Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

БАРДОШТҲО АЗ РАФТИ МИЗИ МУДАВВАРИ «ҶАЛБИ ҶАВОНОН БА КОРҲОИ СОЗАНДАГӢ ВА НАҚШИ ОН ДАР ПЕШГИРИИ ИФРОТГАРОӢ»

Нашр шуд: 06 Апрели 2018
Диданд: 1053

Душанбе, 6-уми апрели соли 2018

Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таърихи 15.03.2018 мизи мудаввари «Ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва нақши он дар пешгирии ифротгароӣ»-ро ҷиҳати ба роҳ мондани корҳои таблиғотӣ бо мақсади ташаккули тафаккури зиддитеррористӣ дар байни аҳолӣ, ҳамчунин Нақшаҳои вобаста ба амалӣ намудани "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соҳои 2016-2020" баргузор намуд.

Дар кори Мизи мудаввари мазкур намояндагони Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон ва варзиш, Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломии Тоҷикистон ва Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам Абуҳанифа иштирок намуданд.

Мизи мудаввари мазкур бо ҳадафи ҷалби ҷавонон ба корҳои созандагӣ ва равишҳои беҳтару хубтару таъсиргузору оммафаҳм ба роҳ мондани хатари терроризм дар байни аҳолӣ, хусусан дар байни ҷавонон доир гардид.

Сухани ифтитоҳӣ ва ҳадафи чорабинии мазкур аз ҷониби муовини Раиси Кумита Мирзозода А.Ф. ироа гардид, ки дар он хатари терроризм ба сулҳу суботи кишвар ва роҳҳои пешгирии он, хусусан дар байни ҷавонон зикр шуд. Инчунин, муовини Раиси Кумита Олимзода Ф. аз фаъолияти Кумита дар ин самт гузориши муфассал дода, саҳми ҷавононро дар пешгирии ин омилҳои номатлуб муҳим арзёбӣ кард.

Ҳаким Абдуллоҳ Раҳнамо, сардори Раёсати таҳлил ва ояндабинии сиёсати хориҷии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баромади худ роҷеъ ба амалишавии "Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои соҳои 2016-2020" изҳори андеша намуда, онро ҳамчун ҳуҷҷати муайянкунанда, роҳнамо ва самтдиҳанда дар мубориза алайҳи ифротгароӣ муҳим арзёбӣ намуд. Аҳамияти муборизаи иттилоотӣ ва саҳми он дар пешгирии ифротгароӣ баён гардида, зарурати таваҷҷуҳ ба ин самт ёдоварӣ карда шуд.

Номбурда зикр намуд, ки дар раванди татбиқи Стратегияи миллӣ ва муборизаи амалӣ бо экстремизму терроризм, такмили равиши корҳои иттилоотӣ ва фаҳмондадиҳӣ, аз ҷумла корҳои таблиғотии оммавӣ ва то сатҳи фаҳмиши мардуми оддӣ дар деҳот расонидани паёмҳои таблиғотӣ  зарур мебошад. Дар ин самт иқдомҳое чун ироаи шарҳи осону оммафаҳми мафҳуму истилоҳоти соҳаи экстремизму терроризм, аз муҳити академикӣ ба муҳити оммаи мардум набаровардани ихтилофи назари олимон дар бораи таърифи мафҳумҳои экстремизму терроризм, истифода набурдани калимаҳои “динӣ” ва “исломӣ” ҳамчун сифат дар номи ин гурӯҳҳо ва муаррифии онҳо ҳамчун гурӯҳҳои террористии ғайриқонунӣ, дар раванди кори фаҳмондадиҳӣ дар байни аҳолӣ ҷалб намудани мутахассисони босалоҳият ва дорои маҳорати таблиғотӣ дар масоили мазкур, таъсиси Маркази омӯзиши равишҳои иттилоотӣ ва таблиғотии зиддиэкстремистӣ ва зиддитеррористӣ, баргузории курсҳои кӯтоҳмуддат барои омода кардани кадрҳо (лекторҳо) дар самти мубориза бо ифротгароӣ ва терроризм, нишон додани хатари бевоситаи он ба давлат ва миллат, ба сатҳи фардӣ фаровардани дарки хатари гурӯҳҳои экстремистӣ ва террористӣ барои шаҳрвандон, нишон додани таҳдиди он ба ҳуқуқу озодиҳо ва амнияти шахсию манфиати шахсии ҳар фард ва ғайра ҳамчун иқдомҳои зарурӣ номбар шуда, моҳияти ҳар яке аз ин иқдомҳо шарҳ дода шуд.

Суханронии мазкур дар умум, рӯи методу равишҳои фаҳмондадиҳӣ ва ин ки кормандони мақомоти сиёсию қудратӣ ва хизматчиёни давлатӣ ва ҳар як шаҳрванди оддии кишвар ба таври бисёр сода ва мушаххас хатари тафаккури ифротӣ ва гурӯҳҳои ифротгаро бидонаду дарк кунад, ҷараён гирифт.

Дар охири Мизи мудаввари мазкур пурсишу посух ва мулоҳизаҳо аз сӯи иштирокчиён, хусусан намояндагони Прокуратураи генералӣ, Кумитаи кор бо занон ва оила, Маркази исломшиносӣ, Маркази исломӣ, Донишкадаи исломӣ ва кормандони Кумита иброз гардиданд.

 

Бахши таҳсилоти динии Кумита

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/761).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон