Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТЭТ ҲНИТ ТАТБИҚГАРИ СИЁСАТИ БАДХОҲОНАИ ҲОКИМИЯТИ СИЁСИИ ЭРОН БАР ЗИДДИ ХАЛҚИ ТОҶИК

Нашр шуд: 31 Майи 2018
Диданд: 1845

Душанбе, 31-уми майи соли 2018

Ташкилоти террористиву экстримистии ҲНИТ имрӯзҳо яке аз овозадортарин масъалаи расонаҳои шабакаҳои интернетӣ ва ВАО гардидааст, ки аъзоёни он рӯз то рӯз ба ҳар роҳу усул мехоҳанд оромӣ, сулҳу субот ва амнияти кишварро халалдор намоянд. Барои расидан ба ҳадафҳои нопоки худ аз дурӯғу тӯҳмат ва дасисаҳо даст намекашанд ва бо ҳар роҳу васила мехоҳанд мардуми тоҷикро бар зидди давлату ҳукумат бархезонанд. Зеро чуноне, ки аз пайомадҳои онҳо бармеояд хоҷагони онҳо талаби ҳарчи зуддтар бар по хезондани мардуми тоҷикро хоҳонанд. Аз ин лиҳоз созмони террористӣ ва экстримистии “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” аз пешбурди фаъолияти сиёсӣ берун гашта, бо нашру пахши ҳар гуна муроҷиатномаҳову баёнияҳову изҳороти худ фазои сиёсии кишварро ноором гардонидан мехоҳанд. Аз ин ҳама муроҷиату садобаландкуниҳои аъзоёну пайравони ҲНИТ оҳанги таҳдиду таҳқир садо медиҳад.

Чанде пеш номаи мушовири Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон А.Раҳнамо ба сафири собиқи ин кишвар дар Тоҷикистон Саидрасули Мусавӣ тариқи расонаҳо ба нашр расида буд. Ҷонибдорони “ҲНИТ” онро мавриди баррасӣ қарор дода, аз номи Ҷумҳурии Исломии Эрон ба А.Раҳнамо ҷавоби бемантиқу бемазмун додаанд, ки онро чун таҳдиднома маънидод намудан мумкин аст. Он таҳдидномаест, ки ба ягон чаҳорчӯбаи ақлу заковат ва муносибат мувофиќат намекунад. С.Мусавӣ дар изҳороти худ бо кинаву адоват мегӯяд, ки “Мо манофеи зиёде дар иртибот бо Урупо дорем, вале намедонам манофеи Эрон дар Тоҷикистон чист?” аз ин суханони С.Мусавӣ бармеояд, ки ӯ гуфтан мехоҳад, ки Тоҷикистон дар назди ӯ ва кишвараш ҳеҷ арзиш ва ҷойгоҳе надорад. Аз ин изҳороти С.Мусавӣ суоле ба миён меояд, ки агар Тоҷикистон назди ӯ ва Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳеҷ арзиш ва ҷойгоҳе надошта бошад, пас Тољикистонро ба ҳоли худ бигзоранд ва коре ба корҳои дохиливу хориҷии он надошта бошанд. Агар онҳо надонанд, ки манфиаташон дар муносибат бо Тоҷикистон чист, пас чаро як ҳизби сиёсие, ки Ҳокимияти давлатӣ онро террористиву экстримистӣ эълон кардаасту аъзоёнашро хоини ватан ба нафъи ҳадафҳои нопоки худ ҳимоят мекунанд. Агар онҳо ҳимояи манфиатҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИТ–ро ба хотири ҳимоя аз адолат иброз менамоянд, пас бидонанд, ки мардуми Тоҷикистон ба чунин ҳомиёни бардурӯғи адолат эҳтиёҷ надорад ва нахоҳад дошт. Агар ҶИЭ дӯсту ғамхори Тоҷикистон мебуд имрӯз Ҳизби мамнӯъшудаи наҳзати ислом дар Тоҷикистон ва роҳбарони онро пуштибонї намекард.

Аъзоёни ҲНИТ хоинони ватан буда, онҳо бо ҳар роҳу васила мехоҳанд амалҳои террористии худро рӯйпӯш намоянд. Аз таҳқиқи матлаби “Бузургтарин хатар аз уламои хоин аст” маълум мегардад, ки ҳамаи зиддиятҳои иброзгардида бофтаву хаёлианд. Ба хулосае омадан мумкин аст, ки агар А. Раҳнамо ба собиқ сафири Ҷумҳурии Исломии Эрон дар Тоҷикистон С.Мусавӣ паёме ирсол намудааст, чӣ ҳоҷат ба он аст, пайравони ҲНИТ, ки онро Сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ҳамчун созмони террористӣ ва экстримистӣ шинохтааст, ҷавоб диҳанд. Аз ин маълум мегардад, ки аъзоёни “Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон” пойбанди кадом давлатанд ва бо кадом сабаб тарафгири С.Мусавианд. Аъзоёни сиёҳкори ҲНИТ дар ҳисоботу гузоришҳои худ барои ҳимояи манфиати сарпарастони худ ҳамаи масъулинро ба роҳ андохтаанд. Ҳар он нуқтаҳое, ки дар сомонаҳои аз тарафи аъзоёни ТЭТ ҲНИТ паҳн карда мешаванд ба фаъолият ва аъмоли онҳо пайвастагии ногусастанӣ дорад.

Хиёнаткорону хоинони Ватан борҳо ба давлату миллат хиёнат кардаанд. Нигорандаи ҲНИТ хиёнатҳои худро эътироф намуда мегӯяд: “Албатта, мухолифин ҳам бегуноҳ набуданд”, ки ин гуфтаҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки дар ҳақиқат, дар ҳодисаҳои солҳои 90-уми асри гузаштаи Тоҷикистон даст доштаанд.

Кӯмакрасону пуштибонони ҲНИТ то ба имрӯз аъзоёни хиёнаткори ин ташкилотро маблағгузорӣ мекунанд, то ба ҳадафҳои нопоки худ ба ин васила расанд. Аз гуфтору навиштаҷотҳои аъзоёни хиёнаткори ҲНИТ бармеояд, ки косаи хоҷагони онҳо лабрез шудааст ва бар ивази маблағҳои гирифтаашон ҷавобан мехоҳанд ҳарчи зудтар сулҳу амнияти кишвар халалдор намоянд. Ҳамаи ин танҳо ба хотири манфиати шахсиву гурӯҳӣ ва амалӣ кардани ақидаҳои нопоки худ асту бас. Зеро аз хориҷ идора мешаванд ва талабу хостаҳои онҳоро иҷро мекунанд.

Маблағгузориву ҷонибдории ҶТЭ аз ТЭТ “ҲНИТ” ва роҳбарони он барои тамоми шаҳрвандони Тоҷикистон ба таври ошкоро аз он шаҳодат медиҳад, ки доираҳои манфиатдори сиёсиву мазҳабии Ҷумҳурии Исломии Эрон на танҳо феълан балки қаблан низ аз ҳимояи ин ҳизби нохалаф дар куштаву саргашта шудани шаҳрвандони Тоҷикистон даст доштааст.

То ҳол ҶИЭ расман ТЭТ ҲНИТ-ро дастгирӣ менамояд ва бо ин роҳ ошкоро нишон медиҳад, ки зидди оромӣ ва сулҳу субот дар Тоҷикистонанд. Дар ин ҷо суоле ба миён меояд, ки оё чунин муносибат кардан нисбат ба давлат ва миллати тоҷик шоиста аст......?

Сиёсатмадорони ҶИЭ бояд андеша намоянд, ки барои чӣ Эрон дар мавриди талош барои густариши мавқеъ ва нуфузи худ дар Осиёи Миёна ва Афғонистон бо вуҷуди доштани имкониятҳои зиёд муваффақ намешаванд ва ба мушкилот дучор мешаванд. Баръакс бо дастгирӣ намудани гурӯҳҳои нохалаф тадриҷан нуфузи сиёсиву иқтисодии доштаашонро аз даст медиҳанд.

ҶИЭ аз ҷиҳати геосиёсӣ хело муҳим буда сарҳади бархӯрди манофеи давлатҳои манфиатҷӯ бо мақсади густариши таъсиру нуфузи худ бо ҳам рақобати тезу тунд доранд ва нисбати ҳамдигар бешак мушкилот эҷод мекунанд. Лекин омили асоси коҳиши эътибори Эрон дар ин қаламрав бештар ба сиёсати мазҳабмеҳвари он аст. Маҳз ин сиёсат имрӯз монеаи асосии густариши робитаи байни Эрон ва он кишварҳоест, ки бо онҳо дар заминаи муштараки таърихиву фарҳанги Эрон имконоти аз ҳама бештари ҳамкориҳоро дорад. Чуноне, ки маълум аст кишварҳои мутараққї бо мақсади ба вучуд овардани заминаҳои нуфузи худ муддатҳои тӯлонӣ сармоягузорӣ мекунанд. Лекин тааҷубовараш он аст, ки ҶИЭ бо корбурди сиёсати мазҳабмеҳвари худ заминаҳои таърихан вучуддоштаи нуфузи давлати худро бо дастгириву маблағгузори намудани ТЭТ ҲНИТ бо иқдоми худ аз даст медиҳад.

Аз ин пас ҶИЭ набояд худро мусаввири манзараи сиёсии Тоҷикистон тасаввур намояд ва ТЭТ ҲНИТ ва аъзоёни онро мавриди кор қарор дода, бо нақшаву ақидаҳои нопоки худ вазъияти сиёсии кишвари моро халалдор намояд. Аз ин рӯ халқу миллати тоҷик ба ин ҳизби мамнӯъ, хиёнаткор ва пуштибонону сармоягузорони он ҳаргиз имконият намедиҳад, ки бо иғвову барангехтани кинаву адоват нисбат ба ҳукумату давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон дигарбора вазъияти кишварро ноором созанд ва ба сулњу суботи кишвар халалдор гарданд.

 

Бознашр аз сомонаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров (http://hgu.tj/habarho/siyosi/mufassal/tj/377).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон