Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ПОБАРҶО ВА УСТУВОР БИИСТЕМ!

Нашр шуд: 20 Апрели 2018
Диданд: 1440

Душанбе, 20-уми апрели соли 2018

Тоҷикон, замоне ки дар муқобили таҳоҷуми бегонагон истодагарӣ мекарданд, аҳолии дигар мамлакатҳои аз ҷониби арабҳо фатҳшуда, ба монанди Байнаннаҳрайн, Шом, Фаластин, Миср ва Шимоли Африқо дар муқобили забони арабӣ забони худро тадриҷан аз даст доданд. Вале гузаштагони мо баъд аз он ки ба тобеияти арабҳо даромада буданд, забони худро ҳифз карданд ва дар амон нигоҳ доштанд. Ҳатто, ҳамчунон ки таърих гувоҳӣ медиҳад, мардуми Бухоро ҷиҳати ҳифзи забон ва алоқае, ки ба забони модариашон доштанд, дар оғози ғалабаи ислом бо ин шарт ин динро қабул карданд, ки дар намоз «Қуръон» — ро ба тоҷикӣ бихонанд!

Муҳаққиқон яке аз омилҳои дар муқобили таҳоҷуми бегонагон зинда мондани ҳувияти миллии тоҷиконро ба он вобаста медонанд, ки миллати мо то ҳуҷуми аъроб давлат ва истиқлоли муайян дошт.

Чунон ки ишора шуд, омили дигар ҳифз ва эҳёи эҳсосоти қавмӣ ва ҳаракатҳои миллӣ буд. “Туғёни Хотуни Бухоро, ки ба ҳамроҳии Хоқони турк бар араб шӯрид”, намунаи аввалини ҳаракатҳои истиқлолхоҳии мардуми мо будааст. Иқдоми Абумуслими Хуросониро алайҳи банни Умия муҳаққиқон намунаи дигари ҳаракати миллии мо донистаанд. Қиёмҳои Синдбод ва Муқаннаъ низ моҳияти миллӣ доштанд. «Исёни Муқанаъ»-и устод Айнӣ бар ин маънӣ далолат мекуунад.

Яъқуби Лайс аз муҳимтарин пешвоёни ҳаракатҳои миллист, ки бо такя ба қудрати айёрон тавонист бо зӯри шамшер ҳукумати миллиро барқарор кунад.

Муборизаи рӯшанфикрони тоҷик дар солҳои бист низ барои ҳифз ва эҳёи забони тоҷикӣ ба наҳве идомаи ҳамон ҳаракатҳои миллиест, ки баъд аз истилои араб дар роҳи ҳифзи ҳувияти миллӣ зуҳур кардаанд. Ва боз ҳам зиндагиномаи устод Айнӣ бар ин гувоҳӣ медиҳад. Ва ин ҳама далели он аст, ки шинохти миллат дар шахсияти фарзандони асили миллат ҷойгоҳи асосӣ доштааст.

Агар бунёди шахсияти фарҳангӣ поя бар унсури худӣ надошта бошад, эҳтимоли зуҳури бегонапарастӣ, худфурӯшӣ ва ватанфурӯшӣ дар миён аст, ки фарҷоми он худношиносист.

Дар ин замина суол ин аст: чаро дар душвортарин давраҳои таърих фарзандони миллат ба миллати худ хиёнат ва дурӯягӣ мекунанд? Ба андешаи мо, заминаи миллӣ дар бинои ҳастии ин гуна афрод устувор нест, бинобар ин ҳам дар лаҳзаҳои душвор онҳо майл ба бетафовутӣ ё бегонапарастӣ ва ё корҳои дигар мекунанд.

Агар фазои фарҳанги миллӣ мукаммал бошад, шахсияти фарҳангии устувор ва солимандеша ба воя мерасад. Мутаассифона, солҳои бист ё сӣ азбаски миллати мо дар фазои мукаммал ва ягонаи фарҳангӣ зиндагӣ намекард, баъзе аз фарзандонаш ба осонӣ “гӯли аҷониб” хӯрданд. Ин муҳит шахсиятҳои «дубаҳраеро» (аз таърих номи онҳо бароямон шинос аст ва ин ҷо такрор намекунем) ба майдон овард, ки қисме аз фаъолиятҳои онҳо нанги миллат ва таъриханд.

Ҳодисаҳои гароиш ба динҳои дигар ва пайвастан ба гурӯҳҳои ифротӣ намунаи чунин ҳодисаи номатлуб дар таърихи навини тоҷикон аст.

Таблиғгароне, ки ҳаммиллатони моро бероҳа мекунанд, пеш аз ҳама, ғаразҳои сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд. Онҳо мехоҳанд ҳавзаи нуфузашонро вусъат бахшанд. Ҳадафи бештарашон миллати моро аз дарун пора кардан аст. Таърихи ду асри охири миллати мо гувоҳ аст, ки таблиғгарони хориҷӣ барои манфиатҳояшон шахсиятҳои ҷудогонаи миллӣ ва ормонҳои дарозумри тоҷиконро қурбони нафс ва ҳадафҳои ҷаҳонхориашон кардаанд.

Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон барҳақ иброз доштаанд:

“Мо Ватан дорем, миллати сарбаланд дорем, имон дорем. Қадри ин неъмат бояд донист. Бояд дар ёд дошт, ки Миллат, Ватан, Имон ивазнопазир аст. Меҳан, Миллат, Дину Диёнат мафҳумҳои муқаддасанд, ки ба чизе, ба волотарин арзише наметавон иваз кард. Зарур аст, ки бар сари онҳо побарҷо ва устувор биистем”.

 

Сайрам Бақозода,

номзади илмҳои филологӣ

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/791).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон