ЭЪЛОМИЯИ МАТБУОТӢ
ЭЪЛОНИ НАТИҶАҲОИ ИМТИҲОНҲОИ МАРКАЗОНИДАИ ДОХИЛШАВӢ ДАР СОЛИ 2021
Душанбе, 20-уми июли соли 2021
Имрӯз, 20-уми июли соли 2021, натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2021 эълон карда шуд.
Тавре ки маълум аст, ҳаҷми маълумот дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар довталаб бо дарназардошти субтестҳо ва қисмҳои дахлдори супоридаи довталаб, роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ (аз ҷумла, сабаби роҳ наёфтан – соҳиб нашудан ба холи гузариш аз як ё якчанд субтест ё ягон қисми имтиҳон), бали бадастоварда аз рӯйи ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкарда, бали имтиёзӣ (агар дошта бошад) ва ғайра калон аст. Аз ин лиҳоз, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаи имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар кабинети инфиродиаш ҷойгир карда шуда, инчунин ба телефони мобилии ҳар довталаб, ки рақами он дар варақаи бақайдгириаш дар майдони “Телефони мобилӣ” қайд гардидааст, паёмак (SMS)-и ройгон бо маълумоти мухтасар фиристода шуд.
Паёмаки ба ҳар довталаб фиристодашуда чунин маълумотро дар бар мегирад:
1) рақами назоратии довталаб;
2) рақами даъватнома;
3) холҳои бадастовардаи довталаб аз ҳамаи субтестҳои дахлдори қисми А – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ (синфи 11-ум) ё қисми Б – имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ (синфи 9-ум), инчунин қисм(ҳо)-и В – имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 – имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо);
4) ба озмуни тақсимот роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб. Матни ин қисм вобаста аз навъи ихтисосҳои интихобкарда ва роҳ ёфтан ё наёфтани довталаб ба озмуни тақсимот дар яке аз шаклҳои зерин буда метавонад:
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД. Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ҳамаи ихтисосҳои интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (танҳо аз рӯйи ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки танҳо аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ)! Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 ва қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат ва филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат, филиали ДДМ ба номи М. В. Ломоносов дар ш. Душанбе ва Донишгоҳи Осиёи Марказӣ). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус) ва ихтисосҳои супоридани қисми Г.1 ва қисми Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, лекин аз рӯйи ихтисосҳои дигари интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ ЁФТЕД (ғайр аз ихтисосҳои эҷодӣ ва маҳорат дар озмуни тақсимоти такрорӣ). Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ихтисосҳои супоридани қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус)-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ наёфта, вале аз рӯйи ихтисосҳои супоридани танҳо қисми А ё Б-ро талабкунанда ба озмуни тақсимот роҳ ёфтаанд. Азбаски довталабони мазкур чунин ихтисосҳо – ихтисосҳоеро, ки супоридани танҳо қисми А ё Б-ро талаб мекунанд, интихоб накардаанд, ба онҳо дар азнавбақайдгирӣ барои иштирок озмуни тақсимоти такрорӣ имкон дода мешавад, ки чунин ихтисосҳоро интихоб карда, дар озмуни мазкр иштирок кунанд;
– “Ба озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД. Маълумоти бештар дар кабинети инфиродӣ” – барои довталабоне, ки аз рӯйи ягон ихтисоси интихобкардаашон ба озмуни тақсимот роҳ наёфтаанд.
Тавре ки қайд шуд, маълумоти муфассал дар бораи натиҷаҳои дар имтиҳонҳо бадастовардаи ҳар довталаб бо нишон додани хол, бал, бали имтиёзӣ (дар ҳолати ҳуқуқи гирифтани ин имтиёзро доштан), бали коэффитсиент (барои довталабони дахлдор) ва маълумот дар бораи соҳиб шудан ё нашудани довталаб ба холҳои гузариш аз субтестҳои қисми дахлдор – А ё Б, қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2, инчунин роҳ ёфтан ё наёфтани ӯ ба озмуни тақсимот дар кабинети инфиродиаш гузошта шудааст. Агар дар бахши “Натиҷаи имтиҳонҳо”-и кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот, ки 24-уми июл доир мегардад, РОҲ ЁФТЕД!” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сабз аст), пас, довталаб ба озмуни тақсимот ба муассисаҳои таълимӣ аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш роҳ ёфтааст. Комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмун роҳёфта аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш танҳо пас аз озмуни тақсимот, ки 24-уми июл баргузор мегардад, маълум мешавад. Агар дар бахши натиҷаи имтиҳонҳои кабинети инфиродии довталаб матни “Шумо барои иштирок дар озмуни тақсимот РОҲ НАЁФТЕД! Холи субтест(ҳо)-е, ки аз он(ҳо) нагузаштед, бо ранги сурх қайд шудаст.” дарҷ гардида бошад (ранги пасманзар (фон)-и он сурх аст), ин чунин маънӣ дорад, ки довталаб бинобар аз як ё якчанд субтести қисми А ё Б, инчунин аз қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 (агар чунин имтиҳонҳоро супорида бошад) соҳиб нагардиданаш ба холи гузариш ба озмуни тақсимот роҳ наёфтааст. Агар довталаб аз як ё якчанд субтест ё қисм(ҳо)-и В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо) холҳои гузаришро соҳиб нагардида бошад, холҳои ин гуна субтестҳо ё қисмҳо бо ранги сурх қайд карда мешаванд.
Инчунин, дар кабинети инфиродӣ дар равзанаи “Натиҷаи имтиҳонҳо” дар бораи ба бали бадастовардаи довталаб аз ҳар субтести қисми А ё Б, инчунин аз қисми В ва (ё) Г.1 ва (ё) Г.2 (дар ҳолати супоридани чунин имтиҳонҳо), балҳои имтиёз (агар дошта бошад) барои ҳар як комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш маълумот дода мешавад. Ёдовар мешавем, ки вобаста аз фанни асосии имтиҳонии ҳар як ихтисос бали бадастовардаи довталаб барои ҳар комбинатсияи ихтисоси интихобкардааш метавонад гуногун бошад.
ТАВАҶҶУҲ! Ёдрас менамоем, ки роҳ ёфтан ба озмуни тақсимот ҳоло маънои донишҷӯй шудани довталабро аз рӯйи яке аз комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардааш надорад ва комёб шудан ё нашудани довталаби ба озмуни тақсимот роҳёфта тибқи интихобҳояш танҳо 24-уми июл, яъне пас аз озмуни тақсимот маълум мегардад.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тарҳи ҷории маҷмӯи фанҳои имтиҳонӣ барои роҳ ёфтан ба тақсимот довталаб бояд аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани:
- танҳо қисми А-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми А ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми А ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- ду субтести аввали қисми Б ва қисми В-ро талаб мекунанд, аз ду субтести аввали қисми Б ва аз ҳамаи санҷишҳои қисми В холҳои гузаришро соҳиб шавад;
- қисмҳои А ва Г-ро талаб мекунанд, аз ҳамаи субтестҳои қисми А ва аз қисми Г холҳои гузаришро соҳиб шавад.
Қисми Г (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ)-ро довталабоне, ки ихтисосҳоро аз филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе ва ё Донишгоҳи Осиёи Марказӣ интихоб кардаанд, бар замми қисми А месупоранд. Азбаски довталаб ихтисосҳоро аз ҳар ду муассисаи таълимӣ интихоб карда метавонад, имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ шартан барои филиали Донишгоҳи давлатии Москва ба номи М. В. Ломоносов дар шаҳри Душанбе бо ”Г.1” ва барои Донишгоҳи Осиёи Марказӣ бо “Г.2” ифода карда мешавад.
ТАВАҶҶУҲ: бали аз қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ё маҳорати махсус) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш аз ду субтести аввали қисми А ё Б ва аз қисми В) ба бали умумии аз ду субтести аввали қисми А ё Б бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми В-ро талаб менамоянд. Инчунин, бали аз қисми Г.1 ва ё Г.2 (имтиҳонҳои иловагии тахассусӣ) бадастовардаи довталаб (дар сурати соҳиб шуданаш ба холҳои гузариш) ба бали умумии аз қисми А бадастовардааш илова карда шуда, танҳо барои он ихтисосҳои интихобкардааш ба назар гирифта мешавад, ки супоридани қисми Г.1 ё Г.2-ро талаб менамоянд.
Довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми А соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд. Инчунин, довталабоне, ки холи гузаришро аз як ё якчанд субтести қисми Б соҳиб намегарданд, ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи ихтисосҳое, ки супоридани ҳамаи субтестҳои ин қисмро талаб мекунанд, надоранд.
Агар довталаб ихтисосҳоеро интихоб карда бошад, ки дар баробари супоридани қисми А, супоридани қисми В ё қисми Г-ро талаб кунаду довталаб аз ин қисми имтиҳонҳо (В ё Г) холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошад, ӯ ҳуқуқи иштирок карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи чунин ихтисосҳо надорад. Довталабе, ки аз қисми В ё қисми Г холҳои гузаришро соҳиб нашудаасту аммо аз ҳамаи субтестҳои қисми А холҳои гузаришро ба даст овардааст, ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми А-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад). Агар довталаб аз қисми В холҳои гузаришро соҳиб нашуда бошаду вале аз ҳамаи субтестҳои қисми Б холҳои гузаришро ба даст оварда бошад, ӯ ҳуқуқи ширкат карданро дар озмуни тақсимот аз рӯйи он ихтисосҳое дорад, ки супоридани танҳо қисми Б-ро талаб мекунанд (агар чунин ихтисосҳоро интихоб карда бошад).
Холҳои гузариш (шумораи ҳадди ақалли холҳо) аз ҳар субтести қисмҳои А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) ва Б (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумии асосӣ) ва қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус), ки барои роҳ ёфтан ба озмуни тақсимоти довталабон ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ мувофиқи натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавии соли 2021 ба даст овардани онҳо зарур аст, 19‑уми июл муқаррар гардида, маълумот дар ин хусус дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст.
Тавре ки довталабон ва дигар алоқамандони имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ хабар доранд, холҳои аз субтестҳои қисми А ё Б бадастовардаи ҳар як довталаб бо роҳи миқёсгузорӣ (шкалабандӣ) ба балҳо баргардонида мешавад. Вобаста аз ин, аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ҷадвали мувофиқати холҳо ва балҳо барои ҳар субтест (бо дарназардошти ихтисосҳо ва фанҳои асосии имтиҳонии онҳо) тартиб дода, дар сомонаи Марказ ҷойгир карда шуд. Довталабон имкон доранд, ки холҳои бадастовардаашонро бо истифода аз ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ва балҳои ҳар субтест дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо ва ҳар як ихтисос бо маълумоти дар кабинети инфиродиашон ҷойдошта муқоиса намоянд.
Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар бораи норозӣ будан аз холҳои ба имтиҳони ӯ гузошташуда дода шудааст. Барои пешниҳоди аризаи апеллятсионӣ шартҳо муқаррар гардидаанд. Маълумоти муфассалро дар бораи шартҳои мазкур ва талаботи дигари вобаста ба апеллятсия аз эълон – “ТАРТИБИ ПЕШНИҲОДИ АРИЗАИ АПЕЛЛЯТСИОНӢ ДАР БОРАИ НОРОЗӢ БУДАН АЗ ХОЛҲОИ ГУЗОШТАШУДА ДАР ИМД”, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, дастрас кардан мумкин аст.
Дар бинои Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, бахшҳои минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Марказ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Хоруғ ва Панҷакент ва ноҳияи Рашт, инчунин муассисаҳои таълимии шаҳрҳои Истаравшан, Бохтар, Кӯлоб ва ноҳияи Данғара, ки нишонии онҳо дар зер нишон дода шудааст, аз 20-ум то 22‑юми июл нуқтаҳои иттилоърасонӣ амал мекунанд. Дар зарурат довталабон метавонанд вобаста аз макони зисташон ба яке аз ин нуқтаҳои иттилоърасонӣ муроҷиат карда, дар бораи натиҷаҳои имтиҳонсупории худ маълумот гиранд.
Довталабон имкон доранд, ки дархост ё саволҳои худро ба нишонии почтаи электронии Марказ – Этот адрес электронной почты защищен от спам-ботов. У вас должен быть включен JavaScript для просмотра. низ пешниҳод намоянд.
Нишонии нуқтаҳои иттилоърасонӣ
- Душанбе– Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 192;
- телефонҳо: 224 53 68, 224 53 73, 224 53 67, 224 53 66.
- Хоруғ –бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, шаҳри Хоруғ, кӯчаи Шоҳқирғизов, 11 (Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”);
- телефон: 915-20-72-29, 915-28-00-55.
- Панҷакент – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Панҷакент, кӯчаи Лоиқ Шералӣ, 105;
- телефон: 915-63-51-00, 917-06-10-05.
- Рашт – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ноҳияи Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 79;
- телефон: 919-78-54-64, 911-11-07-43.
- Хуҷанд – бахши минтақавии раёсати ташкил ва идораи имтиҳон, робита бо ҷомеа ва таъминоти иттилооти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- вилояти Суғд, шаҳри Хуҷанд, кӯчаи Мадади Сино, 5 (маҳаллаи Бофанда (Шелкокомбинат));
- телефон: 915-98-00-49.
- Истаравшан – гимназияи № 5‑и ба номи Раҷаб Амонов:
- вилояти Суғд, шаҳри Истаравшан, кӯчаи А. Юсупов, 93 (бонки “Эсхата” (маҳаллаи Қаробек));
- Бохтар – муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 12-и ба номи Анварбек Ҳамидов:
- вилояти Хатлон, шаҳри Бохтар, кӯчаи Дзержинский, 17;
- телефон: 777-07-77-26, 935-44-95-05.
- Кӯлоб – муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи Сафармуҳаммад Аюбӣ:
- вилояти Хатлон, шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Исмоили Сомонӣ, 40;
- телефон: 915-57-90-77, 985-01-82-09.
- Данғара – литсейи тамоюли техникии ба номи Афлотун:
- вилояти Хатлон, ноҳияи Данғара, кӯчаи Марказӣ;
- телефон: 939-32-55-65, 553-55-95-52.