли 2020 ба муносибати Рӯзи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷлисгоҳи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони ин муассиса ҷаласа баргузор гардид.
- Диданд: 68
РӮЗЕ, КИ 2 ИДИ ҚУДСИРО ФАРОГИР АСТ
Душанбе, 17-уми ноябри соли 2020
16-уми ноябри соли 2020 дар толори мактаби миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ ба муносибати Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаласа баргузор гардид. Ҷаласаро директори Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Икромӣ Х. И. ифтитоҳ карда, аҳли нишастро дар ин робита хушомадед ва табрик гуфт.
- Диданд: 85
Душанбе, 16-уми ноябри соли 2020
Имрӯз, 16-уми ноябри соли 2020, дар доираи Нақшаи чорабиниҳои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иҷрои вазифаҳое, ки дар паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 26‑уми декабри соли 2019 «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гуфта шудаанд, бо мақсади ташвиқу тарғиби хонандагон ба донишандӯзӣ маросими туҳфасупорӣ ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 баргузор гардид. Дар маросими мазкур, ки дар толори муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 6-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ба ду даҳгонаи довталабони беҳтарине, ки дар ИМД-и солҳои 2018 ва 2019 аз ҳамаи субтестҳои супоридаашон натиҷаҳои баландро соҳиб шудаанд, туҳфаҳои хотиравӣ, аз ҷумла Сипосномаи Марказ, маҷаллаи илмию методии “Довталаб”, “Ёддоштҳо”-и Садриддин Айнӣ ва планшетҳо тақдим карда шуд. Лозим ба зикр аст, ки яке аз мақолаҳои маҷаллаи илмию методии “Довталаб” ба даҳгонаи довталабони беҳтарин дар ИМД-2018 бахшида, дар он дар бораи ҳар яке аз ин довталабон маълумоти мухтасар дода шудааст.
Эълонҳо
Мақолаҳо
Докторантура аз рӯйи ихтисос ҳамчун шакли муосири омодасозии кадрҳои илмию педагогии рақобатпазир
Дар партави татбиқи амалии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар...
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |