Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ИНТИХОБИ ИХТИСОС ИНТИХОБИ ОЯНДА АСТ!

Нашр шуд: 30 Марти 2018
Диданд: 1283

Душанбе, 30-юми марти соли 2018

Баланд бардоштани сифати таҳсилот дар зинаҳои гуногуни таълим, таҳкими донишу маърифати наврасону ҷавонон, тарбияи онҳо дар рӯҳияи муҳаббат ба илму касбу ҳунар, миллату Ватан аз омилҳои умдатарини пешгирии дохилшавии он ба ҳизбу ҳаракат ва гурӯҳҳои ифротгарою даҳшатафкан аст.

Баҳри пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна гурӯҳҳо кормандони Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор корҳои таблиғотию иттилоотиро ба роҳ монданд.

Масъулони марказ дар асоси таҳлилу баррасии натиҷаҳои имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ - 2017 ба хатмкунандагони муассисаҳои таълимии ҷумҳурӣ ҷиҳати дуруст интихоб кардани касб ва ихтисос тавсияҳо доданд ва чунин вохӯриҳо идома дорад.

Таъкид мекунем, ки интихоби ихтисос 50 дарсади муваффақият аст. Зеро ихтисосе, ки дониш надореду интихоб мекунед, боиси нокомии шумо мешавад. Инчунин, самти дурусти донишандӯзӣ омили асосии наафтодани ҷавонон ба доми ашхоси қаллобу нопок, фасодкорӣ, падидаҳои номатлуби ҷаҳони муосир, аз қабили экстремизму терроризм аст.

Падидаҳои ёдшуда имрӯзҳо ба рӯзгори ободу осуда, ба раванди зиндагии оилаҳо таҳдид мекунад. Сабаби асосии фирефтаи таблиғгарони ташкилоту гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ гардидани ҷавонон, ба назари мо, пеш аз ҳама, сатҳи пасти донишу маърифат, ҷаҳонбинии маҳдуд, бекории онҳо ва амсоли ин мебошад.

Ҷой доштани чунин зуҳуроти нангин моро водор месозад, ки ба масъалаи тарбияи ҷавонон, касбомӯзӣ ва интихоби дурусти касбу ихтисосҳо аз ҷониби онҳо боз ҳам бештар диққати ҷиддӣ дода, аз ҷалби ҷавонон ба ин гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ пешгирӣ намоем.

Дар асоси ҷамъбасти ИМД дар соли 2017 ба иштирокдорони вохӯриҳои мазкур хатоҳое, ки боиси ноком гаштани довталабон дар ин имтиҳонҳо гардидаанд аз рӯи маълумоти оморӣ дар муқоиса бо ИМД дар солҳои 2015 - 2017 фаҳмонда шуд.

Бояд қайд намуд, ки ҳамасола теъдоди хоҳишмандон ба гурӯҳи ихтисосҳо (кластер) – 5 - ум - “Тиб, биология ва варзиш” зиёд шуда истодааст. Танҳо дар ИМД - 2017 ҳиссаи довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 5 - ум аз шумораи умумии нафарони азқайдгузашта 37 дарсадро ташкил медиҳад.

Аз рӯи натиҷаи ҷадвали мазкур маълум мегардад, ки шумораи зиёди довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 4-ум “Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ” (43,99дарсад) ва 5-ум “Тиб, биология ва варзиш” (49,09дарсад) дар ИМД - 2017 бо сабаби ба инобат нагирифтани маҳорату малака ва сатҳи саводнокии худ комёб нагаштанд.

Агар натиҷаҳои бадастовардаи довталабони гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум “Табиӣ ва техникӣ” ва 2 – юм “Иқтисод ва география” – ро таҳлил намоем, пас, чунин хулоса баровардан мумкин аст, ки бо интихоби дурусти ихтисосҳои ин ду гурӯҳи ихтисосҳои ин ду гурӯҳи ихтисосҳо ва савияи донишу малакаи миёна довталаб метавонад соҳиби унвони донишҷӯ гардад.

Дар асоси хулосаҳо, падару модарон бояд хулоса бароранд, ки агар сатҳи саводнокии довталаб баланд набошад, ихтисосҳои худро тавре интихоб намояд, ки эҳтимолияти донишҷӯ шудани онҳо зиёдтар бошад.

 

Парвиз САИДОВ, сардори шӯъбаи

ташкил ва идораи имтиҳони Маркази

миллии тестии назди Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон