Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ТАҲДИДРО БИШНОСЕМ...

Нашр шуд: 21 Майи 2018
Диданд: 1406

Душанбе, 21-уми майи соли 2018

Дар мулоқоти рӯзи 12-уми майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баробари муҳокимаву таҳлили ҳамаҷонибаи бахшҳои мухталифи ҳаёти мардум инчунин ба масъалаи вазъи кунунии ҷаҳони муосир. таҳдидҳои зуҳуроти даҳшатафкани ифротгароиву терроризм таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.

Воқеан, терроризму экстремизм аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳоло барои аҳли башар ба хатари рақами як мубаддал гардидаанд. Гурӯҳҳои ифротӣ бо мақсади даст ёфтан ба ҳадафҳои муғризонаи худ аз ҳамаи роҳҳои мавҷуда кор мегиранд. Ҳарчанд зуҳуроти терроризму экстремизм дар дарозои таърих ҳамеша мавҷуд будаву инсоният аз оқибатҳои бади он огоҳ, аммо дар чанд соли охир ифротгароиву терроризм бо намудҳои наве зуҳур карда, мушкилоти сайёраро дар самти мубориза бо он беш аз пеш мушкилтар мегардонад. Дар асл ҳеҷ як давлатеро наметавон пайдо намуд, ки ин зуҳуротро маҳкум накунад ва ё бо ҳар роҳ бар муқобили он мубориза набарад. Аммо коршиносон бар он боваранд, ки бо вуҷуди талошҳои зиёди қудратҳо ва дар маҷмӯъ кишварҳои олам терроризму ифротгароӣ ҳамоно чун доғи сиёҳе дар пешонии асри 21 боқист.

Тибқи таҳқиқоти коршиносон агар дар гузашта унсурҳое ба мисли қабилагароӣ, таассуби нажодӣ ва амсоли он боиси анҷом ёфтани чунин зуҳурот мегашт, дар чанд даҳсолаи ахир ин раванд то андозае хусусияти динӣ касб намуда истодааст. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд.

Ҳоло дунё хатари бузурги терроризму ифротгароиро ба хубӣ дарк ва эътироф намудаву тадбирҳои шадиди амниятиро дар ин самт ба роҳ мондааст. Аммо чунончи таҷриба собит месозад, танҳо бо роҳи низомиву ба истилоҳ “силоҳ” наметавон дар мубориза бо ин зуҳурот муваффақ гашт. Чунончи, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Рамҳон дар ин бора зикр намуданд: “Таърихи ду даҳсолаи ахири Афғонистон собит кард, ки терроризм ва ифротгароиро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ решакан кард”.

Дарвоқеъ, ҳузури чандинсолаи неруҳои низомии НАТО ва Амрико дар Афғонистон, нишон дод, ки ҳоло таваҷҷуҳ бояд ҳарчи бештар ба масоили идеологӣ равона карда шавад. Бо назардошти нуктаҳои мазкур метавон ба хулоса расид, ки терроризму даҳшатафканиро бояд ҳамаи кишварҳои сайёра ҳамчун бӯҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои заруриро дар самти мубориза бо он ба роҳ монанд.

 

Муҳиддин Алиев,

мутахассиси пешбари Кумита

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/919).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон