Душанбе, 13-уми январи соли 2020
Бо мақсади муаррифӣ кардани имкониятҳои барномаи Erasmus+ дар самти ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олӣ ва саҳм гузоштан дар баланд бардоштани сифати таҳсилот, натиҷагирӣ аз лоиҳаҳои дар чаҳорчӯбаи барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии ҷумҳурӣ амалигардида дар мисоли таҷрибаи назарраси ду донишгоҳи кишвар – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров рӯзи 18-уми октябри соли 2019 дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе) вохӯрии кластерӣ дар мавзӯи “Устуворӣ ва таъсирбахшии лоиҳаҳои барномаҳои TEMPUS ва Erasmus+ ба рушди иқтидори таҳсилоти олӣ” баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев, ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур, мудири шуъба оид ба масъалаҳои сиёсӣ, ахбори омма ва иттилооти Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Пэтра Гашпарова, ҳамоҳангсози дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон Зарина Нуридинова, аъзои тими миллии Коршиносони ислоҳоти таҳсилоти олӣ (КИТО, англ. HERE – Higher Education Reform Experts) Назарзода Рустам Саидмурод ва Санавбар Нурова, беш аз 50 нафар намояндагони 26 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ аз шаҳри Душанбе, ноҳияи Рашт ва вилоятҳои Суғду Хатлон иштирок карданд.
Дар маросими кушодашавии вохӯрӣ нахуст ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Амонзода Илҳом Темур суханронӣ намуда, нақши муҳимми ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи таҳсилоти касбӣ назаррас ва фаъолияти барномаи Erasmus+ -ро дар ин самт баланд арзёбӣ намуд. Ӯ таъкид сохт, ки иштироки фаъоли муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар лоиҳаҳои ҳамкорӣ бо донишгоҳҳои кишварҳои Иттиҳоди Аврупо дар чаҳорчӯбаи барномаи Erasmus+ бе шубҳа метавонад таъсири назарраси худро пеш аз ҳама, дар рушди иқтидорӣ кадрӣ – ҳайати профессорону омӯзгорон ва афзоиши дараҷаи рақобатпазирии муассисаҳои таълимӣ гузорад. Мақсад ва вазифаҳои асосии барномаи мазкур низ маҳз ба дастгирии ҳамаҷонибаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишварҳои рӯ ба тараққӣ дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, аз ҷумла, таҷдид ва мукаммалсозии низоми таҳсилоти олӣ равон гардидааст. Мавсуф дарҷ намуд, ки ҳамчун самараи иштироки фаъоли худ дар беш аз 12 лоиҳаҳои ҳамкории аврупоӣ дар доираи барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ Донишгоҳи технологии Тоҷикистон то ба имрӯз якчанд озмоишгоҳ ва марказҳои муосири тахассусиро бунёд гузошта, дар ҳамкорӣ бо шарикони лоиҳаҳо барномаю нақшаҳои таълим ва маводи методии як қатор ихтисосҳоро таҳия намудааст. Дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи ҳамкории марбут ба сайёрияти академӣ бошад, беш аз 50 нафар омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи технологии Тоҷикистон имкони таҳсил ва таҷрибаомӯзиро дар донишгоҳҳои аврупоӣ ба даст оварданд. Бино бар ин, ӯ аз иштирокчиёни вохӯрӣ даъват ба миён овард, то бо таҷрибаҳои бобарори донишгоҳ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ пурратар ошноӣ пайдо намоянд.
Зимни суханронии муовини якуми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳматулло Мирбобоев қайд гардид, ки ҳамкориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо аз рӯйи самтҳои гуногун ба роҳ монда шудааст, ки дар миёни онҳо соҳаҳои маориф ва илм мавқеи хосро ишғол менамоянд. Дар ин самт, нақши муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ назаррас аст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари шарик ба барномаи Erasmus+ ва раванди болониявӣ ҳамкориҳои мухталифро бо кишварҳои аъзои Иттиҳоди Аврупо ба роҳ монда, дар лоиҳаҳои зиёде, ки ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти олӣ равона гардидаанд, иштирок менамояд ва барои боз ҳам васеътар гардонидани доираи ингуна ҳамкориҳо шароитҳои мусоидро фароҳам меоварад. Аз солҳои аввали иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ дар робита ба шумораи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ, ки ба лоиҳаҳои ҳамкорӣ ҷалб мегарданд, динамикаи мусбӣ дида мешавад. Имрӯзҳо, аллакай 16 муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар 12 лоиҳаи ҳамкорӣ фаро гирифта шудааст. Дар доираи ҳамкориҳои марбут ба сайёрияти академии донишҷӯён ва омӯзгорон бошад, беш аз 750 шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯйи зинаҳои бакалавр, магистр ва докторант (PhD) дар зиёда аз 32 донишгоҳҳои аврупоӣ бо таҳсил ва иҷрои таҷрибаомӯзиҳои илмӣ машғуланд. Дар суханронии худ Раҳматулло Мирбобоев махсус дарҷ намуд, ки новобаста аз муваффақият ва дастовардҳои баъзе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ дар соҳаи таҳсилоти олӣ, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанӯз ба онҳо иктифо накарда, роҳандозии як қатор корҳои муҳимро дар таҷдиду такмили соҳаи маориф шарт ва зарур мешуморад. Аз ҷумла, вусъат бахшидан ба фаъолияти муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати иштироки онҳо дар лоиҳаҳои ҳамкорӣ натанҳо ба сифати шарикони лоиҳа, балки ба сифати ҳамоҳангсозони онҳо низ, такмили барнома ва нақшаҳои таълим ҷиҳати васеъ гардонидани хизматрасониҳои таълимӣ ба шаҳрвандони хориҷӣ, татбиқи барномаҳои муштараки таълимӣ (усули дарёфти ду диплом) бо донишгоҳҳои аврупоӣ. Ӯ қайд кард, ки барои амалисозии ин ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи таҳсилоти олӣ барномаи Erasmus+ ҳамчун майдони мувофиқи ҳамкорӣ ба ҳисоб меравад, ки бо истифода аз имконият ва дастгириҳои он метавон ба ҳалли масъалаҳои зикршуда расид. Дар ин самт, вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдори фаъолияти пурсамари барномаи Erasmus+ дар кишвар буда, ҳавасманди таҳия ва амалисозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ аз ҷониби доираи боз ҳам васеътари муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ барои таҷдиду такмили низоми таҳсилоти олӣ мебошад. Бино бар ин, вазорати маориф ва илм омодааст, ки иқдом ва ибтикори ҳар як донишгоҳу донишкадаи кишварро барои расидан ба ҳадафҳои дар самти ислоҳоти таҳсилоти олӣ гузошташуда дастгирии ҳамаҷониба намояд.
Дар баромади худ намояндаи Намояндагии Комиссияи Аврупо дар Тоҷикистон Пэтра Гашпарова таъкид намуд, ки Осиёи Марказӣ дар Стратегияи Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкорӣ мақоми хосро ишғол намуда, рушди ҳамаҷонибаи кишварҳои аъзои он ҳадафи стратегии Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб меравад. Доираи чунин ҳамкориҳоро бештар соҳаи маориф ташкил медиҳад, зеро худи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба ин самт таваҷҷуҳи хос доранд. Рушди соҳаи маориф ҳамчун яке аз се самти афзалиятнок дар ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидааст. Бо мақсади рушди соҳаи маориф дар Осиёи Марказӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот дар минтақа доираи фаъолияти Иттиҳоди Аврупо аз як қатор масъалаҳои мубрам иборат аст, аз ҷумла, тақвият бахшидан ба ҳамкорҳиҳои байниминтақавӣ ва дохилиминтақавии муассисаҳои таълимӣ ва мақомоти марбут ба соҳаи маориф, таъсис додани майдон (платформа)-ҳои ҳамкорӣ барои ба ҳам наздикшавии кишварҳо дар сатҳи вазоратҳои марбута ва муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ дар самти ислоҳоти соҳаи маориф, ҳамкорӣ бо вазоратҳои дахлдор дар роҳандозии таҳсилоти босалоҳият. Дар робита ба барномаҳои таълимии аврупоӣ мавсуф қайд намуд, ки барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ аз ҳама барномаҳои бобарори Иттиҳоди Аврупо ба ҳисоб мераванд, зеро онҳо доираи хеле васеи донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳу донишкадаҳоро дар бар гирифтаанду имрӯзҳо қариб ҳамаи донишҷӯёну омӯзгорони донишгоҳҳои аврупоӣ ва муассисаҳои таълимии кишварҳои дигар дар бораи ин барномаҳо маълумот доранд. Аз ин лиҳоз, дар стратегияи кунунии ҳамкории Иттиҳоди Аврупо бо Осиёи Марказӣ низ нақши барномаи Erasmus+ басо муҳим ба назар гирифта шудааст. Дар интиҳои суханронии худ Пэтра Гашпарова мақсад ва вазифаҳои вохӯрии кластериро, ки бевосита ба ташкили майдони мусоҳиба барои баррасии таҷрибаи бобарори ду донишгоҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти иштироки онҳо дар барномаҳои таълимии аврупоӣ равона гардидааст, хеле баланд арзёбӣ намуда, таъкид сохт, ки маҳз ташкил ва баргузории чунин чорабиниҳо метавонад ба рушди бемайлони соҳаи маориф, ба вижа таҳсилоти олӣ, мусоидат намояд.
Ҳамоҳангсози дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон Зарина Нуридинова дар мавзӯи “Барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон” маърӯза карда, дар бораи барномаи Erasmus+ (мақсаду вазифа ва имкониятҳо барнома, нақши он дар таҷдид ва такмили низоми таҳсилоти олӣ ва ғайра) ба иштирокчиёни вохӯрӣ маълумоти мухтасарро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ӯ қайд намуд, ки аз соли 2014, ки барномаи Erasmus+ роҳандозӣ мегардад, то ба имрӯз барномаи мазкур 62 лоиҳаи ҳамкориро маблағгузорӣ кардадааст, ки аз онҳо 14 лоиҳа ба рушди иқтидори таҳсилоти олӣ ва 48 лоиҳа ба сайёрияти кредитии байналмилалӣ равона гардидаанд. Зимни суханронии худ, ӯ таъкид сохт, ки вохӯрии кластерӣ дар ҷумҳурӣ бори нахуст дар ин сатҳ ва миқёс баргузор мегардад ва мақсади асосии он шиносоӣ ва омӯзиши таҷрибаи муваффақи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар, ки дар самти иштирок дар лоиҳаҳои ҳамкорӣ ва роҳандозии онҳо дар ҷумҳурӣ пешсафанд, мебошад. Бо дарназардошти таҷрибаи назаррас доштани Донишгоҳи технологии Тоҷикистон (бо иштирок дар беш аз 17 лоиҳа) ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров (бо иштирок дар беш аз 20 лоиҳа) меҳвари асосии чорабиниро муаррифии лоиҳаҳои аз ҷониби муассисаҳои мазкур қаблан амалишуда ва кунун амалишаванда дар бар мегирад. Аз ин лиҳоз, ба вохӯрии кластерӣ намояндагони ҳамаи муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ аз тамоми минтақаҳои ҷумҳурӣ даъват гардидаанд, то ки иштирокчиёни вохӯрӣ чи аз баромади маърӯзачиён ва чи аз баҳсу мунозираҳо ба худ иттилои судмандро барои роҳандозии ҳамкориҳои минбаъда дар чаҳорчӯбаи барномаи Erasmus+ касб намоянд. Дар интиҳои маърӯзаи худ, Зарина Нуридинова аз иштирокчиёни вохӯрӣ – намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ даъват ба миён овард, то онҳо барои иштирок дар озмуни дарпешистодаи барномаи Erasmus+ идеяҳои лоиҳавии худро бо дарназардошти маълумоти зарурии мухтасар (пеш аз ҳама, ба забони англисӣ) омода сохта, аз ҳоло аз пайи ҷустуҷӯйи шарикони лоиҳа шаванд. Дар ин самт, онҳоро зарур аст, ки ҳамкориҳои мутақобиларо бо дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон ва донишгоҳу донишкадаҳои таҷрибадори кишвар ба таври самаранок ба роҳ монанд.
Намояндаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Сангин Бобоев дар баромади худ оид ба лоиҳаҳои аз ҷониби Донишгоҳи технологии Тоҷикистон то ба ҳол амалигардида ва кунун амалишавандаро ба таври муфассал муаррифӣ намуд. Қайд карда шуд, ки аз соли 2010 Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар 8 лоиҳаи TEMPUS ва 7 лоиҳаи Erasmus Mundus иштирок намуда, имрӯзҳо иштироки фаъолонаи худро дар доираи барномаи Erasmus+ идома дода истодааст, аз ҷумла, дар 6 лоиҳаи марбут ба самти рушди иқтидори таҳсилоти олӣ (4 лоиҳаи ҷорӣ ва 2 лоиҳаи тозаинтихоб) ва 6 лоиҳаи марбут ба самти сайёрияти кредитии байналмилалӣ (тибқи шартномаҳои байнимуассисавии бо донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо ба имзо расонида). Ӯ дар бораи ҳар як лоиҳа дар алоҳидагӣ маълумоти муфассалро бо фарогирии чунин қисмҳо пешниҳод намуд: номи пурра ва ихтисора, шарҳи мухтасар, мақсад ва вазифаҳои калидӣ, давомнокӣ, ҳамоҳангсоз ва шарикон, буҷаи умумӣ ва буҷаи донишгоҳ, натиҷаҳои бадастомада ва ғайра.
Оид ба таҷрибаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар самти роҳандозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯбаи барномаҳои таълимии аврупоӣ бошад, намояндагони ин донишгоҳ Мадина Сидиқова ва Ҷамшед Истамқулов маърӯза намудаанд. Нахуст, Мадина Сидиқова дар бораи фаъолияти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров, ба вижа дар самти робитаҳои байналмилалӣ маълумоти умумиро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, ҳамкориҳои муфиди донишгоҳ бо барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ дарҷ карда шуд. Таъкид гардид, ки маълумот дар бораи ҳар як лоиҳаи ҳамкорӣ чи дар сомонаи расмии донишгоҳ ва чи дар сомонаҳои расмии шарикони лоиҳаҳо муфассалан ҷой дода шудаанд ва пайваста мавриди таҷдид қарор мегиранд. Ҳамзамон, ӯ дар бораи лоиҳаҳои аз ҷониби Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров роҳандозигардида маълумот пешниҳод намуд. Сипас, Ҷамшед Истамқулов дар бораи натиҷаҳои муфиди аз ҳар як лоиҳа ба даст овардаи донишгоҳ ба таври муфассал маълумот пешниҳод намуд. Аз ҷумла, қайд гардид, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ҳамкории худро бо барномаиҳои Иттиҳоди Аврупо ҳанӯз аз соли 2007 оғоз намуда, дар 10 лоиҳаи TEMPUS ва 6 лоиҳаи Erasmus Mundus иштирок карда, имрӯзҳо иштироки дар 4 лоиҳаи Erasmus+ фаъолона иштирок намуда истодааст. Ҳамчун самараи хуби чунин ҳамкориҳо дар заминаи донишгоҳ беш аз 10 маркази муосири таълимӣ таъсис дода шудааст, аз ҷумла, маркази роҳандозии принсипҳои раванди болониявӣ, маркази санҷиш ва тадқиқоти экологӣ, маркази забономӯзӣ, маркази компютерии махсусгардонидашуда, шуъбаи робитаҳои байналмилалӣ. Аз муаррифии ӯ маълум гардид, ки тайи 5 соли охир (солҳои 2015 – 2019) аз рӯйи лоиҳаҳои ҳамкории аврупоии марбут ба сайёрияти академӣ 94 донишҷӯ ва 78 омӯзгор дар донишгоҳҳои Иттиҳоди Аврупо бо таҳсил ва таҷрибаомӯзии илмӣ фаро гирифта шудаанд.
Тавре аз фазои бамиёномадаи толор ҳангоми баромади маърӯзачиён эҳсос мегардид, далелу рақамҳои мушаххас ва маълумоти оморию ҷолиби дар муаррифиҳои ҳарду донишгоҳ истифодашуда оид ба ҳар як лоиҳа таваҷҷуҳи иштирокчиёнро ба чунин ҳамкорриҳо боз ҳам бештар ҷалб менамуданд.
Пас аз маърӯзаҳо иштирокчиёни вохӯрии кластерӣ ба муҳокима ва мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарин гузаштанд, то ки ҳар нафар барои худ ва манфиати муассисаи муаррифимекардааш маълумоти бештарро дарёфт намояд. Дар ин бахш якчанд нафар дар асоси таҷрибаҳои худ ва муассисаҳояшон дар амалисозии лоиҳаҳо дар чаҳорчӯбаи барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ ибрози назар намуда, ҳамзамон барои фаъол гардидани муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар ҷиҳати иштироки ҳарчи фаъолтари онҳо дар озмуни навбатии барномаи Erasmus+ тавсия ва маслиҳатҳои муфид ироа намуданд. Аз ҷумла:
Назарзода Рустам Саидмурод – узви тими миллии КИТО дар бораи роҳҳои пайдо кардани идеяҳои лоиҳавӣ бо дарназардошти эҳтиёҷи воқеии муассисаҳои таълимӣ ба ҳамкориҳои байналмилалӣ вобаста аз доираи фаъолияташон гуфта гузашт ва якчанд мисоли мушаххасро аз фаъолияти Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва факултети технологияҳои иттилоотию коммуникатсионии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҳамчун намуна пешниҳоди иштирокчиён намуд.
Аҳрор Ҷаъфаров – намояндаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, шарт ва зарур будани баназаргирии доираи фаъолияти муассисаҳои таълимиро ҷиҳати интихоби онҳо ҳамчун шарикони лоиҳа таъкид намуд, то ки доираи фаъолияти онҳо ба ҳадафҳои асосии идеяҳои лоиҳавӣ мувофиқат кунанд. Ҳангоми омода кардани идеяҳои лоиҳавӣ бошад, ба эътибор гирифтани самтҳои афзалиятнокеро, ки барои кишвар аз ҷониби дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон муайян мегарданд, муҳим арзёбӣ намуд. Зеро, ҳанӯз дар арзёбиҳои нахустини лоиҳаҳо ин ду нуқта ҳатман аз ҷониби коршиносони Иттиҳоди Аврупо ба назар гирифта мешаванд. Ӯ тавсия дод, ки барои боз ҳам бештар гардидани шанси муассисаҳои таълимӣ барои бомуваффақият интихоб гардидани онҳо ҳамчун шарикони лоиҳаҳо, онҳоро лозим аст, то дар низомҳои гуногуни арзёбии рейтингҳои донишгоҳҳо, ки маъмулан тариқи бархат (онлайн) бо истифода аз сомонаҳои махсуси интернетӣ амалӣ мешаванд, ширкат варзанд, зеро аксари донишгоҳҳои аврупоӣ барои дарёфти шарикони лоиҳаҳои минбаъдаи худ маҳз ба нишондодҳои чунин рейтингҳо такя мекунанд. Ҳамзамон, барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои муфид бо донишгоҳу донишкадаҳои кишвар дар доираи озмуни навбатии барномаи Erasmus+ мавсуф якчанд идеяҳои лоиҳавиро, ки ба самтҳои мехатроника ва робототехника, системаҳои автоматии лоиҳакашӣ – барномаҳои интеллектуалӣ, ташаккули малакаҳои соҳибкории донишҷӯён, рушди потенсиали робитаҳои байналмилалӣ ва байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ марбутанд, пешниҳод намуд.
Ҷамшед Истамқулов – намояндаи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров дар аввал оид ба камбудии дар аксари муассисаҳои таълимии таҳсилотии олии касбии ҷумҳурӣ ҷойдошта, ки ба самти пайваста фаъол набудан ва мавриди таҷдиди мудом қарор нагирифтани сомонаҳои расмии онҳо алоқаманд аст, таъкид намуд. Аз ташриф овардан ба сомонаҳои расмии донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ба осонӣ пай бурдан мумкин аст, ки маълумот дар онҳо аслан ба забони тоҷикӣ ҷой дораду мутаассифона, он ҳам на ҳамеша таҷдид мегардад. Маълумот ба забони русӣ, агар мавҷуд ҳам бошад, он дар шакли нопурра аст, маълумот ба забони англисӣ бошад, қариб, ки ҷой надорад. Аммо барои ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманди байналмилалӣ муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбиро зарур аст, ки пеш аз ҳама фаъол кардани сомонаҳои худро таъмин созанд ва дар онҳо маълумоти муфассали мудом таҷдидёбандаро ба забони англисӣ ҷойгир намоянд. Сипас, ӯ роҷеъ ба таҳия намудани маводи иттилоотии мухтасар бо дарназардошти маълумоти калидӣ дар бораи имконият ва дастовардҳои муассиса, ҳангоми ба сифати шарики лоиҳа пешниҳод кардани ин ё он муассисаи таълимӣ ба назар гирифтани минтақаҳои гуногуни кишвар ва эътибор додан ба мувофиқат кардани доираи фаъолияти муассиса ба ҳадафҳои идеяҳои лоиҳавӣ ва таҷрибаи муассиса дар робита ба иштироки он дар барнома ва лоиҳаҳои байналмилалӣ тавсия ва маслиҳатҳои муфид ироа намуд.
Мубин Абдувалиев – намояндаи Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон оид ба ҳамкориҳои байнимуассисавии донишгоҳу донишкадаҳо дар дохили кишвар ҷиҳати дар оянда ҳамчун шарикони маҳаллӣ роҳандозӣ кардани лоиҳаҳои ҳамкории аврупоӣ ибрози ақида намуда, ҳамчун сир нигоҳ надоштан ва паҳн кардани маълумоти аз донишгоҳҳои аврупоӣ ва умуман хориҷи кишвар ирсолгардидаро оид ба ҷустуҷӯйи шарикони идеяҳои лоиҳавӣ аз ҳисоби донишгоҳу донишкадаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хеле муҳим арзёбӣ намуд. Инчунин, ӯ зикр намуд, дар вақти интихоб кардани шарикони маҳаллии лоиҳа аз ҳисоби муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишвар риоя кардани тавозуни минтақавӣ ва ба рӯйхати шарикони маҳаллӣ ворид кардани чи муассисаҳои таҷрибадор ва чи муассисаҳои камтаҷрибаю бетаҷриба ба манфиати кор буда, дар вақти арзёбӣ ва интихоби лоиҳа барои маблағгузории минбаъда ба таври мусбӣ таъсир хоҳад расонид.
Сангин Бобоев – намояндаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъкид намуд, ки сол аз сол доираи кишварҳое, ки имкони иштирок карданро дар барномаи Erasmus+ ба даст меоранд, васеътар гардида истодаасту рақобат шадидтар. Бино бар ин, таҳияю пешниҳоди лоиҳаҳои босифат ва ғолиб омадан дар озмуни барномаи Erasmus+ низ ҷиҳати дарёфти маблағгузориҳои минбаъда сол аз сол мушкил мегардад. Аз ин рӯ, ӯ аз иштирокчиёни вохӯрӣ, ки намояндагии муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии кишварро ба зимма доранд, даъват ба миён овард, ки интизори баргузории Рӯзи иттилоотии барномаи Erasmus+ дар Тоҷикистон ва ё рӯзи эълони озмуни навбатии барномаи мазкур нашуда, истифодаи самараноки вақтро ба роҳ монанд ва аз ҳоло аз пайи омода кардани маълумоти мухтасар оид ба идеяҳои лоиҳавии муассисаи худ тибқи қолаби махсус барои ҷустуҷӯйи шарикони лоиҳа (Partner Search Form) шаванд. Дар чунин маълумот дарҷ намудани ҳамкориҳои қаблию кунунӣ ва таҷрибаи доштаи муассиса дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, шартномаҳои бо муассисаҳои таълимии хориҷи кишвар ба имзо расонидаи муассиса, стратегияи муассиса дар раванди байналмилаликунонии таҳсилоти олӣ ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии марбут ба он, аз манфиат орӣ нахоҳад буд. Вобаста ба ҷустуҷӯ ва пайдо кардани ҳамоҳангсозон ва шарикони лоиҳа низ мавсуф баъзе маслиҳатҳои муфидро пешниҳод намуд. Аз ҷумла, таъкид гардид, ки дар вақти интихоби шарикони лоиҳа минтақаи ҷойгиршавӣ ва таҷрибаи онҳо ба назар гирифта шавад. Ҳангоми ин амал доираи интихоби шариконро танҳо бо Осиёи Марказӣ маҳдуд насохта, шариконро аз минтақаҳои дигар низ бояд ҷустуҷӯ ва интихоб кард, то ки дар чаҳорчӯбаи лоиҳаи таҳия ва пешниҳодшаванда ҳамкориҳои байниминтақавӣ роҳандозӣ карда шаванд.
Санавбар Нурова – узви тими миллии КИТО ва Хаёл Бобоев – намояндаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ташкил ва баргузор кардани вохӯрии кластериро хеле муҳим ва басо саривақтӣ қайд намуда, пешниҳод карданд, ки чунин чорабиниҳо ба таври даврӣ ташкил карда шаванд, то дар асоси мубодилаи таҷрибаҳои навини донишгоҳу донишкадаҳои кишвар ва ибрози назарҳои мухталифи намояндагони онҳо, ҳар як муассисаи таълимии таҳсилоти олии касбии ватанӣ дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама, дар доираи барномаи Erasmus+, ҳарчи бештару пештар рушд ёбад.
Зарина Нуридинова – ҳамоҳангсози дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон ба муҳокима ва мубодилаи таҷрибаҳои беҳтарини муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ хотима бахшида, якчанд нуқтаи муҳимро барои ҳамкориҳои минбаъдаи донишгоҳу донишкадаҳо дар доираи барномаи Erasmus+ дарҷ намуда, онҳоро хеле муҳим арзёбӣ ва муаррифӣ намуд, аз ҷумла, саривақт ҷавоб гардонидан ба муроҷиатҳои донишгоҳҳои аврупоӣ ва кишварҳои дигар дар самти барпо кардани ҳамкориҳо дар самтҳои марбут ба ислоҳоти соҳаи таҳсилоти касбӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот, ҳангоми ҷустуҷӯ ва интихоб кардани шарикони маҳаллии лоиҳа аз ҷумла ба назар гирифтани муассисаҳои таълимии дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ камтаҷриба ё бетаҷриба, тақвият бахшидан ба ҳамкориҳои байнимуассисавӣ дар дохили кишвар ҷиҳати рушди иқтидори онҳо дар самти ҳамкориҳои байналмилалӣ, бо мақсади саривақт огоҳ гардидани донишгоҳу донишкадаҳои кишвар аз ҳамагуна эълон ва навгониҳои марбут ба барномаи Erasmus+ ва ҳамкориҳои дигари байналмилалӣ дар заминаи воситаҳои муосири телекоммуникатсионӣ (масалан, низоми мубодилаи ахбори фаврии WhatsApp) таъсис додани майдони ягонаи иртиботӣ – суҳбатхонаи электронӣ барои намояндагони муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ.
Дар фарҷоми вохӯрии кластерӣ бо мақсади шиносоии боз ҳам бештар пайдо кардан иштирокчиён аз як қатор марказ ва озмоишгоҳҳое, ки дар натиҷаи роҳандозии лоиҳаҳои ҳамкорӣ дар доираи барномаҳои TEMPUS, Erasmus Mundus ва Erasmus+ таъсис дода шудаанд, дидан намуданд. Аз ҷумла, меҳмонон бо озмоишгоҳи “Муҳандисии барномавӣ ва компютерӣ” (лоиҳаи TEMPUS “HEICA – Higher Education Initiative for Informatics in Central Asia”, маркази “Рушди таълимоти муҳандисӣ EXTEND Centre” (лоиҳаи Erasmus+ “EXTEND – Excellence om Engineering education through teacher training and new pedagogic approaches in Russia and Tajikistan”), “Портали электронии tutmobility.tj оид ба мубодилаи академии донишҷӯён ва омӯзгорон” (лоиҳаи Erasmus+ “PAWER – Paving the way to interregional mobility and ensuring relevance, quality and equity of access”), “Web-портали Маркази рушди касбият ва инноватсияҳо” (лоиҳаи TEMPUS “UNIWORK – Strengthening Career Centers in Central Asia Higher Education Institutions to empower graduates in obtaining and creating quality employment”) аз наздик шинос шуданд.
Ҳамин тариқ, иштирокчиёни вохӯрии кластерӣ аз таҷрибаи пешқадами ду донишгоҳи пешсафи кишвар дар самти роҳандозии лоиҳаҳои ҳамкории таълимии аврупоӣ – Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров ба таври муфассал шинос шуда, дар асоси мубодилаи афкор ва таҷрибаҳои судбанд барои худ маълумоти амалии муфидро дарёфтанд.
Назарзода Рустам Саидмурод,
узви тими милии КИТО (HERE) дар назди
дафтари миллии Erasmus+ дар Тоҷикистон