Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ВОКУНИШИ МАРКАЗИ МИЛЛИИ ТЕСТИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА НАВИШТАИ “ММТ ва ноҳаққӣ” ДАР ҲАФТАНОМАИ “СССР”

Нашр шуд: 27 Октябри 2021
Диданд: 1389

Вокуниши Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба навиштаи “ММТ ва ноҳаққӣ” дар ҳафтаномаи “СССР”, 12-уми августи соли 2021, № 32 (673)

Дар рубрикаи “Номаҳои электронӣ”-и ҳафтаномаи “СССР” матлабе бо номи “ММТ ва ноҳаққӣ” чоп шудааст, ки дар он сокини ш. Душанбе Фарида Исмоилова гуфтааст: “Ман ҳайрони он ҳастам, ки шахсони камсавод ба ММТ дохил шуда метавонанду босавод не. Чаро? Мешунавӣ, ки фалон хонанда номашро навишта наметавонад, аммо аз имтиҳони тестӣ сарбаландона гузаштааст. Ё хонандаи аълочӣ аз ММТ афтидааст. Ин ноҳаққӣ нест магар.”.

Барои он ки ҳафтаномаи “СССР” бо баҳонаи ҳаҷман калон будани матни ин вокуниш дархости моро ҷиҳати нашри он рад накунад, аз баҳри суханони муқаддамотию тавзеҳӣ, ки бояд гуфта мешуданд, мегузарему ба асли матлаб мепардозем. Ҷавоби суханони муаллиф ва ҳамчунин ҷавоби шарҳи ҳафтаномаи “СССР” ба сухнанони муаллиф сода ва хеле осон аст. Лутфан, Шумо – муаллифи матлаб, инчунин ҳайати эҷодии ҳафтаномаи “СССР” ва ҳар нафари дигаре, ки чунин даъво: “дар низоми ИМД камсавод комёб мешаваду босавод ноком ё камсавод ҷойи босаводро мегирад” доред ва агар Шумо, дар ҳақиқат, ҳақҷӯю ҳақталабед, танҳо ду нафар (таъкид мекунем, танҳо ду нафар, на аз ин беш) довталаберо, ки яке ҳарчанд бедониш буд, тибқи натиҷаҳои ИМД дар озмун комёб гардиду дигаре бо вуҷуди аз довталаби якумӣ донишу маҳорати бештарро доштанаш дар ин озмун ноком гардидааст, ном баред ё биоред, ки якҷоя бо шумо ва дар ҳузури онҳо даъвоятонро бисанҷем. Ва оё дар ҳақиқат яке аз ин ду довталаб босаводу дигаре камсавод буд ё ҳар ду камсавод?! Оё ин ду довталаб ҳамон як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва як комбинатсияи ихтисосро интихоб карда буданд?! Албатта, чунин суханони беасосро борҳо шунидаем ва ҷавоби онро ҳам медонем, ки пеш овардани баҳонаҳо дар хусуси поси хотиру эҳтирому обрӯю хешовандию ҳамсоягию дӯстию шиносӣ ва ҳоказо ва ғайруҳу аст. Агар даъвои “СССР”-у муаллифони “ҳақталош”-аш агар ҳақ бошад, бояд дастгирӣ ва ноҳаққӣ завол ёбад, зеро кори номатлуб ва бад, новобаста аз он ки иҷрокунандааш қаробати насабию сабабие бо шумо ё мо дошта бошад, бояд маҳкум карда шавад.

Як нуктаро мо бояд дар хотир гирем ва сари он мантиқӣ фикр кунем, ки вақте сухан дар бораи ИМД меравад, на 100, на 1000 ва на 10000 довталаб дар назар дошта шудааст, ки чунин ва дигар ҳолатҳои ноадолатӣ ҷой дошта бошанду аз назари ҷомеа дур монданд. ИМД беш аз 100000 довталабро фаро мегирад ва имкон надорад, ки чунин ҳолатеро аз байни онҳо ҳадди ақал 100 нафарашон бинанду боз дар муқобили чунин як ноадолатие хомӯш бимонанд. Албатта, чунин ҳолатҳоро, бо ин ҳама имконоту шароите, ки низоми ИМД барои довталабон фароҳам овардааст, дар сурати ҷой доштанашон пайдо ва исбот кардан корест хеле саҳлу осон.

Тасаввур кунед, агар чунин ҳолатҳое ҷой дошта бошанд, оё гуфтани насаб, ном ва номи падари ду нафар (тавре ки борҳо таъкид кардаем ва ин бор низ таъкид мекунем, ақаллан ду нафар, на аз ин беш) довталабе, ки ҳар ду ҳамон як гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) ва як комбинатсияи ихтисосро интихоб карда бошанду яке бо камдонишиаш тибқи натиҷаҳои ИМД дар озмун комёб гардаду дигаре бо вуҷуди аз довталаби якумӣ дар донишу маҳорат бартар буданаш дар ин озмун ноком гардида бошад, мушкил аст?!

Вақте дар озмун як довталаб бо 100 бал аз рӯйи як комбинатсияи ихтисоси каминтихоб (нишондиҳандаи озмунаш паст) комёб мегардаду довталаби дигаре бо 300 бал аз рӯйи як комбинатсияи ихтисоси дигар, ки серинтихоб (нишондиҳандаи озмунаш баланд) аст, комёб намешавад, ин маънои онро надорад, ки довталаби аввалӣ бо камсаводиаш ҷойи довталаби дуюмии саводаш бартарро гирифтааст. Табиист, ки агар довталаби дуюмӣ низ комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи довталаби якумиро бармегузид, дар озмун ӯ комёб мешуд, на якумӣ. Агар барои баъзе аз нафарон боз ҳам содатар фаҳмонем, дар сурате ки довталаби дуюмӣ комбинатсияи ихтисоси интихобкардаи довталаби якумиро барнагузида бошад, чӣ гуна ӯро ба ҷойи довталаби якумӣ гузаронанд?!

Нуктаи ҷолиб ва аҷиб ин аст, ки вақте бо рақами телефоне (885 55 35 35), ки онро ҳафтаномаи “СССР” ба муаллиф нисбат додааст, занг зада, хостем дар бораи ҳолати “ноҳаққӣ”-и баённамудааш маълумот гирем, маълум гардид, ки ному насаби ӯ дигар аст ва муҳимтар аз ин, ӯ чунин суханонеро нагуфтаасту умуман ин ҳафтаномаро намехонад (рақами телефон бо розигии соҳибаш оварда шудааст). Чунин масъулияти “баланд”-и ҳайати эҷодӣ ё ба қавли муаллиф “кормандони содиқи” ҳафтаномаи “СССР”-ро, ки боиси гумроҳии дигарон ва иғвою ихтилофангезӣ дар байни ҷомеа мегардаду ҳам далели касбияти маҳорату масъулияти журналистӣ надоштани кормандони газета аст, метавон фоҷиае номид дар рӯзноманигорӣ.

Мо ба қадри имкон кӯшидем, ки кӯтоҳу мухтасар ва бе тавзеҳу тафсири баъзе нукот посух гӯем, вагарна ....

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон