Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
кенчаева шарифахон : оид ба даъватнома
вакте ки довталаб даъватномаро гум мекунад чи кор бояд кард
23.06.2023
Рачабзода Начибулло Нурулло: Оиди Имтиёз
Ба шахсони нимятим имтиёз дода мешавад лутфан ҷавоб диҳед
23.06.2023
Довталаби муҳтарам! Чӣ тавре ки қаблан посух дода будем, аз рӯйи муқаррароти "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои онҳое, ки нимятим ҳастанд, имтиёз пешбинӣ нашудааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701) маълумот гирифта метавонед.
23.06.2023
Раҳмонов Сорбон Раҳматуллоевич : Ихтисос
Ман мехоҳам дар азнав бақайдгири 10- 30 июн иштирок кунам ба ман кадом ҳуҷҷатҳо даркор аст ман кластери 4 интихоб кардаам ман аз Восеъ аммо бақайдгирии дар Кӯлоб аст дар кадом мактабӣ Кӯлоб ман бояд ба қайд гирам. Ва экзамин мо дар кай ва дар куҷо баргузор мегардад.
22.06.2023
Довталаби муҳтарам! Нуқтаҳои бақайдгирӣ то 30-юми июни соли 2023-юм дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Панҷакент, Бохтар, Кӯлоб, Хоруғ ва ноҳияҳои Данғараю Рашт ва Ванҷ фаъолият мекунанд. Рӯйхат, суроғаи нуқтаҳои бақайдгирӣ ва ҳуҷҷатҳои зарурӣ барои бақайдгирӣ дар сомонаи расмии Марказ, дар пайванди https://ntc.tj/tj/hamai-khabarho/davrai-duyumi-ba-ajdgir-va-aznavba-ajdgirii-dovtalabon-baroi-ishtirok-dar-imd-2023.html оварда шудааст. Дар ҳолати пеш омадани мушкилӣ барои дарёфти маълумоти муфассал бо телефонҳои (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
23.06.2023
Раҳмонов Сорбон Раҳматуллоевич : Ихтисос
Салом! Ман мехоҳам бидонам ки ман дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фанни мактаббачагон аз фанни таърих ҷои 3 гирифтам дигар ба ман дар ихтисоси Сиёсат ва идораи давлат 50 бал намедиҳанд. Ва дар кадом ихтисос бал метан?
22.06.2023
Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти банди 212 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2023 №188 дар хусуси "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" тағйирот ворид шудааст. Ҳангоми интихоби ихтисосҳои «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ», «Санҷиши судӣ», «Сиёсат ва идораи давлатӣ», «Сиёсати берунӣ ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», «Таъмин(от)и ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ», «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», «Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ (аз рӯи самтҳо)», «Ҳуқуқи андозу бонкӣ», «Ҳуқуқи гумрукӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ», «Ҳуқуқи нақлиётӣ», «Ҳуқуқшиносӣ» аз гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз пешбинӣ нашудааст.
23.06.2023
Гулмахмадова Наргис: Имтиез
Салом.Фарзанди ман кластери 5-ро "Кори табобати" ва Педиатрия"-ро интихоб кардааст ва дар олимпиадаи Чумхурияви аз фанни биология чои 3-ро ишгол намудааст ба у хам имтиез дода намешавад.Сабаби надодани имтиез дар чист? ЛУТФАН ЧАВОБ ДИХЕД.
"
22.06.2023
Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти банди 212 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29.04.2023 №188 дар хусуси "Тартиби гузаронидани имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ба тартиби муқаррар намудани имтиёз ба ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ тағйирот ворид шудааст. Ҳангоми интихоби ихтисосҳои серталаби «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Стоматология (дандонпизишкӣ)», «Фарматсия (дорусозӣ)», «Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» аз гурӯҳи ихтисосҳои 5-ум ба ғолибони олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ имтиёз дода намешавад.
23.06.2023
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |