Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ЧАНД СУХАНЕ АТРОФИ ФИЛМИ “РЕШАҲОИ НОАЁН”

Нашр шуд: 30 Июни 2018
Диданд: 2882

Душанбе, 30-юми июни соли 2018

Ахиран дар шабакаҳои телевизионии кишвар филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён” ба намоиш гузошта шуд, ки марбут ба хиёнатҳои аъзоёни ТЭТ ҲНИТ дар солҳои навадум мебошад.

Баъд аз тамошои ин филми мустанад ба хулоса омадам, ки боз як бори дигар хиёнаткор ва фитнагар будани ТЭТ ҲНИТ аз забони худи аъзои фаъоли он Қиёмиддини Ғозӣ исботи худро ёфт.

Тавре аз зикри хатарҳои ин гурӯҳҳо маълум шуд, яке аз муҳимтарин барномаҳои ин гурӯҳи ифротӣ аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистон будааст. Онҳо ин нияти худро бо роҳбарии хоҷагони худ, ки Қиёмиддини Ғозӣ дар суҳбати худ иброз дошт, амалӣ кардан мехостанд ва барои амалӣ гардидани ин нияти шуми худ ба ТЭТ ҲНИТ маблағҳои калон додаанд, лекин хушбахтона ин амалҳои нопоки онҳо амалӣ нагардид.

Чи хеле ки Қиёмиддини Ғозӣ иқрор шуд, онҳо бо роҳбарии хоҷагони хориҷии худ ба сохти давлатдорӣ, тарзи зиндагӣ, арзишҳои миллӣ ва таърихии мо муқобил будаанд, нисбати онҳо нафрати беандоза доштаанд. Хулоса, мақсаду мароми ТЭТ ҲНИТ аз байн бурдани давлати мустақили Тоҷикистон, нобудии таъриху фарҳанги миллати мо будааст.

Аз суханҳои ин мазҳабфурӯшу ватанфурӯш маълум гардид, ки онҳо дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ на парвои мардуми бечораву гуреза дар Афғонистон доштанд, балки барои пур кардани кисаҳои худ ба номи онҳо аз хориҷ маблағҳои зиёд ба даст оварда, ин маблағҳоро барои ятим гардонидани кӯдакони тоҷик ва хонавайрон кардани ҳазорон ҳамватанони мо сарф кардаанд. Ин нуктаро худи Қиёмиддини Ғозӣ бо забони худ иқрор кард, ки “сабабгори ба вуҷуд овардани ҳазорҳо ятиму ҳазорҳо бевазан гардидем”.

Инчунин аз шоҳидии нафарони зиёд маълум гардид, ки Қиёмиддини Ғозӣ мазҳаби худро фурӯхта, ба мазҳаби шиа ворид гардидааст ва мазҳаби шиаро дар байни аҳолии Тоҷикистон ва муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Руссия бо супориши бевоситаи хоҷагони Эрониаш таблиғи ошкоро мебурдааст, ки ин хиёнатҳои ӯ нобахшиданист.

Барнома аз нигоҳи ҳушёрӣ ва зиракии сиёсӣ барои мардуми шарифи Тоҷикистон бисёр муфиду бамаврид ва аз нигоҳи ҳаёт ва зиндагии вазнини солҳои гузашта ғаму андӯҳи он солҳоро ба ёд меовард. Бинобар ҳамин, ҳеҷ кас ҳақ надорад дин ва шариатро василаи расидан ба аҳдофи нопоки худ қарор диҳад. Мақсад аз дин ва шариат амал намудан ба фармудаҳои Худо, панду насиҳат намудан, хонаи як бандаи Худоро обод кардан, дасти кумак дароз намудан ба маъюбон, ятимон, барҷомондагон, барои ободии Ватан саҳми худро гузоштан аст. Амалҳои зикршуда сабабгори ризои Худо мегарданд ва дар ғайри ин сурат инсон ноком ва расвоу шарманда мегардад. Мисли он ки Қиёмиддини Ғозӣ амал карду натиҷаи амали худро дид.

 

Остоназода Сайдамин,

мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Турсунзода

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/924).

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Озмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби роҳбар ва ёвари роҳбари маркази имтиҳонӣ
  • Озмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣОзмун барои интихоби маъмури имтиҳон ва ёвари маъмури имтиҳони маркази имтиҳонӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон