Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҲИФЗИ ВАТАН ВА МУБОРИЗА БО ЗУҲУРОТИ НОМАТЛУБ

Нашр шуд: 13 Апрели 2018
Диданд: 1108

Душанбе, 13-уми апрели соли 2018

Дар соли 2017 таҳдиди хатарҳои глобалӣ ба монади терроризму экстремизм дар гӯшаю канорҳои олам нооромиву низоъҳоро ба миён овард, ки аз таҳдиди он ягон давлати дунё ва насли башарӣ эмин набуд. Имрӯз ҷомеаи ҷаҳонӣ ва сохторҳои байналмилалиро лозим аст, то барои решакан кардан ва аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб дастаҷамъона мубориза баранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳамеша дар сафи пеши мубориза қарор дорад. Ҳамеша Пешвои миллат аз хатарнок будани ин зуҳурот борҳо аз минбарҳои баланд таъкид доштанд, зеро мардуми Тоҷикистон ин воқеаҳои даҳшатборро аз сар гузаронидааст, чунки ин гурӯҳҳо ба ғайр аз хонахароб кардани мардум, азобу шиканҷа ва бадном кардани миллату мазҳаб чизи дигареро ба бор наовардаанд.

Терорризм ва экстремизм агар таҳдид ба нооромии давлатҳои абарқудрат бошад, вале барои давлатҳои хурд ва навтаъсис таҳдиди аз байн рафтанро мекунад.

Ҳамин аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм», ҳамзамон аз соли 2016 «Барномаи стратегии мубориза бо терроризм барои солҳои 2016-2020»-ро қабул кард, ки мақсад аз он ҳифзи арзишҳои миллию мазҳабӣ, тамомияти арзу бум, таъмини оромию амнияти кишвар, соҳибистиқлолии давлату миллат ва расидан ба зиндагии шоистаи ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ мебошад. Имсол бо мақсади таъмини амният ва пешгирии хатарҳои терроризму ифротгароӣ ва дигар таҳдидҳои замони муосир дар ҳамкори бо СММ, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд моҳи майи соли 2018 дар Душанбе баргузории Конфронси байналмиллалӣ дар сатҳи баланд дар мавзӯи «Муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароӣ» ба нақша гирифта шудааст.

Ҳар шаҳрванде, ки дорои ҳувияти миллӣ, имони комил, зиракии сиёсӣ, фарҳангу маданияти миллӣ, раҳму шафқат ва нангу номус бошад, дар ин замони пурошӯб ватанро беш аз пеш, аз ҳаррӯза дида зиёдтар дӯст дошта, аз худ бетарафӣ ва беномусӣ нишон намедиҳад, балки дар муқобили чунин зуҳурот аз худ муқобилияти дандоншикан нишон дода, барои ҳифзи марзу буми Ватан, тамомияти арзии кишвар, оромию осудагии мардум ба ҳама супоришҳои Ватан омода мебошад.

Хусусан ҷавонони даъватшаванда ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар бояд ин масъулиятро қарзи имониву виҷдонии худ донанд, зеро онҳо бо шомил шудан ба сафи Артиш мазу бум, хонаву дар, падару модар, зану фарзандони худро ҳифзу нигаҳобонӣ мекунанд. Дар ҳадисе аз Паёмбари акрам (с) омадааст: Фариштагон се овозро ба таъҷил ба осмон мерасонанд.

1. Овози нависандагон (агар хайр нависанд).

2. Овози чархресии занон дар хона (яне фазилати меҳнати ҳалол).

3. Овози қадами марзбонон (дар роҳи ҳифзи Ватан)

Ҷои хушнудист, ки имрӯз мардуми шарифи Тоҷикистон ба Сарфармондеҳи Олии Қувваҳо Мусаллаҳи Ҷумҳури Тоҷикистон, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ӯро Худованд имрӯз кафили сулҳу ваҳдати мамлакат гардонидааст, эътимоду боварӣ доранд, даст бо дасти ҳам дода атрофи Пешвои миллат ҷамъ омада, ба дастовардҳои илмию техникӣ, иқтисодию иҷтимоӣ комёб мегардем ва аз минбарҳои баланд аз муваффақиятҳои худ сухан гуфта, худро ҳамчун як миллати соҳибтамаддун нишон хоҳем дод.

 

Абдулазиз Назаров,

сархатиби шаҳри Роғун

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/780).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон