Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ҶАШНУ МАРОСИМҲО АЗ БАЙН НАРАФТААНД ВА НАМЕРАВАНД

Нашр шуд: 30 Марти 2018
Диданд: 1303

Душанбе, 30-юми марти соли 2018

Паёми имсолаи Пешвои муаззами миллат тамоми соҳаҳои ҳаётан муҳимро дар бар гирифта буд ва ин Паёми самимии Пешвои миллат моро вазифадор менамояд, ки дастуру ҳидоятҳои Роҳбари маҳбуби давлатро пайравӣ намоем.

Сарвари давлат тамоми масоили ҳаётан муҳими ҷомеаро дар суханронии худ дарҷ намуданд.

Аз ҷумла, бахше аз суханронии Сарвари давлат ба мавзӯи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки яке аз ҳадафҳои он ҳифзи арзишҳои асили фарҳангии миллӣ, эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ ва баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии ҳаёти шаҳрвандон мебошад, бахшида шудаанд.

Ҳадафи аслии сиёсии қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар даврони истиқлолият барои шахрвандони кишвар шароити мусоиди зиндагиро фароҳам овардан мебошад.

Имрӯз бархе аз мардумон иддао доранд, ки дар натиҷаи дар амал татбиқ шудани Қонуни танзим ҷашну маросимҳои милливу динии мо аз байн рафта истодаанд, вале ин нодуруст аст, ягон оин ва маросимро қонун манъ накарда, балки танҳо тарзи гузаронидани онҳоро танзим намуда, маъракаҳоеро, ки боиси харҷи зиёд ва худнамоиҳо шудаанд, манъ кардааст. Пеш аз қабули қонун аксарияти маъракаҳо бо хароҷоти зиёд гузаронида мешуданд. Дар вақти гузарондани маъракаҳо дороён кӯшиш мекарданд, ки дороии худро нишон диҳанд ва ба ин мақсад дар баргузории онҳо пулу моли фаровонеро сарф мекарданд, камбизоатон бошанд, барои аз онҳо қафо намондан ва «хандахариш» нашудан бо ҳар роҳе ки набошад, мекӯшиданд, ки маъракаҳои худро мисли маъракаҳои дороён пурдабдаба ва серхарҷ гузаронанд. Дар натиҷаи ҷунин тақлидҳои бемаънӣ дар баргузории маъракаҳо, мардуми камбизоат ба қарз меғӯтиданд ва сатҳи зиндагиашон аз лиҳози таъминоти моддиву молиявӣ чандин сол дар ҳолати таназзул боқӣ мемонд. Лекин дар он давра ягон кас ба худ савол намедод, ки ҳамаи ин хароҷот ба хотири чист? Мардум ин гуна хароҷотро як амри оддӣ ва зарурӣ қабул намуда, онро мисли урфу одат иҷро мекарданд.

Бояд эътироф намуд, ки исрофкорӣ ва харҷи маблағҳои бузург дар баргузории маъракаҳои марбут ба анъана ва ҷашну маросимҳои милливу динӣ дар даврони шӯравӣ авҷ гирифта, ба одат табдил ёфтаанд ва хусусияти оммавӣ касб кардаанд. Он замон дар зеҳну тафаккури мардум чунин исрофкориҳо ва сарфи хароҷотҳои бузург дар маъракаву маросимҳо ҳамчун як падидаи лозимӣ ва маъмулӣ нақш баста буд.

Аммо баъди ба истиқлолияти давлатӣ ноил шудани Тоҷикистон, пайомадҳо ва оқибатҳои манфии инфиродиву иҷтимоии ингуна исрофкориҳо ва хароҷотҳои бемаънӣ ба таври дақиқ ошкор ва исбот карда шуданд. Аз ин рӯ, ба хотири пешгирӣ ва аз байн бурдани одати номатлуб ва аз лиҳози иқтисодиву моддӣ зарарноки исрофкорӣ ва хароҷотҳои аз ҳад зиёду беҳуда дар баргузории маъракаҳо ва ба низом даровардани ҷашну маросимҳои милливу динии мардум, соли 2007 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба тасвиб расонида шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз 24 майи соли 2007 оиди қонуни мазкур гуфта буданд: «…то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, ба қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем».

Инак аз замони қабул шудани Қонуни танзим, ки дар ҷаҳони муосир собиқа ва назири худро надорад, беш аз 10 сол сипарӣ гардид. Дар тӯли ин муддат дар партави татбиқи Қонуни танзим вазъи моддиву иқтисодии қишрҳои камбизоат ва миёнаҳоли ҷомеа то рафт рӯ ба беҳбудӣ ниҳода, аз ҳисоби сарфаи хароҷот ва каммасраф гузаронидани маъракаҳо мардум имконият пайдо намуданд, ки маблағҳои сарфашударо барои беҳтар кардани шароити моддиву молиявӣ ва қонеъ гардонидани талаботҳои воқеии худ ва аҳли хонаводаи худ истифода баранд. Умуман, гуфтан мумкин аст, ки қабули Қонуни танзим барои расидан ба яке аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – аз байн бурдани камбизоатӣ ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳамаи қишрҳо ва табақаҳои ҷамъиятӣ мусоидат карда истодааст.

Имрӯз ҳар як шаҳрванди ба нангу номуси кишвар, бояд Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки маҳз бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз нав таҳрир шудаву ба тасвиб расид, ҷонибдорӣ намуда, барои босамар амалӣ гардондани он саъю талош варзад. Зеро қонуни мазкур дар беҳбуди зиндагии мардум нақши бузург дорад.

 

Ҷ. Хушқадамов,

мудири бахш оид ба корҳои дин,

танзими анъана ва ҷашну маросимҳои

миллии назди МИМҲД-и ноҳия Роштқалъа

 

Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/673).

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Коэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳоКоэффитсиентҳои пешбинишуда барои шаҳру ноҳияҳо
  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон