Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj
- Асосӣ
-
Дар бораи мо
- Маълумоти умумӣ
-
Сохтор
-
Сохтори умумӣ
- Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
- Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
- Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
- Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
- Шуъбаи молия
- Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
- Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
- Бахши чоп ва бастабандӣ
- Шуъбаи хоҷагидорӣ
- Роҳбарият
-
Сохтори умумӣ
- Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
- Ҳамкориҳо
- Пажӯҳиш
- Вазифаҳои холӣ
- Тамос
- ИМД
-
Ба довталаб
- Роҳнамои довталаб - 2024
- Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
- Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
- Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
- Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
- Намунаи саволу масъалаҳои тест
- Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
- Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
- Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
- Китобҳо
- Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
- Маркази матбуотӣ
- Саволу ҷавоб
*Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Мансурова Кимёхон : довталаб
Асалому алейкум ман ба кластери 5 имтихони супоридам илтимос тарзи хисоби холхоро мефахмонидед чан балкати даромадан мумкин ба коллежи тибби барои чавоб рахмат
06.07.2023
Умарализода Раҳимҷон : Оид ба ҳисоботи ҷавоби саволҳо?
Ассалому алейкум вақте ки мо имтиҳон месупорем ба ҳар як саволи тести бал медиҳад ё хол ҳаминро мефаҳмонд?
06.07.2023
Довталаби муҳтарам! Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Дар низоми ИМД ба саволу масъалаи тест (вобаста аз шакли он) меъёри холгузорӣ муайян карда шудааст. Шакли саволу масъалаи тест: 1. Бо интихоби як ҷавоби дуруст-1 хол; 2. Муайян кардани мувофиқат- то 4 хол; 3. Бо ҷавоби кӯтоҳ-2 хол.
Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=693) ва ё дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб "муроҷиат намоед.
20.07.2023
Наимзода Амина: Балхо
Салом балхоро чи тавр хисоб кардан мумкин?
06.07.2023
Довталаби муҳтарам! Дар низоми ИМД ду мафҳум корбурд мешавад "хол" ва "бал". Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Пас аз ҳисоби холҳои бадастовардаи довталабон аз рӯйи натиҷаи коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои онҳо холҳои бадастовардаашон ба балҳо баргардонида мешавад, ки ин равандро шкалабандӣ меноманд. Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо тартиб дода мешавад.
Мувофиқи тартиби муқарраргардида барои ҳар субтест вобаста аз ҳар қисми имтиҳон (А ва Б) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо ва ё, ба ибораи дигар, шкалаи мувофиқ муайян шудааст. Маълумоти муфассалро дар бораи шкалабандӣ аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=698), дастрас карда метавонед.
20.07.2023
Алимов Хуршед Маҳмадалиевич
Салом ! Барои 1 ҷавоби дуруст чанд балл дода мешавад ?
06.07.2023
Довталаби муҳтарам! Дар низоми ИМД ду мафҳум корбурд мешавад "хол" ва "бал". Ҷавоби дурусти ҳар саволу масъалаи тест (қисмҳои А ва Б) арзиш дорад, ки онро бо хол ҳисоб мекунанд. Дар низоми ИМД ба саволу масъалаи тест (вобаста аз шакли он) меъёри холгузорӣ муайян карда шудааст: 1. Бо интихоби як ҷавоби дуруст-1 хол; 2. Муайян кардани мувофиқат- то 4 хол; 3. Бо ҷавоби кӯтоҳ-2 хол. Барои гирифтани маълумоти муфассал ба сомонаи расмии Марказ (https://ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view= article&id=693) ва ё дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" муроҷиат намоед.
Пас аз ҳисоби холҳои бадастовардаи довталабон аз рӯйи натиҷаи коркарди пурраи варақаҳои ҷавобҳои онҳо холҳои бадастовардаашон ба балҳо баргардонида мешавад, ки ин равандро шкалабандӣ меноманд. Аз рӯйи натиҷаи шкалабандӣ дар доираи ҳар гурӯҳи ихтисосҳо барои ҳар субтест ҷадвали мувофиқати холҳо ба балҳо тартиб дода мешавад. Мувофиқи тартиби муқарраргардида барои ҳар субтест вобаста аз ҳар қисми имтиҳон (А ва Б) шумораи имконпазири ҳадди аксари балҳо ва ё, ба ибораи дигар, шкалаи мувофиқ муайян шудааст. Маълумоти муфассалро дар бораи шкалабандӣ аз дастури иттилоотию методии "Роҳнамои довталаб" ва гунаи электронии он, ки дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст (https://www.ntc.tj/tj/rohnamoi-dovtalab.html?view=article&id=698), дастрас карда метавонед.
20.07.2023
Чумабой Боймуродов: Салом
Салом Варакаи ҷавобҳо дар кабинети инфироди наомадас ай дигарҳо омадаги ай ман ба чои варакаи чавобҳо кисми А бо ранги сурх омадааст ин чи манора дорад...
06.07.2023
Довталаби муҳтарам! Баъди гузаронидани ташхиси техникӣ ин камбудӣ рафъ карда шуд. Дар ҳолати пайдо гаштани суол барои гирифтани маслиҳат ба идораи асосии Марказ дар шаҳри Душанбе ва ё ба яке аз бахшҳои минтақавии Марказ (воқеъ дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Рашт, Панҷакент ва ё Данғара) муроҷиат намоед, ё тавассути телефон бо рақамҳои: (+992 37) 224 53 62; 224 53 67; 224 53 68 бо Марказ дар тамос шавед.
20.07.2023
Эълонҳо
Мақолаҳо
Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...
Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор
Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...
Тақвим
‹ | › | |||||
Ду | Се | Чр | Пн | Ҷм | Шб | Як |