Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

МАСЪУЛИЯТИ МУСУЛМОНИИ ХУДРО БИШНОСЕМ

Нашр шуд: 20 Апрели 2018
Диданд: 1265

Душанбе, 20-уми апрели соли 2018

Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, аз он, ки соли сипаришуда ва чанд соли пештар пур аз таҳаввулоту рӯйдодҳои ногаҳонӣ ва дигаргун шудани асосҳои қаблан хеле устувори низоми байналмиллалӣ буд. Ба вуҷуд омадани алангаи нави мухолифату рӯёрӯӣ ва низоъҳо дар Шарқи Наздик, алалхусус бӯҳрони Афғонистон, Ироқ, Сурия, Баҳрайн, Яман ва бархе аз кишварҳои африқоӣ ва Осиёи Ҷанубу Шарқӣ ба густариши бесобиқаи терроризми байналмилалӣ ва ҷинояткории муташаккил, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъаовар ва силоҳ, шиддат гирифтани мушкилоти экологӣ ва иҷтимоӣ, хуруҷи бемориҳои наву басо хатарноки сирояткунанда, коҳиш ёфтани нуфузи ниҳодҳо ва асосҳои ҳуқуқи инсон ва равобити байналмилалӣ заминагузорӣ намуд.

Ҳодисаҳои чанд соли охир дар ҷаҳон бори дигар исбот намуданд, ки набудани амнияти сартосарӣ, набудани ваҳдати миллӣ, нақзи ҳуқуқи инсон, мушкилоти зиёди иҷтимоӣ боиси нобасомониҳо шуда, аз чунин фурсат қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ ба суди худ манфиат дидан мехоҳанд. Аз заифии як ҷомеа ва надоштани ҳомии қавии бозингари сатҳи ҷаҳонӣ, маҳрум будан аз қудрати муҳофизатӣ, надоштани силоҳҳои замонавӣ истифода бурда, қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ, ба он кишвар бо баҳонаҳои гуногун ҳуҷум мекунанд, ба нобудшавии қавму миллат, зербиноҳо, ғорати сарвати моддию маънавӣ, фарҳангу оинҳо сабаб мешаванд. Ҳақ бар ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки гуфта буданд: “Омилҳои пайдоиш ва хуруҷи ин нобасомониҳо исбот менамоянд, ки терроризм ва экстремизм аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балкӣ як таҳдиди умумӣ ба ҷомеаи башарӣ ва ба ҷони ҳар як сокини сайёра аст”.

Талошҳои якҷоя ва дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонӣ, барои сулҳу субот ва амният асоси эмин нигоҳ доштани сайёра аз экстремизм ва терроризм мебошад. Бинобар ин, ҳар як фарди ҷомеа, ҳар як мусалмони комил вазифадор аст, ки ба ободонии кишвар, тинҷиву оромӣ, пешрафту тараққиёти Ватан шукр намуда, алайҳи террористу экстремистҳо, ки номи мусалмон ва фарҳанги ноби исломро олуда кардан мехоҳанд, бетараф набошад.

 

Атохӯҷа Имомов,

имом-хатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Левакант

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/792).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон