Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Холзода Нодир: Савол
Як ҷавоби дуруст чанд бал мебошад?
06.07.2023
Саидов Хушбахт: Имтиез
Салом Барои довталаби ним ятим чи имтиез дода мешавад
06.07.2023
Довталаби муҳтарам, аз рӯйи муқаррароти "Тартиби додани имтиёзҳо ба довталабон дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон" барои онҳое, ки нимятим ҳастанд, имтиёз пешбинӣ нашудааст. Доир ба имтиёзҳо аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва сомонаи расмии Марказ аз пайванди (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=701) маълумот гирифта метавонед.
17.07.2023
Собиров Анушервон : Дохил шави
Салом ман фахмидан мехохам , ки балли гузариши колечи тибби дар соли 2023 чанд аст
05.07.2023
Довталаби муҳтарам! Бали гузариш барои ин ё он донишгоҳ ё донишкада, инчунин ин ё он гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) муқаррар намегардад, балки ҳар як ихтисоси он вобаста ба шаклу намуди таҳсил бали гузаришро дорад. Инчунин, бали гузариш дар ин ё он ихтисос пешакӣ муайян нест ва он ҳеҷ гоҳ пешакӣ муқаррар карда намешавад ва он дар ҳар як ихтисос вобаста ба шаклу намуди таҳсил танҳо пас аз озмуни тақсимоти довталабон маълум мешавад. Бо балҳои гузариши ихтисосҳо (аз ҷумла, ихтисосҳои коллеҷҳои тиббӣ) тибқи натиҷаҳои озмуни соли 2022 Шумо аз саҳифаи "Маълумоти оморӣ"-и сомонаи расмии Марказ аз пайванди https://www.ntc.tj/tj/imd/malumoti-omor.html шинос шуда метавонед.
20.07.2023
шарипов мухибулло: ба 1 хол чанд фоиз бал дода мешава
ба 1 хол чанд бал дода мешавад
05.07.2023
Довталаби муҳтарам! Пас аз ҳисоби холҳои бадастовардаи довталабон аз рӯйи натиҷаи коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои онҳо холҳои бадастовардаашон ба балҳо баргардонида мешавад, ки ин равандро шкалабандӣ меноманд. Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо тартиб дода мешавад. Мувофиқи тартиби муқарраргардида барои ҳар субтест вобаста аз ҳар қисми имтиҳон (А ва Б) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо ва ё, ба ибораи дигар, шкалаи мувофиқ муайян шудааст. Маълумоти муфассалро дар бораи шкалабандӣ аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=698), дастрас карда метавонед.
17.07.2023
Курбонзрда Билолиддин: Холхоро чихел хисоб кунем ?
Холхори чи тавр хисоб бояд кунем ?
05.07.2023
Довталаби муҳтарам! Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Дар низоми ИМД ба саволу масъалаи тест (вобаста аз шакли он) меъёри холгузорӣ муайян карда шудааст. Шакли саволу масъалаи тест: 1. Бо интихоби як ҷавоби дуруст-1 хол; 2. Муайян кардани мувофиқат - то 4 хол; 3. Бо ҷавоби кӯтоҳ-2 хол.
Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=693) ва ё дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб "муроҷиат намоед.
17.07.2023
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |