Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ИЛМ-САРЧАШМАИ ҲАМАИ ПЕШРАФТҲО

Нашр шуд: 16 Марти 2018
Диданд: 1394

Душанбе, 16-уми марти соли 2018

Пешрафту тараққиёти ҳар як ҷомеа аз маърифатнокии аҳли он вобастагии калон дорад. Миллати тоҷик аз қадим ҳамчун халқи созанда, тамаддунофар ва илмдӯст шинохта шудааст. Ин аст, ки бисёре аз олимони ҷаҳон инро эътироф кардаанд. Шахси бомаърифат касеро гӯянд, ки ӯ ҳам илму дониш ва ҳам одобу ахлоқи наку дорад.

Бесабаб нест, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба илму маориф аҳамияти зиёде медиҳад. Сохта ба истифода додани муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва олӣ гувоҳи гуфтаҳои болост. Дар ҳар як суханрониҳои худ Пешвои миллат ба ҷавонон, таъкид месозанд, ки илм биомӯзанд, забонҳои хориҷиро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои гуногунро аз бар кунанд. Ин насиҳату андарзҳои хирадмандонаи Пешвои миллат ҳам барои беҳбуди худи ҷавонон ва ҳам ба манфиати ҳама қишрҳои ҷомеа аст.

Дар замони муосир омода кардани мутахассисони соҳибкасб бе донистани забонҳои хориҷӣ ва технологияи замонавӣ номумкин аст. Навигариҳои илми муосир бештар тавассути забонҳои хориҷӣ фаҳмида мешаванд. Дар натиҷаи пешрафти илм ҳамарӯза дар ҷаҳон кашфиёту ихтрооати нав ба миён меоянд. Ҳамаи ин самари илм аст.

Аз нигоҳи дини мубини ислом низ илм ва омӯзиши он ҷойгоҳу мартабаи баланд дорад. Дар оятҳои зиёди қуръонӣ ва ҳадисҳои Паёмбар (с) аҳамияти омӯзиши илм ва манзалату мартабаи аҳли илму маърифат зикр гардидааст. Аввалин ояти қуръоние, ки ба Паёмбари Акрам (с) нозил гардид, ин “Иқраъ” яъне “бихон” буд. Яъне ки Худованд Паёмбарашро пеш аз ҳама ба хондану омӯхтан амр намуд.

Дар яке аз ҳадисҳои худ Паёмбари Акрам (с) фармудаанд: “Омӯзиши илм барои ҳар мард ва зани мусулмон фарз аст”. Тавре аз ҳадиси мазкур бармеояд, мурод аз илм танҳо илмҳои динӣ набуда, балки илмҳо дақиқро низ дар бар мегирад. Дар мавриди обрӯю манзалати аҳли илм дар ҳадиси дигар омадааст: “Олимон меросбарони паёмбарон ҳастанд”.

Аз ин рӯ, ҳар як шахсро зарур аст, ки барои омӯхтани илму фанҳои гуногун ва аз худ намудани забонҳои хориҷӣ саъю талош намояд. Инсони бомаърифат соҳиби обрӯю эҳтиром буда, намунаи ибрати аҳли ҷомеа мебошад. Шахси маърифатнок ба шарофати илм барои худ ва дигарон равшаниандоз дар торикӣ аст, тавре ки дар ин бора устод Рӯдакӣ фармудааст:

Дониш андар дил чароғи равшан аст 

В-аз ҳама бад бар тани ту ҷавшан аст.

Шахси доною ҳунарманд дар ҳама давру замон дар ҷомеа мартабаю мақоми баланд дорад.

Ҷавонони мо имрӯз, хушбахтона, берун аз кишвар дар олимпиадаҳои байналмилалӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ ҷойҳои намоёнро ишғол менамоянд, ки чунин ҷавонон ифтихори миллату Ватан ва барои дигарон намунаи ибратанд.

 Мутаассифона, имрӯзҳо бархе аз ҷавонон вақти пурқимати худро ба беҳудагардӣ ва дигар корҳои зишту ношоиста сипарӣ месозанд. Бояд донишҷӯёни мо бештар дар китобхонаҳо ва толорҳои варзишӣ вақти худро гузаронанд ва аз суҳбати ҳар хел ҷоҳилону беадабону нодонҳо ва амалҳои носазо дур шаванд. Илму маърифат ба ҳамаи афроди ҷомеа зарур аст. Ҳар як фард бояд ба илму ҳунаромӯзӣ рағбати зиёд дошта бошад. Бинобар ин, дар омӯхтани илм донишомӯз бояд ҳарис бошад. Ҷавонони моро зарур аст, ки бештар ба илму ҳунар таваҷҷуҳ намоянд, то ки дар ин роҳ ба дастовардҳои нав ба нав ноил гарданд. Зеро барои расидан ба ин ҳадаф дар кишвари мо ҳамаи шароит муҳайёст.

 

Каримов Умарҷон,

мутахассиси пешбари Кумита

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/720).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон