Душанбе, 27-уми феврали соли 2021
Ба диққати шахсоне, ки барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2021 аз қайд гузаштан мехоҳанд, расонида мешавад, ки дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ барои довталабон дар имтиҳонҳои мазкур муайян ва муқаррар гардид.
Лозим ба зикр аст, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2021 бо дарназардошти марҳалаҳои (асосӣ ва иловагӣ)-и бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирии довталабон муқаррар карда шудааст.
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2021 вобаста аз зинаи таҳсилоти шахсе, ки дар ин имтиҳонҳо иштирок кардан мехоҳад, чунин муқаррар гардидааст:
- 240 (дусаду чил) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 11‑ум), ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ;
- 180 (яксаду ҳаштод) сомонӣ – барои шахсони дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум);
- 25 (бисту панҷ) сомонӣ – барои марҳалаи асосии азнавбақайдгирӣ ҷиҳати иваз кардани интихобҳои аввалия.
Тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони зерин дар пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД имтиёз пешбинӣ гардидааст:
- шахсони то 21-солае, ки ятими кул ё бепарасторанд, аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд;
- шахсони зерин аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озоданд:
- шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд;
- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб”.
Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум ё 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озод аст.
Шахси аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар ИМД озодбуда, агар дорои таҳсилоти умумии асосӣ (хатмкунанда ё хатмкардаи синфи 9‑ум) бошад, 90 (навад) сомонӣ ва агар шахси мазкур дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ё миёни касбӣ бошад, он гоҳ 120 (яксаду бист) сомонӣ пардохт мекунад.
Шахсони дорои имтиёзҳои зикргардида ҳангоми бақайдгирӣ бояд ҳуҷҷатҳои дахлдорро пешниҳод кунанд.
Лозим ба зикр аст, ки яке аз навгониҳои соли ҷорӣ имкони пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути марказҳои хизматрасонии Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк”, инчунин воситаҳои электронӣ аст. Тавре ки маълум аст, солҳои пеш пардохти маблағи хизматрасонӣ танҳо тавассути филиалҳои бонки мазкур ва бо истифода аз шакли муқарраргардидаи расид сурат мегирифт.
Вобаста ба ин, хоҳишманди иштирок дар ИМД-2021 бояд маблағи дахлдорро дар яке аз марказҳои хизматрасонӣ ё филиалҳои Амонатбонк ё тавассути барномаи мобилии “Амонат мобайл” пешакӣ пардохт карда, рақами расиди пардохтро бо ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ ба бақайдгирандаи нуқтаи бақайдгирӣ пешниҳод намояд.
Ҳангоми пардохти маблағи хизматрасонӣ барои иштирок дар ИМД тавассути барномаи “Амонат мобайл” дар равзанаи асосии “Корти миллӣ” ё “Ҳамёни электронӣ” банди “Пардохт кардан”-ро бояд интихоб кард. Пас аз интихоби ин банд равзанаи “Пардохти хизматрасониҳо” намоиш дода мешавад. Дар равзанаи мазкур бояд банди “Дигар хизматрасониҳо” интихоб карда шавад. Пас аз он равзанаи “Дигар хизматрасониҳо” пайдо мешавад, ки дар он банди “Маркази миллии тестӣ” бояд баргузида шавад.
Дар равзанаи пайдошуда (“Маркази миллии тестӣ”) аз 3 майдон – (1) “Ному насаби довталаб” (“ФИО абитуриента”), (2) “Рақами телефон” (“Номер телефона”) ва (3) “Маблағ” (“Сумма”), ки дар ҳар яке аз онҳо бояд маълумоти дахлдор ворид карда шавад, инчунин 1 тугма – “Пардохт кардан” (“Оплатить”) иборат аст.
Дар майдони 1-ум насаб, насаб, ном ва номи падари довталаб тибқи шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ пурра ворид карда мешавад. Агар маблағи хизматрасониро ба ҷойи довталаб шахси дигар (масалан, нафаре аз хешовандони ӯ) пардохт кунад, ин шахс дар майдони зикргардида бояд насаб, ном ва номи падари довталабро ворид кунад.
Дар майдони 2-юм рақами телефоне, ки дар зарурат барои тамос бо довталаб ва ё ҳамчун як ҷузъи маълумоти ташхисдиҳандаи пардохти довталаб барои бақайдгирӣ истифода мегардад, ворид карда мешавад.
Дар майдони 3-юм андозаи маблағи пардохтшаванда ворид карда мешавад. Лозим ба зикр аст, ки баъд аз ворид карани насаб, ном ва номи падари довталаб дар майдони “Ному насаби довталаб” зери ин майдон матни роҳнамо дар бораи андозаи маблағ – “Маблағ барои синфи 11 – 240с. (имтиёздорон: 120с.), синфи 9 – 180с. (имтиёздорон: 90с.), азнавбақайдгирӣ – 25с.” (“Плата для 11 класса – 240с. (льготники: 120с.), 9 класса – 180с. (льготники: 90с.), перерегистрации – 25с.”), ки ранги пасзамина (фон)-и он хокистарӣ аст, намоиш дода мешавад.
Таваҷҷуҳ! Ворид кардани маълумот дар ҳар се майдони зикргардида ҳатмӣ аст. Ҳангоми ворид кардани андозаи маблағ бодиққат будан лозим аст ва он бояд бо дарназардошти зинаи таҳсилоти довталаб, инчунин мансубияти довталаб ба гурӯҳи довталабони дар пардохти маблағи хизматрасонӣ имтиёздошта (агар довталаб чунин имтиёзеро дошта бошад) ворид карда шавад.
Пас аз ворид кардани маълумоти зарурӣ дар ҳар яке аз майдонҳои дахлдор бори дигар дурустии онро санҷида, баъдан тугмаи “Пардохт кардан” (“Оплатить”)-ро пахш кардан лозим аст.
Маълумоти муфассалро дар бораи бақайдгирӣ аз дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки шакли чопии онро Марказ ба муассисаҳои таълимӣ ройгон дастрас гардонида, гунаи электронияшро дар сомонаи худ ҷой додааст, пайдо кардан мумкин аст.
Рӯйхати муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олии касбие, ки дар заминаи онҳо барои бақайдгирии довталабон ҷиҳати иштирок дар ИМД-2021 нуқтаҳои бақайдгирӣ ташкил карда шудаанд, дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.