Душанбе, 15-уми декабри соли 2024
15-уми декабри соли 2024, соати 10:00 даври чоруми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) – қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ) дар соли 2024 оғоз гардид. Дар ин даври имтиҳонҳо довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 29-уми октябр то 7-уми декабр) барои иштирок дар ИМД 2024 номнавис шудаанд, иштирок мекунанд.
Хотиррасон мекунем, ки тибқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар давраи чоруми бақайдгирӣ ихтисосҳои дорои ҷойҳои холӣ аз ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ танҳо аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил пешниҳод карда шуда буданд. Қабули донишҷӯён ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ аз рӯйи шаклҳои ғоибона ва фосилавии таҳсил танҳо дар заминаи таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ ба роҳ монда мешавад. Аз ин лиҳоз, дар ин даври имтиҳонҳо довталабон фақат қисми А (имтиҳон дар заминаи таҳсилоти умумӣ)-ро месупоранд. Агар довталаб ихтисосҳои дахлдорро интихоб карда бошад, инчунин қисми В (имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махусус)-ро месупорад.
Дар давраи чоруми бақайдгирӣ барои иштирок дар ИМД 2024 ҳамагӣ 1730 нафар худро номнавис кардаанд. Барои баргузории имтиҳонҳои даври чорум дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд 2‑тоӣ ва дар шаҳру ноҳияҳои Хоруғ, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Данғара, Рашт ва Дарвоз 1-тоӣ марказҳои имтиҳонӣ (https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/markazhoi-imtihoni-baroi-barguzorii-davri-chorumi-imd-2024.html) таъсис дода шудаанд, ки дар онҳо 151 синфхонаи имтиҳонӣ истифода карда мешавад. Дар марказҳои имтиҳонӣ 302 нафар дар асоси шартномаи меҳнатӣ, ҳамчун корманди муваққатӣ, инчунин 54 корманди доимии Марказ барои ташкил ва идораи имтиҳонҳо фаъолият мекунанд. Дар ҳар маркази имтиҳонӣ бо мақсади ҳифзи сиҳатии иштирокдорони имтиҳонҳо ва пешгирӣ аз ҳолатҳои ногувори эҳтимолӣ, таъмин ва риояи талаботи қоидаҳои санитарӣ-гигиенӣ дар ҳудуди маркази имтиҳонӣ 1-нафарӣ корманди тиб (ҳамагӣ – 10 нафар) дар асоси шартномаи меҳнатӣ ба кор ҷалб гардидааст.
Ҷавобҳои дуруст (калидҳо)-и саволу масъалаҳои тести дар ин даври имтиҳонҳо истифодашуда пас аз анҷоми имтиҳонҳо дар сомонаи Марказ ба нашр мерасанд. Ин ба довталаб имкон медиҳад, ки ӯ дар асоси нусхаи варақаи ҷавобҳояш, ки дар кабинети инфиродияш гузошта шудааст ва ҷавобҳои дуруст – калидҳои саволу масъалаҳои тест, ки дар сомонаи Марказ гузошта мешавад, холҳояшро аз ҳар субтести имтиҳон мустақилона ҳисоб кунад. Ҳамчунин, аз ҳамон рӯз то нашри варақаи ҷавобҳо дар кабинети инфиродияш довталаб метавонад бо истифода аз китобчаи тест, ки дар дасташ аст, холҳои бадастовардаашро мустақилона ҳисоб кунад.
Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону шахсони дигар дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст. Пахши раванди имтиҳонҳо аз марказҳои имтиҳонӣ дар ҳолати бархат (онлайн) тавассути камераҳои назоратӣ ба роҳ монда мешавад.
Мувофиқи тартиби муқарраркардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон шумораи довталабон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ бояд аз 15 нафар беш набошад. Довталабон дар синфхона дар паси ҳар як миз 1-нафарӣ шинонида мешаванд. Имтиҳонҳо тибқи тартиби мазкур, ки дар бораи он пеш аз оғози имтиҳон дар ҳар як синфхонаи имтиҳонӣ ба довталабон маълумот ва барои риояи талаботу қоидаҳои муқарраршуда дастур дода мешавад, баргузор мегарданд.
Довталаб бояд шарту талаботи барои имтиҳонҳо муқарраршуда, аз ҷумла инҳоро, риоя намояд:
1. Бо худ овардани ҳуҷҷату ашёи зерин ҳатмист:
- шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсият (бо муҳр ва сурат), ки мақоми ваколатдори давлатӣ додааст;
- 2 дона ручкаи одии рангаш сиёҳ (рангҳои дигар иҷозат дода намешавад, зеро варақаи ҷавобҳои бо рангҳои дигар қайдшуда аз ҷиҳати технологӣ дуруст коркард намешавад);
Довталаб метавонад дар зарфи шаффоф барои худ оби нӯшокӣ орад.
2. Овардани ашёи зерин қатъиян манъ аст:
- ҷузвдон, китоб, ҳар гуна навиштаҳо, дафтар, маводи иттилоотӣ;
- телефони мобилӣ ва дигар таҷҳизоту воситаҳои алоқа ва ҳисоббарор (калкулятор, ноутбук, планшет ва ғайра).
3. Дар рафти имтиҳон қатъиян манъ аст:
- гуфтугӯ, ёрӣ додан, халал расонидан ба ҳамдигар ва (ё) истифода кардан аз ёрии шахсони дигар дар иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ;
- иваз кардани ҷойҳо ва (ё) китобчаҳои тест, варақаҳои ҷавобҳо ва ҳар гуна навиштаҳои ҳамдигар;
- аз ҷой хестан ва ё рафтуомад кардан дар синфхона ва (ё) бе иҷозати маъмури имтиҳон берун баромадан аз он;
- бо худ мавод, восита ва (ё) ашёи тибқи банди 145 Тартиби мазкур мамнуъро доштан ва (ё) истифода кардан аз онҳо;
- дар варақаи ҷавобҳо, аз ҷумла дар ҳошияҳои он қайду ишораҳои ба имтиҳон ва (ё) варақа дахлнадошта;\
- варақаи ҷавобҳо ва (ё) маводди дигари барои баргузории имтиҳон пешбинишударо аз синфхона баровардан;
- идома додани иҷрои саволу масъалаҳои тестӣ баъд аз итмоми вақти барои имтиҳон ҷудошуда;
- анҷом додани ҳар амали дигаре, ки хилофи талаботи тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳон аст.
Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини ҳуқуқҳои шахсӣ ба арзёбии воқеӣ (объективӣ) ва ҳалли масъалаҳои баҳсталаби марбут ба тартиби гузаронидани имтиҳонҳо ба довталаб ҳуқуқи додани аризаи апеллятсионӣ дар шакли хаттӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо дода мешавад.
Аризаи апеллятсионӣ дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД, ки агар ба натиҷаи имтиҳонсупории довталаб таъсири манфӣ расонда бошад, бояд бо далелҳо асоснок ва рӯзи имтиҳон, то баромадан аз маркази имтиҳонӣ ба номи роҳбари маркази имтиҳонӣ пешниҳод карда карда шавад.
Қолаби аризаи апеллятсиониро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории ИМД ба довталаб тибқи дархосташ роҳбари маркази имтиҳонӣ медиҳад. Довталаб аризаро дар бораи вайрон кардани тартиби муқарраргардидаи баргузории имтиҳонҳо пур карда, ба роҳбари маркази имтиҳонӣ месупорад. Роҳбари маркази имтиҳонӣ уҳдадор аст, ки довталабро аз муҳлати баррасии ариза ва пешниҳоди натиҷаи он огоҳ намояд.
Эълони натиҷаҳои имтиҳонҳо 19‑уми декабри соли 2024 ба нақша гирифта шудааст.