Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Элназаров Рустам синфи 11: Кабинети Инфироди
Ман ракам ва рамзро ворид мекунам аммо барнома мегуяд хато ё рамз ё ракам хато,аммо ман 100бор дидам дуруст аст,боз купил кардам рамзро алиш кунам раками назорати ва раками телефонро навистам аммо боз мегуяд е раками телефон хато е раками назорати. Мешавад ки барнома сбой дода бошад? Чанд маротиба кардам боз хамун, илтимос кумак кунед. Ха боз интернет них хуб аст.
30.06.2023
Муборакшох Ёров: ихтисос
агар бали гирифтаат аз ихтисоси якуми интихобкаррдаат зиёд бошаду ба ихтисоси дуюм мувофикат кунад ба кадомаш дохил мешави?
30.06.2023
Довталаби муҳтарам! Озмуни тақсимоти довталабон аз рӯйи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашон тавассути таҷҳизоти компютерӣ ва таъминоти барномавии махсус бе таъсири омили инсонӣ 25- уми июл ба роҳ монда мешавад. Дар раванди тақсимоти довталаб ин шарт ҳатман эътибори зиёд дорад, ки ӯ дар давраи бақайдгирӣ интихобҳояшро чӣ гуна аз рӯйи бартарияшон нишон додааст, яъне ин амал тибқи бартарии интихобҳои довталаб иҷро мешавад. Бинобар ин, довталаб баъди тақсимот ҳуқуқи иваз кардани бартарии (тартиби) интихобҳояш, яъне тағйир додани ҷойи комбинатсияҳои ихтисосҳои интихобкардаашро надорад. барои гирифтани маълумоти муфассали иловагӣ ба дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб " ва гунаи электронии он ба пайванди https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=700 муроҷиат намоед.
13.07.2023
Хурсанов Бехруз: Имтиёз
Саволи ман чунин аст: Барои голибони олимпиядаи чумхурияви дар ММТ бал хамрох мешавад ё не?
30.06.2023
Довталаби муҳтарам! Ба тартиби муқаррар намудани имтиёз ба ғолибони олимпиадаҳои фаннӣ бо қарори №188 аз 29.04.2023 тағйирот ворид шудааст. Ҳангоми интихоби ихтисосҳои «Андоз ва андозбандӣ», «Аудит ва ревизия», «Баҳисобгирии бухгалтерӣ, таҳлил ва аудит (аз рӯи самтҳо)», «Иқтисод(иёт) ва идора дар корхона (аз рӯи самтҳо)», «Иқтисодиёт», «Иқтисодиёти ҷаҳонӣ», «Кори бонкӣ», «Молия ва қарз», «Забонҳои муосири хориҷӣ (аз рӯи самтҳо)», «Таъмин(от)и забонии робитаҳои байнифарҳангӣ (аз рӯи самтҳо)», «Идораи давлатӣ ва ҳуқуқ», «Санҷиши судӣ», «Сиёсат ва идораи давлатӣ», «Сиёсати берунӣ ва дипломатия», «Танзими ҳуқуқии молия ва қарз», «Таъмин(от)и ҳуқуқии фаъолияти гумрукӣ», «Фаъолияти ҳифзи ҳуқуқ», «Ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ», «Ҳуқуқи байналмилалӣ (аз рӯи самтҳо)», «Ҳуқуқи андозу бонкӣ», «Ҳуқуқи гумрукӣ», «Ҳуқуқи иқтисодӣ», «Ҳуқуқи нақлиётӣ», «Ҳуқуқшиносӣ», «Кори табобатӣ», «Педиатрия», «Стоматология (дандонпизишкӣ)», «Фарматсия (дорусозӣ)», «Эпидемиология, гигиена ва нигоҳдории тандурустии ҷамъиятӣ» ихтисосҳо ба фанҳои таълимии ба ин ихтисосҳо мувофиқаткунандаи олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналмилалӣ, дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода намешавад.
13.07.2023
Тошмирзода Худойдод : Савол
Салом сертификати байналмиллали забони англисӣ ба воситаи онлайн иштирок кардаги ва чойи 3 ишгол кардаги ягон имтиёз медиханд ё не ?
27.06.2023
Довталаби муҳтарам! Аз рӯйи муқаррароти "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои онҳое, ки ғолиби олимпиадаҳои фосилавӣ мебошанд, имтиёз пешбинӣ нашудааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701) маълумот гирифта метавонед.
13.07.2023
Давлатов Зохидчон: Коэфисент
Салом ! Дар бораи коэфисентхои шахру нохияхо аз кучо маълумот гирем
26.06.2023
Довталаби муҳтарам! Тибқи муқаррароти қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 апрели соли 2023, №188 "Мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи тандурустӣ ва дар соҳаи маориф ва илм дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳру ноҳияҳои дахлдор ва коэффитсиентҳои онҳоро ҳар сол на дертар аз 4 (чор) моҳ пеш аз оғози имтиҳонҳо муайян мекунанд. Рӯйхати ин шаҳру ноҳияҳо ба Марказ пешниҳод карда мешавад". Бо ворид гардидани рӯйхати мазкур ба Марказ довталабон аз он огоҳ карда мешаванд ва ҳамзамон, рӯйхат дар сомонаи расмии Марказ ҷой дода мешавад. Айни замон ба Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намоед.
13.07.2023
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |