Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ОМИЛҲОИ ГУСТАРИШИ ФАЪОЛИЯТИ ГУРӮҲҲОИ ИФРОТӢ ВА РОҲҲОИ ПЕШГИРӢ АЗ ОН

Нашр шуд: 06 Апрели 2018
Диданд: 954

Душанбе, 6-уми апрели соли 2018

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба масъалаи таъмини амнияту субот дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон дахл намуда, таъкид доштанд: «Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявию иҷтимоӣ узви ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, дар ҷараёни таҳаввулоти босуръати ҷаҳонишавии муносибатҳои иқтисодию иҷтимоӣ ва рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёт қарор дорад».

Имрӯз дар як қатор давлатҳои исломӣ ҷангҳои харобиовар идома дошта, боиси афзоиши шумораи фирориёни иҷборӣ, гуруснагӣ ва шиддат гирифтани проблемаҳои дигари иҷтимоӣ гардидаанд. Терроризм ва ифротгароӣ беш аз ҳарвақта авҷ гирифта, бо оқибатҳои даҳшатбору бераҳмонаи худ ба проблемаи ҷиддитарини инсоният дар асри XXI табдил ёфтааст. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт. Аз оғози ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз масъалаи муҳим ба монанди таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Яке аз ташкилотҳои ҷудоандози терористӣ ин ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мебошад.

Аз рӯи хабари сарчашмаҳо ТЭТ ҲНИТ вақтҳои охир аз таҷрибаи макоронаи ДИИШ эҳтиёткорона истифода бурда, усулҳои махфии наверо ба манфиати наҳзат ва масъулинаш барои ҷалби ҷавонон ба ҳалқаи худ мавриди истифода қарор додааст. Масъулини ҲНИТ дар ин давра барои худро дар назди хоҷагонаш сафед кардан аз ҳеҷ кор даст намекашиданд. Ин гурӯҳҳои наҳзатиро нафароне ташкил медиҳанд, ки дар қароргоҳҳои махфии низомии ДИИШ таълими террорӣ гирифта, бевосита ба содир намудани ҷиноятҳои мудҳиш, аз қабили қатлу ғорат, одамрабоӣ, одамкушӣ ва роҳзанӣ роҳбаладӣ карда мешаванд ва ин гурӯҳҳоро “ҷанговарони қавииродаи наҳзат” ном мебаранд.

Имрӯзҳо ҳамаи ин ба мо маълум гашт, ки мақсади роҳбарони ТЭТ ҲНИТ ба даст овардани ҳукумронии давлат ва ҷорӣ намудани режими Ихвон-ул-муслимин будааст. Худи ҲНИТ шохае аз Ихвон-ул-муслимин буда, бештари роҳбарони он дар асоси китобҳои саркардагони ихвонӣ ҳадафҳои худро барои бунёди давлатӣ исломӣ ба роҳ мондаанд.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи қонунгузорӣ фаъолияти созмонҳои экстремистию террористӣ мисли «Ал-Қоида», «Толибон», «Бародарони мусулмон», «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ҳизб-ут-Таҳрир», «Салафия», «Ҷамоати таблиғ», «Ҷамоати Ансоруллоҳ», «Ҷабҳат Ан-Нусра», «Гурӯҳи-24» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ғайриқонунӣ эълон карда шуда, фаъолияти онҳо дар қаламрави кишвар манъ гардидааст.

Ҳамин тариқ, шаҳрвандони ҷавон сафи созмонҳои экстремистӣ ва террористиро зиёд менамоянд, ки дар ин раванд ҷавонони тоҷик ҳам истисно нестанд. Ҳамаи гурӯҳҳои экстремистии ҷавонон характери ғайрирасмӣ доранд. Барои ҳамин ҳам аксар вақт ҷавонон дар бораи заминаи идеологӣ доштани ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳои ифротӣ тасаввурот надоранд ва онҳо зери таъсири шиорҳои баланд, хусусиятҳои зоҳирӣ ва ҷузъиёти дигар қарор мегиранд. Дигар воситаи таъсиррасон ба шомилгардии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ ин истифодаи васеи сомонаҳои интернетӣ мебошад. Созмонҳои экстремистӣ ва террористӣ аз ин усул бо паҳн кардани сабтҳои видеоӣ, наворҳои таблиғотӣ ба равони ҷавонон таъсир карда, тарафдорони худро зиёд намуда, ҳатто ба “ҷиҳод” ва ҷанг даъват менамоянд.

Хусусияти дигари ҷавонон ҳамчун субъекти иҷтимоии муносибатҳои сиёсӣ аз хусусиятҳои шуури ҷавонон, ки на танҳо бо синну сол, балки ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ ин гурӯҳ вобаста аст, алоқаманд мебошад. Бояд қайд намуд, ки мафкураи ҷавонон хеле ба осонӣ зери таъсири омилҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ, динӣ қарор мегардад. Аз ин рӯ, сарнавишти ҷавонон аз он қувваҳои сиёсие, ки бештар ба ташаккули ҷаҳонбинии онҳо таъсир мерасонад, вобастагии калон дорад.

Тоҷикистон аз назари демографӣ дар ҳоли рушди доимӣ қарор дорад ва аз нисф зиёди аҳолӣ, яъне қувваи асосии пешбарандаи онро ҷавонон ташкил медиҳанд. Бинобар ин, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи наврасону ҷавонон ва ҳалли мушкилоти ҳаёти онҳоро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат эълон кардааст. Ба хотири таъмини шароити донишомӯзии наврасону ҷавонон солҳои охир аз тарафи давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон корҳои зиёде ба сомон расонида шуданд. Имрӯзҳо беш аз 12 ҳазор нафар ҷавонони соҳибистеъдоду лаёқатманди тоҷик дар хориҷи кишвар аз ҳисоби давлат таҳсил карда истодаанд. Новобаста ба кӯшишу дастгириҳои ҳамаҷонибаи давлат ва ҳукумат ҳоло ҳам мушкилоти ҷавонон, яъне ба мазҳабу равияҳои бегона шомил гардидани баъзе аз онҳо ҷой доранд.

Ба андешаи мо, сабаби чунин рух додани ҳодисаҳо пеш аз ҳама дар сатҳи паст қарор доштани тарбияи ҷавонон, робитаи нокифояи падару модарон ба мактаб, риоя нагардидани талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», ки ба дарсшикании ҷавонон ва афзоиши ҷинояткорӣ оварда мерасонад, дида мешавад.

Ташкили кор оид ба пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои экстремистӣ зина ба зина якчанд марҳаларо дар бар мегирад. Ба андешаи мо, хуб мешавад, ки дар асоси барномаҳои махсус бо ҷавонон ва наврасон дар муасиссаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ, чорабиниҳо ва вохӯриҳо, маҳфилҳо, мизҳои гирд бо иштироки намояндагони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва кормандони ҷомеаи шаҳрвандӣ гузаронида шаванд.

Субъектҳои бевоситае, ки ба мубориза бар зидди терроризм машғуланд, аз ҷумла амнияти зиддитеррористиро дар доираи салоҳияти худ тибқи муқаррароти Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза барзидди терроризму экстремизм» ва дигар қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд, бо дарназардошти авлавияти стратегии мубориза бар зидди терроризм ва экстремизми динӣ, ҷомеаи байналмилалӣ ҳамкориҳои худро бо мақсади пешгирӣ ва решакан кардани амалҳои террористӣ тақвият дода, механизми муқобилиятро бар зидди он дар асосҳои ҳуқуқҳои байналмилалӣ такмил диҳанд.

 

Ҷурабек Шарифов,

имомхатиби масҷиди ҷомеи ба номи Султон Увайсӣ Қаронии н.Ҷайҳун

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/760).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон