Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҲИФЗИ ВАТАН ВАЗИФАИ ИМОНИИ МОСТ!

Нашр шуд: 10 Марти 2018
Диданд: 1296

Душанбе, 10-уми марти соли 2018

Ҳар чизе дар зиндагӣ шукрона мехоҳад, аммо неъмати бузургтарине, ки бақои зиндагии фарзандону наберагони мо ба он вобаста мебошад, неъмати тинҷию сулҳу субот аст. Бинобар ин, тамоми қишри ҷомеа бояд ин гавҳари тинҷию амниятро нигаҳбонӣ кунанд, бетараф набошанд ва ин рисолати муқаддасро танҳо ба уҳдаи кормандони ҳифзи ҳуқуқ вогузор накунанд. Чунки ҳимоят аз Ватан ва ҳифзи амнияти он вазифаи динӣ ва ҷонии ҳар бандаи мӯъмин ва бономус мебошад.

 Ватандӯстиро аз Пайғамбари Худо (с) бояд омӯхт, вақте ки фармон шуд, то Пайғамбари Худо (с) ба Мадинаи мунаввара ҳиҷрат кунанд, он Ҳазрат (с) барои тарк кардани ватанаш (Макка) ашк мерехтанд ва қадамҳои худро оҳиста-оҳиста ба сӯи Мадина мегузоштанд, то ин ки ба Ҷуҳфа (мавзеъе миёни Макка ва Мадина) расиданд, чашмони муборакашон пур аз об шуд ва ин ҷумларо аз меҳри ватанаш ба забон овард: «Эй ватани ман, ба зудӣ ба сӯи ту бармегардам». Ин ҷо буд, ки ба Пайғамбари Худо (с) ваҳй нозил шуд ва Худованд ба ҳабиби худ ваъдаи бозгашт ба Ватанашро эълон кард. Чунончи дар сураи «Қасас», ки аз охирин сураҳои маккӣмебошад, ба ҳамин қисса ишора шудааст:

«Ҳамон касе, ки Қуръонро бар ту фарз кард, туро ба ҷойгоҳ ва зодгоҳат бозмегардонад» (Сураи Қасас, ояти 85).

Пайғамбар (с) аз ин хабари хуш табассум намуда, аз ин пас қадамҳои худро калон-калон гузошта, ба сӯи Мадина раҳсипор шуданд. Бинобар ин, мо бояд ба қадри Ватан ва ин гавҳари амну суботе, ки Худованд ба Тоҷикистони мо ва мардуми он додааст, бирасем ва чӣ пиру чӣ ҷавон, ҳамеша дуогӯ бошем, ки Худованд ин неъматро аз мо нагирад. Ҳоло шоҳиди он ҳастем, ки баъзе кишварҳо аз неъмати амният ва сулҳу субот маҳруманд. Пас бояд тамоми мардуми ин кишвар аз ҳамаи дороии ин ватан ва аз муқаддасоти он ҳифозат кунанд ва ин неъмати тинҷиро шукргузор бошанд. Мутаассифона, бархе аз нафарон ба қадри ин неъмати гаронбаҳо намерасанд ва он прачамеро, ки зоҳиран нишонаи ислом дорад, дар ин ҷо ва он ҷои кишвар овезон мекунанд. Мо хуб медонем, ки дар пушти ин парчам ҳазорҳо хабосат пинҳон шудааст. Ин ҳамон парчаме аст, ки Сурия ва Ироқро ба вартаи нобудӣ кашонд ва миллионҳо мусулмонро аз байн бурд ва пайравонаш то имрӯз даст аз мусулмонкушӣ накашидаанд. Гоҳе масҷидро мавриди ҳамла қарор медиҳанд ва гоҳе бемористонро. Пас, ин кадом ислом ва мусулмонӣ мебошад? Агар ин ҳамон исломе аст, ки мову шумо ба он имон дорем, он ислом фақат инсониятро ба меҳру муҳаббату бахшишу дӯстӣ тавсия мекунад, на ба қатлу ғорату мусулмонкушӣ. Чунончи Худованд дар Қуръони карим барои ононе, ки даст ба мусулмонкушӣ мезананд, мефармояд:

«Ва ҳар ки мӯъминеро ба қасд бикушад, пас, ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст». Сураи Нисо, ояти 93.

Ислом аз рӯзи аввал инсонҳоро ба худаш ҷалб мекард ва мекунад, аммо ин гурӯҳи аз Худо бехабар аз рӯзе, ки ин парчамро овезон карданд, тамоми ҷаҳони башар аз ислом ва мусулмонон нафрат мекунанд, чунки ин гурӯҳ тамоми хабосати худашонро дар пушти ин парчам пинҳон кардаанд ва бозичаи дасти бадхоҳон гаштаанд.

Имрӯз вақте расидааст, ки бо ахлоқу бахшишу дӯстии худ қадри ислому мусулмононро дар арсаи ҷаҳонӣ баланд бардорем, нагузорем, ки ҷаҳон аз ислом ва мусулмонии мо нафрат кунад. Чунки ислом инсонро аз ҳама ҷиҳат зебо мекунад. Марде аз яке асҳоби Паёмбар (с) пурсид: «Чӣ чизе туро ин қадар зебо кардааст?» Он ёри Паёмбар (с) дар ҷавоб гуфт: «Маро ислом зебо кардааст!»

Абӯҳурайра (р) мегӯяд, ки Расули Худо (с) фармуданд: “Ба зудӣ фитнаҳое рух хоҳад дод, ки дар онҳо шахси нишаста аз шахси истода беҳтар аст ва шахси истода аз касе, ки ба сӯи онҳо роҳ меравад, беҳтар аст, шахсе, ки роҳ меравад, аз касе, ки медавад, беҳтар аст (яъне ҳар касе, ки дахолати камтаре дар фитнаҳо дошта бошад, беҳтар аст). Ҳар касе, ки ба суроғи фитнаҳо равад, ӯро ҳалок хоҳад кард. Аз ин рӯ, ҳар касе паноҳгоҳе ёфт, ба он паноҳ барад” (ривояти Бухорӣ).

Ман ин парчамсиёҳонро аз қабили ҳамин фитнаҳо медонам, ки муаллими дин (с) мову шуморо тавсия бар ин кард, ки ҳаргиз бо ин бадхоҳон набошем, то ки дар рӯзи маҳшар аз растагорони даргоҳи Худованд бошем.

 

Маҳмуд Сангалиев,

мутахассиси Раёсати фатвои

Маркази исломӣ

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/690).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон