МАРҲАЛАИ ИЛОВАГИИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ
Душанбе, 8-уми июни соли 2020
Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2020, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки бо дарназардошти вазъи марбут ба пандемияи COVID-19 бамиёномада вобаста ба муҳлат ва макони баргузории марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД тағйирот ба амал омад.
Тибқи тағйироти бамаломада марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД аз 15-уми июн оғоз мегардад. Инчунин, марҳалаи иловагии бақайдгирӣ на танҳо дар шаҳри Душанбе, балки дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб, ки рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирии дар онҳо фаъолияткунанда дар зер оварда шудааст, низ ба роҳ монда мешавад. Марҳалаи мазкур то 30-юми июн давом меёбад.
Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо дар зер оварда шудааст, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.
Лозим ба қайд аст, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст:
- 210 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11-ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;
- 160 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум);
- 25 сомонӣ – барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала (барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15-ум то 30-юми июн) номнавис карда мешаванд).
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:
1) Шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;
2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9-ум) бошад, 80 сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, 105 сомонӣ пардохт мекунад.
Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ пардохт карда шавад.
Инчунин, барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 2-юми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ аз 15-уми июн оғоз ва то 30-юми июн давом меёбад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб сурат мегирад. Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи пурра (210 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ва 160 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ) ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 15 ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 15-ум то 30 юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ дар марказҳои имтиҳонии яке аз шаҳрҳо (Душанбе, Хуҷанд, Хоруғ, Бохтар ва Кӯлоб), ки дар вақти бақайдгирӣ интихоб мекунанд, месупоранд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, муассисаҳои таълимии ба низоми ИМД дохилшуда ва дигар раванду марҳалаҳои имтиҳонҳои мазкур метавон аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи электронии он дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/rohnamoi-dovtalab.html) ҷойгир карда шудааст, дастрас кард.
Феҳристи ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки аз рӯйи онҳо донишҷӯён қабул карда мешаванд, дар сомонаи Марказ (http://ntc.tj/tj/ba-dovtalab/nakshai-kabul.html) ҷой дода шудааст.
1. Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ
Р.т. |
Муассисае, ки дар заминаи он нуқтаи бақайдгирӣ дар ташкил карда мешавад |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
|
Шаҳри Душанбе |
|||
1. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 100 |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Шоҳмансур, кӯчаи Назаршоев, 17 |
саристгоҳи роҳи оҳан, рӯбарӯи маркази савдои “Ёқут-2000” |
Вилояти Суғд |
|||
2. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 5 |
шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Калинников, 79 |
бинои телевизиони “Сафина” |
Вилояти Хатлон |
|||
3. |
Литсейи тамоюли технологии ба номи Назир Назирматов |
шаҳри Бохтар, кӯчаи Айнӣ, 67 |
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
4. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №1 |
шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40 |
Оромгоҳи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (рӯбарӯи боғи фарҳангӣ) |
Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон |
|||
5. |
Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон” |
шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 |
маркази шаҳр |
2. Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки довталаб дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ бояд пешниҳод намояд:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ дар синфи 9-ум мехонанд);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);
3) расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад):
- маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ва нусхаи аз ҷониби ин мақомот тасдиқшудаи ҳуҷҷати мазкур (агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад);
- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо – барои ятимони кулли то 21-сола;
- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб, нусхаи қарори мазкур ва ҳуҷҷат (маълумотнома бо муҳр) дар ин бора аз мақомоти мазкур – барои бепарасторони то 21-сола;
- хатти вафоти падар ё ¬модар, шаҳодатнома да¬р бораи таваллуди дов¬талаби то 21 сола ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои мазкур – барои фарзанди хизматчии ҳарбие, ки ҳангоми¬ иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаа¬ст ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз¬мати ҳарбӣ маъю¬б ё бемор шуда, бар асари он фавтидааст. Дар хатти вафот бояд сабаби вафот мушаххас нишон дода шуда бошад;
- тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1 ум, 2 юм ё 3 юмро ишғол намудаанд);
- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ ва нусхаи он (барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда);
- шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб ва нусхаи он, ба шарте ки шаҳодатномаро яке аз мақомоти зерин дода бошад:
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ;
- Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.