Душанбе, 2-юми марти соли 2020
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи 2‑юми марти соли 2020 марҳалаи асосии бақайдгирии довталабонро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ дар соли 2020 (ИМД-2020) оғоз кард.
Барои аз қайд гузаштани хоҳишмандон дар 33 шаҳру ноҳияи интихобшудаи ҷумҳурӣ 38 нуқтаи доимии бақайдгирӣ ташкил карда шуд. Дар 26 шаҳру ноҳияи дигар нуқтаҳои сайёри бақайдгирӣ таъсис дода мешавад. Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбӣ, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда мешаванд, бо фармоиши Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми феврали соли 2020, № 611 тасдиқ гардидааст. Ин рӯйхат дар асоси таҳлили шумораи умумии хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ дар соли 2020 вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии хоҳишмандон ба бақайдгирӣ таҳия гардидааст.
Хоҳишмандон метавонанд дар ҳар кадоме аз нуқтаҳои бақайдгирии шаҳру ноҳияҳои интихобгардидаи ҷумҳурӣ, ки дар ин рӯйхат мавҷуданд, худро барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ дар соли 2020 сабти ном намоянд. Мувофиқи тартиби муқарраргардида бақайдгирӣ бо ҳузури ҳатмии шахсан довталаб сурат мегирад.
Марҳалаи асосии бақайдгирӣ то 15-уми апрел идома ёфта, дар ин муҳлат хоҳишмандоне, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои иштирок дар ИМД ҳуқуқ доранд, новобаста аз ин, ки кадом муассиса(ҳо)-и таълимии таҳсилоти миёна ё олии касбиро интихоб кардан мехоҳанд, метавонанд ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ ҳозир шуда, бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ аз қайд гузаранд.
Довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ то 12 комбинатсияи ихтисоси ба худ писандро дар доираи нақшаи қабули донишҷӯён бо дарназардошти муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи ҳамаи шаклҳо (рӯзона, шабона, ғоибона, фосилавӣ) ва намудҳои таҳсил (ройгон, пулакӣ) интихоб карда метавонанд. Довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум) ҳам намуди таҳсили ройгон ва ҳам пулакӣ ва аз рӯйи шакли таҳсил танҳо рӯзонаашро интихоб карда метавонанд.
Довталаб дар вақти бақайдгирӣ яке аз забонҳо (русӣ ва тоҷикӣ) ва маконҳои имтиҳонсупориро ихтиёран муайян мекунад.
Хотиррасон мекунем, ки ҳангоми бақайдгирӣ дар интихоби ихтисосҳое, ки таълими онҳо дар муассисаи таълимӣ ба якчанд забон аст, довталаб забони таҳсилро мушаххас интихоб карда наметавонад. Дар "Нақшаи қабули с.т. 2020-2021 (ҷадвали ихтисосҳо)" ва "Феҳристи комбинатсияи ихтисосҳо" забон(ҳо)и таҳсил барои ҳар як ихтисос дар муассисаи таълимӣ нишон дода мешавад. Довталаб он ихтисосҳоеро бояд интихоб кунад, ки забони таълимашонро медонад.
Падару модарон бояд аз интихобҳои фарзандонашон ҳангоми бақайдгирӣ ва моҳияти онҳо, бахусус аз комбинатсиҳои ихтисосҳо, муассисаҳои таълимӣ, шакл ва намуди таҳсил огаҳии кофӣ дошта бошанд. Омилҳои асосиро дар интихоби ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ бояд ба эътибор гирифт. Довталабон дар интихоби касбу ихтисос ва муассисаҳои таълимӣ озоданд, аммо интихоб дурандешона ва дуруст бояд бошад, зеро ин дар ҳаёти довталаб муҳим аст.
Таъкид менамоем, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иштирок дар ИМД ихтиёрист, вале таҳсилоти миёна ё олии касбӣ ба ҳар як шахс дар ҷаҳони муосир барои соҳибмаълумоту соҳибкасб гардида, пайдо кардани ҷойи кори мувофиқ ва мақоми арзанда дар ҷамъият муҳим аст.
Ҳамчунин набояд нагуфта монад, ки эҳтимоли рух додани амалҳои ғаразноку ваъдаҳои авомфиребонаю бардурӯғ аз ҷониби қаллобон дар бобати довталабонро дохил кардан ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии ҷумҳурӣ вуҷуд дорад. Бинобар ин, довталабон ва волидайну дигар наздикони онҳоро зарур аст, ки дар ин масъала ҳушёру боэҳтиёт бошанд ва ба доми чунин қаллобон наафтанд. Барои донишҷӯй гардидан довталабон бояд танҳо ба донишу малакаи худ такя кунанд ва вақту муҳлати боқимондаро то оғози имтиҳонҳо бо истифода аз шароиту имкониятҳои муҳайёкардаи Марказ ва азхудкунии барномаҳои таълимии мактабӣ самаранок истифода кунанд. Барои омодагии ҳадафманди ҳар довталаб ба ИМД-2020, аз ҷумла истифодаи маҷмӯаи саволу масъалаҳо аз фанҳои имтиҳонии таҳия ва нашркардаи Марказ ва хизматрасонии “Худро бисанҷ” кумакрасон хоҳад буд.
Арзиши хизматрасонӣ барои шахсоне, ки бо мақсади иштирок дар ИМД-2020 аз қайд гузаштан мехоҳанд, дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон ва вобаста аз зинаи таҳсилоти шахси номнависшаванда чунин муқаррар гардидааст:
- 210 (дусаду даҳ) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;
- 160 (яксаду шаст) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум);
-25 (бисту панҷ) сомонӣ–барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия ва азнавбақайдгирӣ барои иштирок дар тақсимоти такрорӣ.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:
1) Шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;
2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 80 (ҳаштод) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, он гоҳ 105 (яксаду панҷ) сомонӣ пардохт мекунад.
Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Хотиррасон мекунем, ки шахси хоҳишманди иштирок дар ИМД-2020 бояд маблағро барои хизматрасонӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” пешакӣ пардохт карда, расиди аз филиал ба ӯ додашударо бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ (www.ntc.tj) ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Феҳристи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2020 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд ва рӯйхати филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” низ дар сомонаи Марказ (www.ntc.tj) ҷой дода шудааст.