Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАРКАЗҲОИ ИМТИҲОНӢ БАРОИ БАРГУЗОРИИ ДАВРИ ЧОРУМИ ИМД 2024

Нашр шуд: 12 Декабри 2024
Диданд: 940

Душанбе, 12-уми декабри соли 2024

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади роҳнамоии довталабоне, ки дар давраи чоруми бақайдгирӣ (аз 29-уми октябр то 7-уми декабри соли 2024) барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) дар соли 2024 аз рӯйи шакли ғоибона ва фосилавии таҳсил аз қайд гузаштаанд, рӯйхати муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумиеро, ки дар заминаи онҳо барои баргузории имтиҳонҳои мазкур марказҳои имтиҳонӣ ташкил карда мешаванд, дар сомонаи худ ҷойгир кард. Ин рӯйхат нишонии ҳар як муассисаи таълимии дар заминаи он маркази имтиҳонӣ ташкилшаванда ва нуқтаи роҳнамо (ориентир)-ро фаро мегирад.

Тибқи рӯйхати мазкур, ки дар асоси таҳлили шумораи умумии довталабони дар давраи чоруми номнависӣ азқайдгузашта вобаста аз шаҳру ноҳияҳо ҷиҳати таъмини дастрасии осони довталабон таҳия гардидааст, барои имтиҳонсупории довталабон дар 10 шаҳру ноҳияи ҷумҳурӣ 11 маркази имтиҳонӣ ташкил карда мешавад.

Хотиррасон мекунем, ки нусхаи электронии даъватномаи довталаб дар кабинети инфиродияш ҷойгир карда, инчунин дар бораи макон замони имтиҳонсупорӣ ба довталаб паёмаки телефонӣ (SMS) фиристода шуд. Маълумоти мушаххас дар бораи макон ва замони имтиҳонсупории ҳар як довталаб дар даъватномааш қайд шудааст. Ин маълумот барои довталабон дар кабинети инфиродияшон низ дастрас аст.

Ба довталабон тавсия медиҳем, ки пас аз дастрас кардани даъватнома дар бораи нишонӣ ва нуқтаи роҳнамои маркази имтиҳоние, ки дар даъватномаашон нишон дода шудааст, аз рӯйхати зикргардида маълумот гирифта, бо макони имтиҳонсупориашон пешакӣ шинос шаванд, то ки дар рӯзи имтиҳон дар ёфтани маркази имтиҳонӣ ба мушкил дучор нагарданд.

Таваҷҷуҳ: Даври чоруми ИМД 2024 рӯзи 15-уми декабри соли 2024 баргузор мегардад. Вақти оғози имтиҳон соати 10:00 аст. Довталаб бояд ба маркази имтиҳонӣ 1 соату 30 дақиқа пеш аз оғози имтиҳон бо шиноснома ё ҳуҷҷати дигари тасдиқкунандаи шахсияташ (бо муҳр ва сурат) ва ду ручкаи одии рангаш сиёҳ ҳозир шавад.

Лозим ба таъкид аст, ки бо худ даъватнома доштан барои воридшавии довталабон ба маркази имтиҳонӣ ҳатмӣ нест. Кофист, ки довталаб дар бораи макон ва замони имтиҳонсупориаш маълумот дошта бошад.

 

РӮЙХАТИ
муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёнаи умумие, ки дар заминаи онҳо марказҳои имтиҳонӣ барои баргузории даври 4-уми имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2024 ташкил карда мешаванд

 

Р.т.

Маркази имтиҳонӣ / муассисаи таълимӣ

(нишонӣ)

Нуқтаи роҳнамо

(ориентир)

I

шаҳри ДУШАНБЕ

1

01/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 25-и ба номи Убайд Раҷаб

(ш. Душанбе, н. Сино, кӯч. Исмоили Сомонӣ, 59)

Назди беморхонаи Қарияи Боло

2

01/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 100

(ш. Душанбе, н. Шоҳмансур, кӯч. Назаршоев, 17)

Дар шафати

Маркази савдои “Ёқут-2000”

II

Ноҳияҳои тобеи марказ

3

01/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1 ба номи Х. Абдулхайров

(н. Рашт, шаҳраки Ғарм, кӯч. И .Сомонӣ, 27)

Шаҳраки Ғарм

III

шаҳри ХУҶАНДи вилояти СУҒД

4

02/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 2-и ба номи Зайниддин Осимӣ

(в. Суғд, ш. Хуҷанд, кӯч. Мадади Сино, 5)

Маҳаллаи Бофанда (Шелкомбинат)

5

02/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 19

(в. Суғд, ш. Хуҷанд, маҳаллаи 12-ум)

Назди тарабхонаи “Шоҳин”

IV

шаҳри ПАНҶАКЕНТи вилояти СУҒД

6

02/03

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи И.П.Рапин

(в. Суғд, ш. Панҷакент, кӯчаи Д.Бобораҷабов, 37)

Назди боғчаи бачагонаи № 7

V

шаҳри БОХТАРи вилояти ХАТЛОН

7

03/01

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 9-и ба номи А. У. Муминов

(в. Хатлон, ш. Бохтар, кӯч. Кайҳоннавардон, 22)

Дар шафати кохи Лоҳутӣ

VI

шаҳри КӮЛОБи вилояти ХАТЛОН (15 синфхонаи имтиҳонӣ)

8

03/02

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 1-и ба номи В. П. Чкалов

(в. Хатлон, ш. Кӯлоб, кӯч. И. Сомонӣ, 40)

Рӯ ба рӯйи боғи фарҳангӣ

VII

ноҳияи ДАНҒАРАи вилояти ХАТЛОН

9

03/03

Муассисаи таълимии таҳсилоти миёнаи умумии № 4

(в. Хатлон, н. Данғара, кӯч. Исмат Шариф)

Дар шафати идораи

хоҷагии ҳифзи ҷангал

VIII

шаҳри ХОРУҒи ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

10

04/01

Муассисаи таълимии давлатии “Мактаби Президентӣ барои кӯдакони болаёқат дар шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон”

(ВМКБ, ш. Хоруғ, кӯч. Шоҳқирғизов, 11)

Дар маркази шаҳр

 

IX

ноҳияи ДАРВОЗи ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН

11

04/02

МТТМУ № 1 ба номи Олими Кабир

(ВМКБ, н. Дарвоз, кӯч. Саидҷон Носиров)

Дар маркази ноҳия

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон