Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЧАРО ХОДИМОНИ ДИН ХОМӮШ БУДАНД?

Нашр шуд: 18 Майи 2018
Диданд: 1798

Душанбе, 18-уми майи соли 2018

Аз ёдам ҳеҷ фаромӯш намешавад, солҳое, ки дар кишвари азизамон нобасомониҳо рух дода буд... Он солҳо 14-15 сол доштам, падарам дар қайди ҳаёт набуданд, барои як модари серфарзанд бе падар хӯронидану пӯшонидани фарзандон хеле мушкил буд. Азоби гурснагии зиёд кашидем, чунки дар он солҳо тамоми роҳҳо ба сӯи шаҳри Кӯлоб баста буд. Хушбахтона, ба тақдири неки мардуми Тоҷикистон Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сари ҳокимият омаданд. Бе муболиға, аз рӯзҳои аввалини роҳбариашон аллакай ба хонаи ҳар як сокини кишвар ва аз ҷумла ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб маводи хӯрока дастрас гардид. Модарам вақте нонро аз танӯр меканданд, бо оби чашм нонро бар дидаҳошон мемолиданду мегуфтанд: «Илоҳо хока гирӣ, зар гардад, Эмомалӣ».

Дар он рӯзҳо ҳеҷ кас боварӣ надошт, ки боз хурсандию шиками серро мебинанд, чунки кишвар дар ҳолати ногувору ташвишовар қарор дошт. Чӣ бадбахтиҳое, ки ба сари мардум наомад… Ҳамаи мушкилоти мардум як сӯву мушкилоти баргузории маъракаву маросимҳо як «дарди сар»-и дигар буд. Худо накарда, агар дар хонадоне нафаре мефавтид, зиндаҳои ӯ барои баргузории маъракаҳои сари тахтаву, серӯзагӣ, ҳафтаю ҷумъагӣ, шашмоҳагиву чилу соли майит дар зери қарзу қавола буданд.

Масалан, бо амри тақдир соли 1994 бародари хурдиям дар синни 14-солагӣ вафот кард. Муллои маҳалла ба хонаи мо омада аз меъёрҳои шаръии дини мубини ислом бурҳону далел оварда мегуфт, ки кӯдаки Шумо чаҳордаҳсола “ба гуноҳа расидааст”, бинобар ин, ҳатман ҳар ҳафта дар ҳақи авроҳи ӯ маъракаи панҷшанбегӣ гузаронидан даркор. Модарам зани деҳотии сода, бе маълумоти олӣ, дар ягон ҷо кору фаъолият намекард. Баъди шунидани суханҳои муллои маҳалла модари ҷигарреш аз доғи фарзанди чаҳордаҳсола ҳамеша мегуфт, ки «фарзандам дар ин дунё чизе надид, бояд кори аз дастамон меомадаро бикунем,то дар қабр ором бихобад» ва ҳар ҳафта пайваста ин маросимро анҷом медод. Худованд раҳми модари маро хӯрду дар як мағоза ҳамчун фаррош ӯро ба кор қабул карданд, аммо бо маоши хеле паст. Бар зами ин, 5-фарзанди дигарро хӯрондану пӯшондан лозим буд. Хулоса ҳар ҳафта рӯзҳои панҷшанбе дастархон ороста мешуд ва соати як аллакай 10-15 нафар ба маърака меомаданд. Таъом бояд бе гӯшт намешуд, боз модарам анвои шириниву орзуқу қаламаро барои пур кардани дастархон омода мекард. Охири кор бо ҷамъ намудани хӯрокҳои болои дастархон анҷом меёфт, Дар охири маъарака боқимондаи дастархон ба як рӯмолча печонида шуда, ҳатман ба мулло дода мешуд.

Худо шоҳид, ки ҳамаи ин суханонро на ба хотири миннат кардани он чи модарам карда буд, мегӯям, балки то имрӯз ба як суоли худ посух наёфтаам. Дар ҳоле, ки ин ҳама сарфу харҷи беҳуда талаботи шариати исломӣ набудааст, чаро боре ҳам ходимони дин ҳақиқатро ба гӯши ҷомеа нарасонидаанд. Чаро интизор шуданд то даме, ки ба ин масъала бо эҳтимому таваҷҷуҳи ҷиддии худ Пешвои муаззами миллат расидагӣ кардаанд?. Вақте зимни суханронии худ дар яке аз мулоқотҳо бо аҳли ҷомеа Пешвои миллат таъкид намуданд, ки «ман солҳои зиёд таҳлил кардам ва омӯхтам….. Чунин сарфу харҷи беҳуда на дар Қуръони карим ва на дар суннати Паёмбар вуҷуд надорад» маро эҳсоси аҷибе фаро гирифт. Воқеан дар ин мулоқот ходимони дин низ иштирок доштанд ва ҳама ба даҳон об гирифта буданд. Зеро Пешвои муаззами мо бо хиради азалии худ бори дигар халқро аз вобастагӣ ба банди хурофоту ҷаҳолат раҳоӣ бахшиданд. Зиҳӣ, Пешвои миллати тоҷик!!! Зиҳӣ!!!

 

Нигинамо Ризоева,

сармутахассиси Кумита

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/839).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон