Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

КИТОБ ХОНДАНУ НАВИШТАН ВА ИМЛО

Нашр шуд: 03 Январи 2019
Диданд: 3002

Душанбе, 3-юми январи соли 2019

Китоб хазоин ва манбаи дониш аст, ки бе он ороиши маънавӣ дар гулистони имлму фазл одамиро муяссар нагардад ва накҳате аз ин наври бехазони хушрангубӯ ба машом набарад. Китоб - авроқи рангин ва сеҳрангези таҷассумкунандаи илму фан ва ҳаёти одамӣ дар ҳамаи замонҳо бувад ва бидуни он бузургони даҳр, донишмандон ва суханварони баҳру бар ба дараҷаи бузургӣ ва камолоти фазлу адаб нарасанд ва суде аз ин олам ба худ набаранд.

Ин эъҷози маҳбуби дил бо анвори субҳгоҳони оламафрӯзи хеш хонаи дил ва дидаи толиби ӯ будаи ҳар манзилро мунаввар намояд ва боби маърифат ба назари ин афрод бикшояд.

Дар васфи ин хазоини маънавӣ Ҷомӣ гуфтааст:

«Аниси кунҷи танҳоӣ китоб аст,

Фурӯғи субҳи донӣ китоб аст...»

Бе китоб илму дониш, тамаддун дар ҷамъият инкишоф ва такомул наёбад ва борони фазлу адаб дар мазрааи маънавии одамӣ наборад ва гиёҳе рӯй ба сабзшавӣ наорад.

Зеро дониш дар китоб аст, бе китоб осмони донишҷӯӣ пӯшидаи саҳоб аст. Китоб аниси накӯгуфтор ва ҷалиси хушхулқуатвори одамист.

Чуноне ки гул аз гулзор, сабзаву лола аз кӯҳсор, об аз ҷӯйбору кабку товус аз марғзор ҷуста мешавад, гавҳари дониш аз китоб ба каф ояд, бе ктиоб арӯси дониш ба бар н-ояд.

«Илм сайд омаду китобат қайд,

Беҳ, ки дар қайд баста бошад сайд». (Камолиддин Биноӣ)

Бесабаб нест, ки «Китоб манбаи дониш аст» гуфтаанд бузургон.

Шарт ва қавоиди китоби хондашударо дарк намудан дар ин водӣ роҳ паймудан аст. Онро на аз ёд, балки бошуурона бояд донист ва дар лавҳаи хотир бояд нақш бандонид:

«Сад хона китоб хондию нест ба ёд,

Бояд, ки китобхона дар сина бувад!» (Тошхӯҷаи Асирӣ)

Ин «аниси кунҷи танҳоӣ» ва нақшёфтаи лавҳаи хотири доноӣ бо забони ҳол гӯяд:

«Хуштар зи китоб дар ҷаҳон ёре нест,

Дар ғамкадаи замона ғамхоре нест.

Ҳар лаҳза аз ӯ ба гӯшаи танҳоӣ,

Сад роҳате ҳасту ҳаргиз озоре нест». (Абдураҳмони Ҷомӣ)

Пас, маро чун гавҳараки чашм эҳтиёт намо, дар ҷои тозаву озода маҳфуз дор: маро дӯсти мумтоз ва ҳамрози дили хеш бидон. Ман шореҳи дирӯзу имрӯзу фардоям, хоҳам ба назарат пардаи роз кушоям, хоҳам ки ба сад нағамоти қонуни илму дониш, фазлу адаб ҷилва намоям. Бале, ман чунин эъҷозам, бо ҳама ин эъҷози хеш бинозам. Ҳастии дониши ту аз ҳастии ман аст, фасоҳат ва назокати гуфтори ман туро дар сухан аст.

«Ёдгорӣ, к-аз одамизод аст,

Сухан аст он, дигар ҳама бод аст». (Соиб)

Пас, маро ифлосу чиркин ва аз ин кор диламро малӯлу ғамгин нигаҳ доштан нораво ва гуноҳ аст. Маро ба ҳар ҷойи ноҷоиз манеҳ, навозиш ва дӯстдорӣ намо, дар сандуқи дили хеш ҷой деҳ, чашмони ту нур аз ман гирад, инак маро чун нури чашми хеш бидон ва ҳамин тавр нигоҳ дор. Дили ҳассос, ҳар як авроқи рангину сеҳрнокро бо дастони ҷаҳлу нохуни каҷнамоят пора макун, ки ҳар яке он порамайдаҳо дониши рӯй ба такмиловардаи туро пароканда намояд ва дурдонаҳои хазоини талаби дониш доштаат аз ӯ нафизояд...

Маро чунон нек нигаҳ дор, ки аз ман некиҳо бинӣ ва аз ин некӣ домони орзу бо дурдонаҳои маърифат пур кунӣ.

Чун маро равону фасеҳ ва оҳангдору мутаассир хонӣ, ман шод ва сарфарозу миннатдор мешавам, туро таҳсин ва офаринҳо мегӯям ва орзу менамоям, ки дигар орзуи ту ин бошад:

«Маро дар мактаб ин бошад муродам,

Барояд чун хат имлою саводам!» (Фурқат)

Бидон, ки хониши беимлову савод чун одами аъмоест ва дар ҳастии вуҷуди ӯ ду дидаи бино набувад, ки он яке савод асту дигаре имло.

Имло мағзи навиштан аст, ки хатти имлояш вайронро чормағзи пуч пиндоранд.

Чуноне ки ба хондани ман эътибор медиҳӣ ва маҳорат пайдо мекунӣ, ба зебову бехатонависӣ оғоз намо ва усули дуруст навиштанро биёмӯз, ки дар васфи ҳусни хат гуфтаанд:

«Ҳар чи дар коғаз навишта ояд, беҳтар аз коғаз набошад». (Абдулфазли Байҳақӣ)

Эй соҳиби ман! Бидон, ки хониш, навиштан ва имло – мо – ҳар се секунҷаи ҳандасаем, бе яке ноустуворему на зебоем.

Зебоӣ ва назокати хат ӯро сурат бахшад, имло сирати ӯст. Сурати бесират чун ҳайкали беҷонест, ки варо на сухан бошад ва на дар саҳни гулшани дил боғ ва чаман.

Се кунҷи мо бо ҳидояти тафаккур бо қалам рост кашида шавад...

Қалам дар ҳар се кунҷи мо машъали фурӯзонест, ки бо анвори ӯ хонаи дили ҳар яки мо пурзиё ва ҳусну латофатамон ба таври ҳамешагӣ хушнамо бошад ва ин анвор моро ба манзили мақсуд бирасонад:

«Қалам гуфто, ки ман шоҳи ҷаҳонам,

Қаламкашро ба мақсад мерасонам!»

 

Аз «Футувватнома»-и Разиюлло Абдуллозода

            Бознашр аз сомонаи Навид (http://navid.tj/interpretation/?ELEMENT_ID=3381).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон