Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОКУНИШИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НАВИШТАИ “Паёмак-иштибоҳи ММТ” ДАР ҲАФТАНОМАИ “СССР”

Нашр шуд: 27 Октябри 2021
Диданд: 1266

Вокуниши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навиштаи “Паёмак-иштибоҳи ММТ” дар ҳафтаномаи “СССР”, 12-уми августи соли 2021, № 32 (673)

 

Дар рубрикаи “Меҳмонхонаи СССР” матлабе бо номи “Паёмак-иштибоҳи ММТ” чоп шудааст, ки тибқи шарҳи редаксия “Бунёд Ҷоншоев, дӯст ва муаллифи ҳамешагии газетаи СССР аз н. Дӯстӣ бо редаксия дар тамос шуда, дар бораи паёмакҳои нодурусти ММТ арз кардааст”. Муаллиф гуфтааст: “1 мушкилии ММТ ин аст, ки дар СМС менависанд, ки шартномаи ину он коллеҷу донишгоҳ, мисол, 5 ҳазор сомонист. Аммо вақте ки фарзандатро барои ҳуҷҷатсупорӣ ба марказҳои дохилшавӣ мебарӣ, шартномаҳо тағйир меёбанд? Аз масъулон пурсидем, мегӯянд, ки аз мо вобастагӣ надорад.”.

Бале, бори дигар дар ин ҷавоб низ мегӯем, ки ин масъала аз Маркази миллии тестӣ (ММТ) вобастагӣ надорад, зеро маълумотеро, ки ба нақшаи қабули донишҷӯён, аз ҷумла маблағи шартномаи таҳсил аз рӯйи ихтисосҳо, дахл дорад, муассисаҳои таълимӣ дар моҳҳои ноябр-декабри соли пеш аз баргузории имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ (ИМД) ба ММТ дастрас мегардонанд. Бояд қайд кард, ки муассисаҳои таълимие, ки дар ин давра маблағи шартномаи таҳсилро барои соли таҳсили оянда муқаррар накардаанд, маблағи мазкурро барои соли ҷорӣ пешниҳод мекунанд. Яъне, миқдори аз ҷониби муассисаҳои таълимӣ пешниҳодшудаи маблағи  шартномаи таҳсил барои ихтисосҳои дахлдор ва барои соли таҳсили ҷорӣ муқарраргардида дар системаи иттилоотии “Довталаб”  (дар қатори дигар маводду матлабҳои иттилоотии Марказ)  нишон дода мешавад.

Дар бораи масъалаи мазкур дар замимаҳои дастури иттилоотию методии “Роҳнамои довталаб”, ки гунаи чопии он ба ҳамаи мактабҳои ҷумҳурӣ дастрас гардонида, шакли электрониаш дар сомонаи Марказ ҷой дода шудааст, чунин таъкид гардидааст: “ДИҚҚАТ! ТАЪКИД МЕНАМОЕМ, КИ ТАҒЙИРЁБИИ МИҚДОРИ МАБЛАҒИ ТАҲСИЛ ДАР ГУРӮҲҲОИ ПУЛАКӢ АЗ МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМӢ ВОБАСТА АСТ”. Аз ин лиҳоз, ҳар довталабе, умуман, ҳар нафари дигаре (аз ҷумла “журналист”-они СССР) андаке масъулияту хоҳишу кӯшиши хондану донистан дошта бошад, ҳангоми интихоби ихтисосҳо ба маълумоти пешниҳодкардаи Марказ диққат медиҳад, аз ин масъала пешакӣ огоҳ мешавад. (Аммо довталабоне низ ҳастанд, ки бо вуҷуди пешниҳоди маводду иттилооти зарурӣ дар шаклу воситаҳои гуногун масъулияте, хоҳише, кӯшише аз ҷониби онҳо зоҳир намешавад ва дар ҳолати ба мушкиле дучор шуданашон чун аҳли СССР (лек, табиист, аз номи “дӯст ва муаллифони ҳамешагӣ”-ашон) Марказро гунаҳгор мекунанд.

Акнун, хонандаи азиз, мунсифона қазоват кунед, ки он чӣ Бунёд Ҷоншоев (хонда шавад: “СССР”) гуфтааст, мушкил (ё, ба қавли редаксия – “иштибоҳ”)-и ММТ аст ё бедиққатии довталаб ё .... Инчунин, кадоме аз ин ду пешниҳод қобили қабулу ба манфиати довталаб аст: нишон додани маблағи тақрибии шартномаи таҳсил ва ё тамоман нишон надодани он, бахусус барои ихтисосҳои маблағи шартномаи таҳсилашон гарон?! Ва ё, ба андешаи хабарнигорони “СССР” ва Ҷоншоевҳо барин “мушкилшинос”-он муқаррар кардани миқдори маблағи таҳсил дар ихтиёри Марказ асту дақиқан ва қаблан онро медонад ва дар тағйир ёфтани миқдораш вай гунаҳгор аст?

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон