Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЭЪЛОН: ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗА БАРОИ ДОВТАЛАБОНЕ, КИ БИНОБАР ДАР ДАВРИ АСОСИИ ИМТИҲОНҲО ИШТИРОК КАРДА НАТАВОНИСТАНАШОН ХОҲИШИ ИШТИРОКРО ДАР ДАВРИ ИЛОВАГИИ ИМТИҲОНҲО ДОРАНД

Нашр шуд: 30 Июни 2021
Диданд: 3112

Душанбе, 30-юми июни соли 2021

Ба таваҷҷуҳи довталабоне, ки дар даври асосии имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ё қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) иштирок карда наметавонанд, расонида мешавад, ки даври иловагии имтиҳонҳо барои чунин довталабон рӯзи 12-уми июл аст.

Тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2018, № 81 тасдиқ гардидааст, довталабе, ки дар даври асосии имтиҳон иштирок карда натавониста, дар даври иловагии имтиҳон иштирок кардан мехоҳад, бояд маблағи иловагии хизматрасониро, ки Маркази миллии тестӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, пардохта, ба Марказ ариза пешниҳод намояд.

Дар мувофиқа бо Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши хизматрасонӣ дар соли 2021 барои як довталаби дар даври иловагии имтиҳон – қисми А ё Б иштироккунанда 80 сомонӣ муқаррар карда шудааст.

Хотиррасон мекунем, ки тибқи “Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” шахсони зерин аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз ҷумла дар даври иловагии он) озоданд:

- ятимони кул ва бепарасторони то 21-сола;

- маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва кӯдакони маъюбе, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд.

Инчунин, шахсони то 21-солае, ки падар ё модарашон вафот кардааст ё дар парастории яке аз онҳоянд, маъюбони гурӯҳҳои 1-ум ва 2-юм ва “кӯдакони маъюб” аз пардохти 50 %-и маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 озоданд ва барои иштирокашон дар қисми дахлдори имтиҳон маблағи хизматрасониро ба андозаи 40 сомонӣ пардохт мекунанд.

Агар шахс ҳам маъюби гурӯҳи 1-ум, 2-юм ё “кӯдаки маъюб” бошаду ҳам падар ё модараш вафот карда бошад, ё дар парастории яке аз онҳо қарор дошта бошад, он гоҳ ӯ аз пардохти маблағ барои хизматрасонӣ дар даври иловагии ИМД-2021 пурра озод аст.

Қабули маблағҳои довталабоне, ки бинобар дар даври асосии имтиҳонҳо иштирок карда натавонистанашон хоҳиши иштирокро дар даври иловагии имтиҳонҳо доранд, дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва тавассути барномаи электронии “Қабули пардохтҳо” аз 30-юми июн то 9-уми июли соли ба роҳ монда мешавад.

Варақаи аризаро довталаб аз маркази имтиҳонӣ ё бахши минтақавии Марказ (дар давраи имтиҳонҳо – аз 1-ум то 7-уми июл), худи Марказ ё сомонаи он дастрас карда метавонад. Дар ариза бояд маълумоти зарурӣ дар бораи довталаб, аз ҷумла насаб, ном ва номи падар дар шакли пурра тибқи шиноснома ва ҷойи истиқомат, инчунин рақами расиди бонкӣ дода шуда, ба он нусхаи варақаи бақайдгирӣ ё даъватномаи довталаб илова карда шавад. Пас аз пур кардани варақаи ариза довталаб онро бо замима кардани варақаи бақайдгирӣ бояд ба Маркази миллии тестӣ (то 9-уми июл, аз соати 08:00 то соати 17:00) ё маркази имтиҳонӣ (то 7-уми июл аз соати 09:00 то соати 13:00) пешниҳод намояд. Ҳарчанд дар ариза қайд кардани рақами расиди бонкӣ кофист, лекин довталаб метавонад ба ариза расиди бонкӣ ё нусхаи онро замима кунад.

Муҳлати қабули аризаҳо оид ба масъалаи мазкур аз 1-ум то-9 уми июл муқаррар гардидааст. Таъкид мекунем, ки бинобар ба раванди имтиҳонҳо ҷалб гардидани кормандони бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот дар шаҳру ноҳияҳо қабули аризаҳо дар бахшҳои мазкур аз 1-ум то 7-уми июл (аз соати 14:30 то соати 17:00) ва дар худи Марказ аз 1-ум то 9-уми июл (аз соати 08:00 то соати 17:00) роҳ монда мешавад.

Довталабон метавонанд аризаҳои худро тавассути почтаи электронӣ низ ба Марказ (Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.) пешниҳод намоянд. Дар ин сурат довталаб бояд варақаи аризаро аз сомонаи Марказ чоп ва онро тибқи талаботи дар боло зикргардида пур кунад, баъдан аризаи пуркадаашро тавассути намогир (сканер) намобардорӣ карда, ба Марказ фиристад.

Хотиррасон мекунем, ки даври иловагии имтиҳонҳо – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва қисми Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) рӯзи 12-уми июл дар марказҳои имтиҳонии танҳо шаҳри Душанбе баргузор мегардад.

Ба довталабоне, ки барои иҷозат гирифтан ҷиҳати иштирок дар имтиҳонҳои иловагӣ ариза пешниҳод мекунанд, тавсия медиҳем, шумораи телефони худро, ки ҳангоми бақайдгирӣ ва ё пешниҳоди ариза қайд кардаанд, фаъол нигоҳ дошта, худ бо телефонҳои дар зер нишондодашуда барои гирифтани маълумоти зарурӣ бо Маркази миллии тестӣ дар тамос шаванд.

 

Нишонӣ ва рақамҳои телефони Маркази миллии тестии назди

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бахшҳои минтақавии он

 

Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдаки, 192

Телефонҳо: (+992 37) 224 53 67, 224 53 68

Сомона: www.ntc.tj

Почтаи электронӣ: Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.

 

Душанбе: Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:

- шаҳри Душанбе, ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбони Рӯдакӣ, 192;

- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67;

- Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра.;

 

Хоруғ: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 12;

- телефон: 915 20 72 29.

 

Рашт: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;

- телефон: (+992 3131) 2 15 78.

 

Хуҷанд: бахши минтақавии Марказ:

- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5;

- телефон: 926 44 11 48.

 

Панҷакент: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;

- телефон: (+992 3222) 5 50 51.

 

Бохтар: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Борбад, 13;

- телефон: (+992 3222) 3 05 41.

 

Кӯлоб: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 26;

- телефон: 915 57 90 77.

 

Данғара: бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилоот:

- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ, 32;

- телефон: (+992 3312) 2 17 86.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон