МАРҲАЛАИ ИЛОВАГИИ БАҚАЙДГИРӢ ВА АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ
Душанбе, 8-уми июни соли 2021
Ба таваҷҷуҳи хоҳишмандони иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ (ИМД) дар соли 2021, ки худро дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) номнавис карда натавонистаанд, расонида мешавад, ки марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2021 аз 10-уми июн оғоз мегардад.
Марҳалаи иловагии бақайдгирии довталабон дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе бо нишониҳои дар зер овардашуда то 30‑юми июн ба роҳ монда мешавад. Шахсони хоҳишманди бақайдгирӣ бояд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои зарурӣ, ки рӯйхати онҳо низ дар зер оварда шудааст, ба яке аз нуқтаҳои бақайдгирӣ муроҷиат кунанд.
Лозим ба қайд аст, ки довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10-ум то 30-юми июн) худро номнавис мекунанду боз интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, имкон доранд, ки барои ин кор аз нав аз қайд гузаранд. Азнавбақайдгирии чунин довталабон ҳамзамон бо марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад ва чунин довталабон ба нуқтаи бақайдгирие бояд муроҷиат кунанд, ки худро қаблан дар он номнавис кардаанд.
Хотиррасон мекунем, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои як довталаб вобаста аз зинаи таҳсилоти доштааш чунин муқаррар гардидааст:
- 240 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти миёнаи умумӣ (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ доранд;
- 180 сомонӣ – барои довталабоне, ки таҳсилоти умумии асосӣ доранд (яъне, хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);
- 25 сомонӣ – барои азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввала (барои довталабоне, ки дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30‑юми июн) номнавис карда мешаванд).
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:
1) шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;
2) шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Яке аз навгониҳои соли ҷорӣ имкони пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, инчунин воситаҳои электронӣ аст. Маълумоти муфассалро дар ин бора аз сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/arzishi-khizmatrason-dar-imd-2021.html) дарёфт кардан мумкин аст.
Маблағи хизматрасонӣ дар ИМД бояд пеш аз бақайдгирӣ дар яке аз филиалҳо ё марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” дар шаҳри Душанбе ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пардохт карда шавад.
Барои довталабоне, ки дар марҳалаи асосӣ (аз 1-уми март то 30-юми апрел) худро номнавис кардаанду интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ аз 10-ум оғоз ва то 30-юми июн ба роҳ монда мешавад. Марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ низ дар нуқтаҳои бақайдгирии танҳо шаҳри Душанбе сурат мегирад. Довталабоне, ки интихобҳои аввалаи худро иваз кардан мехоҳанд, бояд бо (1) шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳру сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст; (2) варақаи бақайдгирии даври бақайдгирии асосӣ ва (3) расид аз филиали Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” оид ба пардохти маблағи пурра (240 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ ва 180 сомонӣ – барои довталабони дорои таҳсилоти умумии асосӣ) ба нуқтаи бақайдгирии барояшон наздик ё мувофиқ муроҷиат кунанд.
ТАВАҶҶУҲ! Довталабоне, ки худро дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ (аз 10‑ум то 30-юми июн) номнавис мекунанд ё дар марҳалаи иловагии азнавбақайдгирӣ (аз 10-ум то 30‑юми июн) интихобҳои аввалаи худро иваз мекунанд, имтиҳонҳоро дар даври иловагӣ (12-уми июл) дар марказҳои имтиҳонии шаҳри Душанбе месупоранд.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб” (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html), ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Феҳристи ихтисосҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбие, ки аз рӯйи онҳо тавассути ИМД донишҷӯён қабул карда мешаванд, дар сомонаи Марказ (https://ntc.tj/tj/elon1-3.html) ҷой дода шудааст.
Рӯйхати нуқтаҳои бақайдгирӣ барои марҳалаи иловагии бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ
Р.т. |
Муассисаи таълимие, ки нуқтаи бақайдгирӣ дар он ҷойгир аст |
||
ном |
нишонӣ |
нуқтаи роҳнамо (ориентир) |
|
1. |
Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 70-и ба номи 15-солагии Конститутсияи Тоҷикистон |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ, 15 |
хонаҳои Қайроққум дар роҳи бетонӣ (дар муқобили шаҳраки донишҷӯёни ДМТ) |
2. |
Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб |
шаҳри Душанбе, ноҳияи Сино, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 59 |
дар муқобили беморхонаи “Қарияи боло” |
Рӯйхати ҳуҷҷатҳое, ки довталаб дар марҳалаи иловагии бақайдгирӣ бояд пешниҳод намояд:
1) шиносномаи миллӣ ё маълумотнома бо муҳру сурат аз ШВКД ва нусхаи он – барои шахсоне, ки синнашон ба 16 расидааст (барои шахсони то 16-сола – шаҳодатномаи таваллуд, маълумотнома бо муҳру сурат аз ҷойи зист ва нусхаи онҳо);
2) ҳуҷҷат дар бораи таҳсилот:
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 9-ум будан (барои шахсоне, ки дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумии асосӣ ё миёнаи умумӣ дар синфи 9-ум мехонанд);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ дар бораи хатмкунандаи синфи 11-ум будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ дар бораи хатмкунанда будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбӣ);
- маълумотнома (бо муҳр ва сурат) аз муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ дар хусуси хатмкунандаи гурӯҳи таҳсилаш пулакӣ будан (барои хатмкунандаҳои муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбӣ);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти умумии асосӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 9-умро хатм намудаанд);
- аттестат (шаҳодатнома) дар бораи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва нусхаи он (барои онҳое, ки синфи 11-умро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти ибтидоии касбиро хатм кардаанд);
- диплом ва замимааш дар бораи таҳсилоти миёнаи касбӣ ва нусхаи онҳо (барои онҳое, ки муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи касбиро хатм намудаанд);
3) рақами расид (квитансия)-и пардохти маблағ аз яке аз филиалҳои Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”. Ҳаҷми маблағ ‒ арзиши хизматрасониро Марказ ҳар сол, то оғози давраи бақайдгирӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
4) ҳуҷҷати тасдиқкунандаи имтиёзҳо (агар дошта бошад):
- маълумотномаи силсиладор дар бораи маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” будани довталаб, ки Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон додааст ва нусхаи аз ҷониби ин мақомот тасдиқшудаи ҳуҷҷати мазкур (агар тибқи хулосаи хадамоти мазкур барои онҳо аз рӯйи ихтисосҳои интихобкардаашон таҳсил манъ карда нашуда бошад);
- хатти вафоти падар ва модар, шаҳодатнома дар бораи таваллуди довталаб ва нусхаҳои нотариалӣ тасдиқшудаи ин ҳуҷҷатҳо – барои ятимони кулли то 21-сола;
- қарори мақоми васояту парастории мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ё ноҳияи дахлдор дар бораи бепарастор будани довталаб, нусхаи қарори мазкур ва ҳуҷҷат (маълумотнома бо муҳр) дар ин бора аз мақомоти мазкур – барои бепарасторони то 21-сола;
- хатти вафоти падар ё ¬модар, шаҳодатнома да¬р бораи таваллуди дов¬талаби то 21 сола ва нусхаи нотариалӣ тасдиқшудаи ҳуҷҷатҳои мазкур – барои фарзанди хизматчии ҳарбие, ки ҳангоми¬ иҷрои уҳдадории хизмати ҳарбӣ ҳалок гардидаа¬ст ё ҳангоми иҷрои уҳдадориҳои хиз¬мати ҳарбӣ маъю¬б ё бемор шуда, бар асари он фавтидааст. Дар хатти вафот бояд сабаби вафот мушаххас нишон дода шуда бошад;
- тавсияномаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар олимпиадаҳои фаннии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалӣ (барои онҳое, ки ҷойи 1 ум, 2 юм ё 3 юмро ишғол намудаанд);
- тавсияномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ғолибият дар озмун ё фестивалҳои тахассусии ҷумҳуриявӣ ё байналмилалии соҳаи санъат ва фарҳанг;
- билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи муваққатӣ ва нусхаи он (барои шахсони хизмати ҳарбиро дар Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон пурра адокарда);
- шаҳодатнома дар бораи дорандаи яке аз унвонҳои “Устоди варзиши дараҷаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди шоистаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” ё дараҷаи “Номзад ба устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон” будани довталаб ва нусхаи он, ба шарте ки шаҳодатномаро яке аз мақомоти зерин дода бошад:
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилояти Хатлон;
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши ВМКБ;
- Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.