Душанбе, 27-уми апрели соли 2018
Неруҳои ҷонибдори исломи сиёсӣ, ки дар аввали садаи бистум, аниқтараш баъди анҷом ёфтани Ҷанги якуми ҷаҳонӣ, ба шикасту буҳрони маънавию сиёсӣ дучор шуда буданд, дар солҳои баъдӣ дигарбора тасмим гирифтанд, ки ба хотири татбиқи манфиатҳояшон ба арсаи сиёсати минтақавӣ ва ҷаҳонӣ ворид гарданд.
Муқовимат ва мубориза алайҳи салтанат, қудрат, сиёсат, фарҳанг ва ҳунари аврупоӣ дар шакли созмонёфта роҳандозӣ шуд ва яке аз нерумандтарин ҷунбишҳои динӣ – сиёсии қаламрави Шарқи мусулмонӣ дар ибтидои садаи бистум силсилаи наҳзатҳои динӣ – исломиро ба вуҷуд овард, ки маъруфтарини онҳо созмони «Ихвон-ул-муслимин» ва ҷунбиши «Салафия» (Ваҳҳобия) мебошад. Аз лиҳози мафкуравӣ, назарӣ-теоретикӣ ва хати меҳварӣ ҳаракатҳои «Салафия» ва «Ихвон-ул-муслимин» аз як ҷавҳари идеологӣ бархӯрдоранд ва он бозгашт ба исломи аввалия, исломи ноб ё салаф мебошад. Илова бар ин, асосгузорону муҷриёни ин ҳаракатҳои исломӣ худро муслиҳ ва ислоҳотталаби динӣ муаррифӣ карда, рисолати худро дар бозгашт ба салаф (пешина ва гузаштагони аввалияи динӣ – «ас-салафу солиҳин») ва боздоштани халаф (насли нав, имрӯзиён) аз бидъату куфр дониста, дар ин роҳ тамоми имконоти молию маънавӣ ва фикрию сиёсиро сарф мекарданд. Исломро дар қолаби Қуръону суннат ва хулафои рошидин маҳдуд намудан, ҳар он чи ки берун аз ин чаҳорчӯб вуҷуд дорад, бидъату куфр талаққӣ кардан, ҷузъиёту куллиёти арзишҳои баъдии динӣ – мазҳабӣ ва миллию мардумиро ба шадидтарин шева таҳқиру такфир сохтан ва саранҷом ба исломи «ноб» баргаштан воқеияти ҷунбишҳои сиёсӣ – экстремистии муосири исломӣ, минҷумла салафияро ташкил медиҳанд. Ин суннати фикрӣ ва идеологӣ, ки дар батни ҷунбиши салафӣ нуҳуфтааст, дар охири асри бист ва ибтидои садаи бисту як на танҳо коҳиш наёфт, балки бо шиддати бештар дар миёни табақоти иҷтимоӣ ва ҷомеаҳои қаламрави Осиёи Марказӣ паҳн гардид.
Салафия ба сифати ҷунбиши сиёсӣ ва динӣ ибтидо дар партави мазҳаби ҳанбалӣ (яке аз мазҳабҳои чоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат) созмон ва бо мурури замон ба як ҷараёни фикрию сиёсӣ ва мафкуравӣ табдил ёфта, бо мазоҳиби анъанавии исломӣ, бахусус мазҳаби ҳанафӣ, ба набарди сиёсӣ – мафкуравӣ пардохт. Сайри таърихии ҷунбиши Салафия ин нуктаро собит месозад, ки он дар садаи XIV милодӣ дар асоси афкору андешаи Ибни Таймия зуҳур карда, пояҳои фиқҳию ақидатиаш ташаккул ёфтаанд. Дар марҳилаи баъдӣ таблиғгари аслии салафия Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб буда, пас аз ӯ ин ҷараён, асосан таҳти унвони «Ваҳҳобия» маъруф шуд. Салафия пас аз Абдулваҳҳоб моҳияти шадиди сиёсӣ пайдо намуда, дар олами ислом ба як омили ташаннуҷи вазъ ва василаи муборизаҳои сиёсӣ табдил ёфт.
Бояд қайд кард, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳолати карахтии сиёсӣ – идеологиро пушти сар мекард, гурӯҳҳои мухталиф бо истифода аз халои фикрию сиёсӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гурӯҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани неруҳои нав аз ҳисоби насли ҷавон сафарбар намуданд. Салафиён низ муборизаи худро дар солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон ба ҳамин мақсад оғоз намуданд. Бояд фаромӯш насозем, ки як қисми масъулону аъзоёни ниҳоят мутаассиб ва ифротии ташкилоти террористӣ – экстремистии ҲНИТ маҳз салафиҳо буданд, ки бо амалҳои тахрибкоронаашон сабабгори сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон гардида буданд.
Дар замони муосир назарияпардози нави салафия доктор Насриддини Албонӣ (дар охирҳои асри XX ва аввали асри XXI зиндагӣ ва фаъолият намудааст) бо дидгоҳҳои ифротии худ нисбати мазҳабҳои аҳли суннат ва ҷамоат равияи салафияро моҳияти ифротӣ ва бунёдгароёна дода, мавҷи нави паҳншавии онро таъмин намуд. Ҷонибдорони ин равия ба зоҳири оятҳо ва ҳадисҳо такя намуда, зидди ҳама гуна дониши ботинӣ ҳастанд ва имконоти мавҷудияти маърифати шуҳудӣ ва илҳомро рад менамоянд. Дар айни замон, мондани риши дароз, пӯшидани шалвори кӯтоҳ барои мардҳо ва пӯшидани ҳиҷобу рӯсарӣ барои занҳоро аз ҷумлаи заруриёти динӣ мешуморанд.
Салафия ва салафигароён ҷиҳодро рӯҳияи ислом меҳисобанд ва исломро бе ҷиҳод ҳамчун мурдаи беҷон медонанд. Салафиён бар он андешаанд, ки ҷиҳодро бояд на танҳо барои мудофиаи ислом ва кишварҳои исломӣ, балки ба муқобили тамоми ашхос ва низомҳои давлатие, ки барои инкишоф ва паҳн гардидани ислом садди роҳ мешаванд, истифода бурд.
Ин буд, ки тарафдорони ин равияи ифротӣ дар баҳсҳои лафзию ақидатӣ бештар рӯйи ҷиҳод ҳамчун усули ақидатӣ ва заруриёти динӣ тамаркуз мекарданд. Доираи баҳсҳое, ки дар солҳои ахир, махсусан солҳои 2004 – 2010, миёни уламои суннатӣ ва мубаллиғони салафӣ дар матбуоти даврии вақт сурат гирифта буданд, ба масоили тавҳидӣ ва арзишӣ рабт доштанд ва боиси даргириҳои ақидатӣ дар ҷомеа гардиданд.
Ҷунбиши ифротии «Салафия», ки Суди Олии Тоҷикистон дар қаламрави кишвар ба ҳайси иттиҳоди экстремистӣ ё ифротгаро шинохта, январи соли 2009 фаъолияти пайравони онро дар Тоҷикистон манъ карда, тавассути ҳалномаи худ аз 8 декабри соли 2014 торнамоҳои ин равияро низ бастааст, имрӯз ҳам ба воситаи сармоягузорони пасипардагии хориҷӣ ва минтақавӣ маблағгузорӣ мешавад ва ба сифати тарҳи сиёсӣ барои барангехтани ихтилофоти динию дунявӣ дар муҳитҳои иҷтимоӣ мавриди истифода қарор мегирад. Муҳимтар аз ҳама, кор бо насли ҷавон ҳадафи аслии барномасозону сенариянависони муосири ин равияи ифротии динӣ мебошад. Ин аст, ки муҷриёни салафӣ бо истифода аз усулу шеваҳои ҷадиди равонӣ, сиёсӣ, мафкуравӣ ва иҷтимоӣ бо насли наврасу ҷавон бархӯрд мекунанд.
Шурӯъ аз ибтидои садаи бисту як салафиён барномаҳои махсуси равонӣ – интеллектуалӣ ҷӯр карда, ба фазои маҷозӣ роҳ ёфтаанд ва таҳоҷуми равониву фишори мағзиро болои корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳои иттилоотӣ таҳмил менамоянд. Албатта, ин «бориши мағзӣ» бидуни сармоягузории сенариянависону бозигарони хориҷӣ сурат намегирад.
Фарогирии донишҳои муосири фаннӣ ва техникӣ, гуманитарию инсоншиносӣ мубаллиғони дохилию хориҷии ҷараёни «Салафия» – ро дар баробари уламо ва рӯҳонияти суннатӣ муқовиматпазир сохта, дар миёни насли ҷавон нуфузманд мекунад. Дигар ин ки пахшу паҳни таълимоти салафӣ ва мавъизоти мазҳабӣ аз тариқи сомонаҳои интернетӣ ва маводи аудио – визуалӣ раванди ҷалби насли ҷавони ҷомеаро ба гурӯҳҳои ифротӣ таҳким мебахшад.
Надоштани огоҳиҳои муқаддамотӣ дар заминаи шинохти ҳаракатҳои тундрави исломӣ ҷавононро ба вартаи хурофоти динӣ мепартояд. Аз ҷониби дигар, имрӯз қисмати зиёди насли миёнсол ва солманди ҷомеа ҳам дар робита бо шинохти исломи сиёсӣ ва масоили марбута ба он омодагии фикрӣ, ақидатӣ, мафкуравӣ ва илмӣ надорад. Он чи ки медонад, муште шунидаву тасаввуроти хушки хурофотӣ асту бас. Аз ин ҷост, ки баланд бардоштани доираи донишу биниши ҷомеа, бахусус ҷомеаи мадании тоҷик дар нисбати равандҳои муосири сиёсӣ ва динӣ амри зарурист.
Ҷавононе ки дар инҳисори фикрӣ, ақидатӣ ва фарҳангӣ гирифторанд, бештар мавриди истифодаи гурӯҳҳои экстремистии динӣ, аз ҷумла салафия қарор мегиранд ва ба боварҳои ҳувиятситези он тамоил пайдо менамоянд. Азбаски насли ҷавон бештар ба шабакаҳои иҷтимоӣ саргармӣ дорад, аз муҳтавои ин равияи экстремистӣ ва соири ҷунбишҳои террористии исломӣ огаҳӣ пайдо менамояд ва ба таври механикӣ ба онҳо мутамоил мешавад. Муҳимтар аз ҳама, фазои маҷозӣ имрӯз ба майдони тарғиботи мазҳабӣ ва матолиби хурофотӣ табдил ёфтааст ва ҷавонони мо, ки дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доранд, танҳо аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ё ба истилоҳ, фазои маҷозӣ оламро мешиносанд. Дар ин фазо бошад, ақоиди ифротӣ ҷавлон мезананд ва эҳсоси ҳайрату тааҷҷуби насли ҷавони корбарро бармеангезанд.
Ҷойи нигаронӣ он аст, ки имрӯз насли салафиёни ҷадид ё модерн ташаккул ёфта истодааст, ки дар зоҳир ба дунявиён монанданд ва ботинан ашадитарин пайравони ҷараёни салафианд. Онҳо барои фиреби назар ва ошкор накардани симои воқеии хеш аз тарзи либоспӯшии аврупоӣ, шеваи муоширати маданӣ, муколимаи фарҳангӣ ва гаштугузори имрӯзӣ истифода карда, ба фазо ва муҳитҳои иҷтимоӣ роҳ меёбанд, дар сохторҳои расмӣ – давлатӣ ҷойгоҳ пайдо менамоянд, имиҷи сиёсӣ касб месозанд ва аз ин тариқ ба арсаи сиёсати дунявӣ қадам ниҳода, низоми давлатдории дунявиро аз дарун хароб мекунанд. Мушкил дар шинохт ва ташхиси ҳувияти онҳост, ки дар пардаи сиёсати замон ва ҷомеаи шаҳрвандӣ пинҳон шудаанд.
Ба таври бояду шояд амал накардани муассисаҳои фарҳангӣ, маориф ва маърифатӣ яке аз сабабҳои гаравиши ҷавонон ба салафия ва созмонҳои дигари экстремистӣ шуда метавонад. Бар илова, тағйир наёфтани фонди китобхонаҳои музофот, дур шудани ҷомеа аз китобу китобхонӣ, сохтаву сунъӣ гузарондани чорабиниҳои фарҳангию маърифатӣ, дар иттиҳоду ҳамбастагӣ қарор надоштани ниҳодҳои иҷтимоӣ ва маданӣ сабабгори осебпазирии иҷтимоӣ ва фарҳангӣ дар минтақа мегардад.
Танҳо аз роҳи тарвиҷи фарҳангу ҳунар ва донишу маърифат метавон сатҳи нуфузи хурофот таассуби динӣ – мазҳабиро, ки дар маркази таваҷҷуҳи созмонҳои экстремистию террористӣ қарор доранд, коҳиш дод ва роҳро барои рушди демократия ва озодандешӣ ҳамвор сохт. Бинобар ин, ба масъалаи мубориза бар зидди фаъолияти тахрибкоронаю душманонаи ҷараёни «Салафия», ТТЭ ҲНИТ ва ташкилотҳои дигари террористию ифротӣ ҷиддӣ таваҷҷуҳ бояд кард ва шароити мусоидро барои рушди илму маориф ва фарҳангу ҳунар дар минтақа ба вуҷуд овард.
Фаридун ОРИЁӢ
Бознашр аз рӯзномаи “Ҷумҳурият”