Муддате буд, ки чунин тӯлонӣ ва бетаваққуф борон наборида буд. Гӯӣ, осмонро низ фарзанди азизаш фавтида буду бар марги ҷигаргӯшаю парвардаи хеш талху боалам мегиряд. Аз субҳ то шом борон бориду борид ва сипас табдил ба барф гашт. Гӯӣ, само сиришки фаровон аз дида бирехт, ашки меғи сияҳ аз ғуссаи гунбади мино бар сари замин сапедӣ овард.
Дина шаб бориду борид, об дар дарё нагунҷид,
Дина шаб ғамҳои қалбам дар мани танҳо нагунҷид.
Бо пӯзиш аз шоир (Б. Собир) ва тағйири вожаи савуми мисраи дувуми ин байт онро муносиби ҳол дидам (“Дина шаб танҳоии ман дар мани танҳо нагунҷид”).
6-уми феврали соли равон Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад (Мирзоматов) дар 69-солагӣ тарки ин ҷаҳон кард. Инсоне ба маънои том, ИНСОНе бо ҳарфи калон, инсоне бо дилу рӯҳи бузург, инсоне бо замири пок, инсоне ба ин сон фаросату маърифату заковату ҷасорат тарки ин дунё кард.
Ҳар кӣ бо ӯ ҳамнишин мегашт, намоди одамиятро дар ӯ дармеёфт. Ҳар кӣ ӯро шинохта буд, мегуфт, агар инсони нек буданро меъёр ё қолабе пӯёву диданӣ вуҷуд медошт, ин меъёр ва қолаб ӯст, Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад аст, зеро ҳар чи ки одамиятро менамоёнад, дар сирати ӯ дида мешуд: хайру саховат, некию адолат, фазлу хираду маърифат, раҳму шафқат, ҳиммату ҳамийят ва ғайрату шуҷоат. Дар рафоқат садоқат дошт, дар илм фазилат дошт, дар ҳирфаву касбият матонат дошт. Дар амонат хиёнат надошт, дар хулқаш нишоне аз қабоҳат надошт, дар ҳеч ҳоле қурбат ба ҷаҳолат надошт...
Мулоқоти ҳар нафсеву тане бо марг ногузир аст, аммо талхии маргро аз даргузашти инсонҳое чун Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад дар тану ҷону эҳсосу ёду хотирҳо мешамию мечашӣ. Бо тамоми вуҷуд ҳис мекунию мефаҳмӣ, ки аҷал чӣ теғи ҷонкоҳу дардоваре дорад. Теғе, ки захмаш даво надорад. Дар чунин ҳангом наздикону дӯстдорони мутаваффо − мақтули марг хоҳони он мешаванд, ки кош, он теғи ҷафокори аҷал бар ҷони онҳо бармехӯрд, на бар он азизи рафта.
Устод Нуруллоҳро дар коргоҳ – Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамаи ҳамкорон, чи фаррошу мушовир ва чи муҳофизу сардор, дӯст медоштанду аксаран ӯро бо эҳтироми самимӣ “устод” мегуфтанд ва боқӣ “ако”, зеро ҳар чи ки марҳум дошт, дӯстдоштанию сутуданӣ буд: пиндор, гуфтор, кирдор, муносибат, муошират, мутоябат... Илму ҳилмаш боиси афзоиши қурбату муҳаббати ҳамкорону дӯстону шогирдон ба ӯ ва зиёдати иззати он мешуд.
Ӯ лутф дошт. Лутфаш ҷавҳари фазлу фазлаш гавҳари лутф дошт. Каломаш, ҳарфаш, гуфтораш окандагӣ аз маърифат дошт. Фазилатоин буду хирадпеша ва аз суҳбати ҷоҳилон танаффур дошт. Мегуфт, омезиш бо аҳли ҷаҳолат фазиҳат меорад. Назофат дар ахлоқу фазилат дар сират дошт, гили вуҷудаш сиришта аз ҳасаноту накӯӣ буд.
Сирату сурати зебо, дар лаб мудом табассум дошт. Гуфтораш бо кирдораш як буд, самимияташ дар калому аъмолаш зоҳир мешуд. Бо лутфу мутойибот мусоҳибро механдонд. Хушгӯиҳояш ҷавҳари маънию ҳикмат доштанд. Ҳувийяти миллию ватандӯстиаш воло, арҷгузорию эҳтиромаш ба таъриху забону фарҳанг, ба зодбум бекарона буд.
Озодаю озодандеш буд. Гоҳе аз дурӯғу нифоқу разолату ҷаҳолату аъмоли нангини зумрае, аз ҷабру ноадолатиҳо ба хашм меомад. Ҷонаш барои дарди миллату меҳан месӯхт, ба гуфти устод М. Турсунзода “Аз ватан гап сар кунӣ, дар мегирифт, дар ба мисли ҳезуми тар мегирифт”. Аммо талхию тундиҳои кору рӯзгорро мехост бо шаҳди зароват ширин созад, чигилу мушкилоти зиндагиро бо ханда саҳлу сабук гардонад. “Як нафаре вергулро нагузораду сари мо дард кунад. Аҷаб пешаеро интихоб кардем-дия”, − мегуфт зарифона устод Нуруллоҳ.
Ростию росткорӣ дар зиндагӣ пешааш буд. Созгор ба ин андарзи машҳур, ки дар китобаш оид ба ҳамсинфон ҷой додааст, қалбе дошт мубарро чун оина:
Хоҳӣ, ки шавад дили ту чун оина,
Даҳ чиз бурун кун аз даруни сина:
Кибру ҳасаду кизбу ҳарому ғайбат,
Бухлу тамаъу уҷбу риёву кина.
Китобдору китобдӯсту китобхону китобнавис буд устод Н. Мирзомуҳаммад. Худ ин ки соли аввали таҳсил дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шунавандаи озод будаасту баъди комёб шудан дар имтиҳоноти солона ба сафи донишҷӯёни соли дувум пайваст, баёнгари муҳаббаташ ба донишу омӯзиш, намоёнгари кӯшишу пӯйишаш дар ҷодаи илму маърифат аст.
Аз шеъру андарзу ҳикмати латоифи бузургони клоссики форс ва ҷаҳон фаровон медонисту бо ҳунари суханварияш маҷлису маҳфилҳоро гарму пурфараҳ мекард устод Нуруллоҳ. Ҳар ҷо, ки ҳузур дошт, қалбҳоро аз сурур, маъракаҳоро аз партави ҳикмату зарофаташ пурнур ва лабҳоро пурханда мегардонид. Ҳозирҷавобу шӯху самимию зиндадилу некбину хушсуҳбату ширингуфтор буд. Дониши фарох, маҳорату истеъдоди волоро доро буд, аммо дар ниҳодаш аз такаббуру худманишию манманӣ ғуборе набуд. Инсоне буд дар камоли фурӯтанӣ. Дӯсте буд дар ғаму шодиҳо шарик ва содиқу ҳидоятгар. Бародаре буд гоҳи дармондагию пареншонҳолиҳо дастгир.
Устод Нуруллоҳ, ки фарҳангию фарзонамард буд, меваҳои ҳаёташ – фарзандонашро низ илму одабу тарбияти неку додааст. Ардашер − бузургфарзандаш номзади илми таърих ва устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, нияти ҳифзи рисолаи докториро дорад. Писари дигараш – Мирзо хатмкардаи бахши тарҷумонии забони англисии Донишгоҳи славянии Тоҷикистон, ки чанде дар Ню-Йорк ва Пенсилвониё (ИМА) ва Дубай (Аморати Муттаҳидаи Араб) коромӯз будааст. Духтараш − Гуландом таҳсилро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба итмом расонидааст. Фарзандон ҳама номбардори падари некӯномашонанд.
Корозмудаю варзидаи касбаш ва донандаи хуби тахассусаш буд. Дар забондонию забоншиносӣ ва равоншиносии мактабӣ аз зумраи беҳтарин мутахассисони ҷумҳурӣ буд ва ин таъриф, чунонки имрӯз бо дурӯғу иғроқ ба ҳар касе нисбат дода мешавад, муболиғае надорад. Устод Н. Мирзомуҳаммад, воқеан, аз олимону донандагони забардасту пурмаҳсули улуми забоншиносӣ ва равоншиносии мактабӣ эътироф гашта буд.
Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад зодаи деҳаи Понғози ноҳияи Ашт (7-уми ноябри соли 1953 дар оилаи деҳқон) аст.
Дар Донишкадаи давлатии санъати ба номи М.Турсунзода ва Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон аз забоншиносию равоншиносӣ (психология) ба донишҷӯён дарс додааст. Соли 1987 бо таклифи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон (собиқ Вазорати маълумоти олӣ ва миёнаи махсуси Ҷумҳурии Тоҷикистон) дар вазифаи инспектори шуъбаи илм ва нашр кор кардааст. Соли 1987 дар озмун барои ишғоли вазифаи муаллими калони кафедраи равоншиносии Донишгоҳи давлатии омўзгории Тоҷикистон иштирок варзида, пирӯз гардид ва то соли 1997 дар ин вазифа кор карда, сазовори эътирофу эҳтироми роҳбарияти кафедра, устодони донишгоҳ ва, махсусан донишҷўён, гардида буд. Ҳамчун раиси Шўрои илмию методии кафедраи равоншиносӣ ва иҷрокунандаи вазифаи мудири кафедра дар беҳбуду пешрафти кори кафедра ва донишгоҳ ба таври шоиста ҳиссагузорӣ кардааст. Ҳамзамон, чун ҳамкор, дар литсейи президентӣ барои хонандагони болаёқат аз фанни забону адабиёти тоҷик низ дарс гуфтааст (с.1988-89).
Чун мудири шуъбаи аттестатсия ва литсензияи муассисаҳои томактабӣ ва мактабҳои таҳсилоти миёнаи Хадамоти аттестатсионии давлатии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 1979) кор карда, дар ташкил ва такмили ин идора ва таҳияи маводду ҳуҷҷатҳои меъёрии ҳуқуқии он саҳми назаррас гузоштааст.
Соли 1999 аз тариқи озмун мутахассиси арзёбии дастовардҳои хонандагони Маркази идораи Лоиҳа дар соҳаи маориф (Лоиҳаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ) интихоб гардид ва баъдтар бозомўзии муаллимон низ бар дўшаш гузошта шуд. То итмоми ин Лоиҳа (соли 2003) фаъолият намуда, ҳамчунин дар омода намудани Лоиҳаи нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки ҷаҳонӣ иштирок кардааст.
Ба сифати сармутахассис оид ба нақшаю барномаҳои таълим, арзёбии дастовардҳои мактаббачагон ва бозомўзии муаллимон дар Маркази идораи Лоиҳа дар соҳаи маориф (аз соли 2003) ва чун сармутахассис оид ба нақшаю барномаҳои таълим (куррикулум) фаъолият кардааст (аз соли 2005 то феврали соли 2009-ум).
Узви Ҷамъияти равоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ва Ассотсиатсияи равоншиносони Тоҷикистон аст. Солҳои 1983 ва 1989 дар Съезди равоншиносони Иттиҳоди Шӯравӣ ширкат кардааст ва гузоришҳояш дар маводди Съезд ба табъ расидааст.
Дар конфронсу симпозиумҳои ташкилоту созмонҳои байналмилалии ЮНЕСКО, ЮНИСЕФ, ЮНДП, МСССБ (СММ), ЮНОДС, ҲТО (ГТС), ЮСАИД ва ғайра, ки дар Руминия, Туркия, Қазоқистон, Қирғизистон, Украина, Ўзбакистон ва ғайра гузаштааст, ширкат ва доир ба масъалаҳои таҳсилот, пешгирии бемории СПИД, арзёбии дастовардҳои хонандагон ва навсозии куррикулум, тарзи ҳаёти солим ва амсоли инҳо суханрониҳо кардааст.
Соли 2006-ум дар озмуни гурўҳи муаллифони китобҳои дарсӣ пирӯз гашта, дар шаҳри Колумбас − маркази Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таҷриба андўхтааст. Дар Москов (Русия, солҳои 1989, 2001), Прага (Чехия, соли 2000) аз курсҳои такмили ихтисос гузаштааст ва мутахассисон ба натиҷаҳои кораш баҳои баланд додаанд.
Дар таҳия, тасниф, тарҷума, тадвину таҳрир ва нашри нақшаю барномаҳои таълим, китобу дастурҳои гуногуни таълимию илмию методӣ чун муҳарриру мураттибу муқарриз саҳим будааст. Муаллифи беш аз 100 мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва қариб 50 дастур, инчунин мураттиб ва муҳаррири барномаҳои таълимӣ дар синфҳои ибтидоӣ аст.
Аз рўйи барномаҳои бо ташаббус ва роҳбарии ӯ аз забони модарӣ ва математикаи барои синфҳои ибтидоӣ мураттабшуда китобҳои дарсӣ таҳия ва нашр шудаанд.
Ҳамчунин, муаллифи ҳикояҳо, ҳаҷвияҳо, эпиграммаҳо ва мақолаҳои публисистист.
Бо телевизион ва радиои Тоҷикистон ҳамкории пайваста дошт. Муаллиф ва барандаи барномаҳои «Маҳфилоро», «Барои шумо − падару модарон», «Фарзанди нағз – боғи падар», «Манзили умед», Субҳи умед» ва ғайраҳо буд. Ин барномаҳо, ки ба масъалаҳои рўзмарраи таълимию тарбиявии фарҳангӣ бахшида шуда буданд, ӯро дар байни мухлисон маҳбубият бахшидаанд.
Узви Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои журналистӣ ва узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон; яке аз созмондеҳони Шўрои миллии таҳсилоти Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва узви фаъоли раёсати он буд.
Дар вазифаи сармутахассиси фанни забони тоҷикии Маркази миллии тести назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз замони таъсиси он то октябри соли 2021 (то беморӣ) кор кардааст.
Аълочии маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.
Оиладор ва соҳиби 3 фарзанду 8 набера аст.
Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад – ин фарҳехтафарзанди миллат, инсони комил, олиму оқил, педагоги мумтоз, забоншиносу равоншиноси пурдону пурмаҳсул бар асари мубтало шудан бар бемории саратони меъда бо оламу одам бидруд гуфт. Модараш ҳафтае пеш аз устод дар 101-солагӣ аз ин ҷаҳон реҳлат кард. Вақте маризии устод шадид гашту танаш рӯ ба афсурдагӣ овард, аз ҳоли модари пираш ҳамеша мушавваш буд ва пайваста дуо мекард, ки эй кош, Парвардигор маро пеш аз модарам набарад, ки зарбаи сахте бар рӯҳу равони модарам мерасад. Модари устод аз марги фарзанд огаҳӣ наёфта ҷон ба Ҳақ супорид (ба ӯ иттилоъ надоданд) ва ҳафтае пас устод Н. Мирзомуҳаммад ба дидори модар ва мулоқоти Офаридгораш шитобид.
Ӯ рафт ҳадафҳояшро амалӣ накарда. Нақшаҳои илмию корию ҳаётиаш иҷро нагардида, нотамом монд. Ният дошт, ки “Фарҳанги истилоҳоти равоншиносӣ”, “Луғати неологизмҳои соҳаи маориф”, “Фарҳанги лаҳҷаи Понғоз”-ро ба нашр расонад. Мақсад дошт, ки китоби дарсии “Забони модарӣ” барои томактабиён ва синфҳои ибтидоӣ, “Равоншиносӣ” ва “Этносотсиопсихолингвистика”-ро, ки маълумоту маводдашро омода карда буд, таълиф намояд. Аммо... Аммо, афсӯс, ки ҳамаи ин орзуву омолу нақшаҳояш амалӣ нашуд, ноком рафт, “Хайёти аҷал таноби умраш бибурид, даллоли азал ба ройгонаш бифурӯхт.” (Хайём).
Ҷисми устод тарки мову дори фано кард, лек ному ёди некаш, кори некаш, меҳраш намиранда аст ва дар дили дӯстон, шогирдон, пайвандон боқист. Ӯ бо покизасириштиаш, бо хушзамириаш, хайру бирраш, осори таълимию илмиаш, хидматҳои шоистааш дар хотиру дар қалбҳои мо зиндаву боқист.
Дареғу асафо, ки устод Нуруллоҳи Мирзомуҳаммад худро аз даҳри ҷафопеша халос кард, аммо доғ дар дили мо монд. Ӯ бо ҳаҷраш моро ҷигарпора кард, лек “Ҷуз дуо дигар чӣ ояд аз ману сомони ман?” (Бедил).
Эй дӯст, ғами ту сар ба сар сӯхт маро,
Чун шамъ ба базми дард афрӯхт маро!
Ман гиряву сӯзи дил намедонистам,
Устоди тағофули ту омӯхт маро! (Хоқонӣ)
Марги чунин бузургинсонҳо талафоти як оила, як корхонаю муассиса нест, балки талафоти миллат аст.
Чӣ захме бар дили мо монда рафтӣ,
Ғами худ дар дили мо монда рафтӣ.
Видоъ, эй марди миллат, фарди миллат!
Ба қалби хеш бурдӣ дарди миллат!
Дасти ниёиш ва хоҳиш ба сӯи Эзади бениёз карда, талаби онро дорем, ки бо раҳмату инояти бепоёнаш боғҳои минӯро манзили ин азизи мо бигардонаду ба пайвандони хунинҷигараш сабурӣ ато намояд.
Ин дам садои пасти мусиқии мотам аз компютер ба гӯш мерасад, нафиру нолаи талхи зоғе аз берун ба самъам меояд, афтиши барги дарахте аз паси тиреза ба чашм метобад. Тирезаро боз мекунам, вазиши боди сард бо сафири ҳузнангез дилро мехарошад...
Сафҳаи қалбам аз сиришки қалам нам мегирад. Қалби ҷонам аз алам нам мегирад. Набзи дилам аз ғусса дигаргуна зеру бам мегирад. Дарди дил бо дарди ҷонам зам мегирад. Дидаам нам мегирад, дилам нам мегирад, ҷонам нам мегирад.
Оҳ! Оҳҳ!! Оҳҳ!!!
Абдулбосит Фазлиддинзода, муҳаррири масъул дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон