Душанбе, 4-уми майи соли 2018
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки минтақаҳои мухталифи оламро мавҷи бесобиқаи терроризм, ифротгароӣ ва низоъҳо фаро гирифта, рақобати геосиёсии абарқудратҳо рӯ ба афзоиш ниҳодааст.
Тоҷикистон, ки даҳшати ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронидааст, ҳамеша зидди ҷангу нооромӣ ва ҷонибдори ҳалли мусолиматомези ҳама гуна мухолифату низоъҳо мебошад.
Аз ҳодисаву рӯйдодҳои чанд соли гузашта, бахусус моҳҳои охир маълум мегардад, ки бар асари буҳронҳои сиёсӣ, бархӯрди манфиатҳои абарқудратҳо ҷиҳати аз нав тақсим кардани ҷаҳон, инчунин, шиддат гирифтани низоъҳои диниву мазҳабӣ дар чандин кишварҳои исломӣ, амалҳои даҳшатбори террористӣ дар як қатор минтақаву кишварҳои сайёра вазъи ҷаҳони муосир боз ҳам мураккабу ҳассос гардидааст.
Дар натиҷаи вусъат пайдо кардани экстремизм, терроризм ва ифротгароии динӣ даҳҳо ҳазор одамон ба ҳалокат расида, оромиву осудагӣ дар аксари мамлакатҳо халалдор гардидааст.
Мо оқибатҳои ҷанги таҳмилии шаҳрвандиеро, ки ҳанӯз дар оғози давраи соҳибистиқлолӣ рух дода, сабабгори талафоти даҳҳо ҳазор мардуми бегуноҳ гардида, таъсираш то ҳол аз хонаводаҳои мардуми тоҷик аз байн нарафтааст, фаромӯш накардаем.
Сулҳ ба ҳайси бузургтарин сармояи маънавии инсоният шароит ва имкон фароҳам меорад, ки аҳли башар бо ҳам дӯстона зиндагӣ кунанд ва барои худ муҳити орому осоишта бунёд намоянд.
Танҳо ба шарофати сулҳу ваҳдати комил мо тавонистем дар як муддати кӯтоҳ қариб як миллион нафар гурезаҳо ва муҳоҷирони иҷбориро ба Ватан баргардонем, барои мардум шароити кору зиндагиро муҳайё созем ва раванди созандагиро оғоз намоем.
Вазъи имрӯза ва хатарҳои афзоянда бояд шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонони моро ҳушёр созанд, ки ба ҳар гуна ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шомил нагарданд ва зиракии сиёсиро аз даст надода, барои ҳифзи давлатдории миллиамон кӯшиш намоянд ва Ватани азизамонро чун меҳри модар муқаддасу гиромӣ доранд.
Вале мутаассифона, ба гурӯҳҳои ҷангҷӯи террористиву экстремистӣ ҳамроҳ шудани иддае аз ҷавонон ва фирефтаи таъсири исломи радикалӣ ва тундрав гардидани қисми дигари онҳо боиси ташвиш мебошад.
Аз рӯи маълумот садҳо нафар ҷавонони гумроҳу сустирода ва аз донишҳои муосир ноогоҳ ба сафи ин ҷангҷӯён ҳамроҳ шуда, қисми онҳо дар ҷангҳо кушта ва асир гардида, қурбони сиёсати гурӯҳҳои тундрав шудаанд.
Бояд гуфт, ки ин тоифа одамон бо чунин кирдори нангини худ ба шаъну шарафи миллати куҳанбунёди тоҷик ва давлати тоҷикон иснод меоранд.
Чунонки шумо огаҳӣ доред дар заминаи ихтилофоти диниву мазҳабӣ ҳамарӯза дар Сурия, Ироқ, Яман садҳо нафар мардуми осоишта ҳалок гардида, амалҳои террористӣ дар Туркия ва як қатор давлатҳои Аврупо пайваста идома доранд. Террористон худро мусулмон пиндошта, бо нидои «Аллоҳу акбар» ба қалби мусулмонони бегуноҳ тир мекушоянд. Ҳол он, ки мусулмонӣ тамоман чизи дигар аст:
Худои таъоло дар Қуръони карим мефармояд:
«Ва ба онҳо дастуре дода нашуда буд, магар ин ки Худоро бипарастанд, дар ҳоле,
кидини худро барои Ӯ холис кунанд…» (Сураи Байина, ояти 5).
Чунин ҳолати ноором метавонад дар як лаҳза Афғонистон ва кишварҳои ҳамсояашро фаро гирад. Чунин ҳодисаҳоро дар ислом фитна мегӯянд ва дар ин маврид Расули акрам (с) фармудаанд: «Фитна аз қатл шадидтар аст».
Қатлу куштор бадтарини амалҳо буда, қотил натанҳо мусулмон, балки одам нест!
Худованд дар Қуръони карим қатлу кушторро маҳкум намуда, мусулмононро чунин мефармояд:
Ва ҳар ки муъминеро ба қасд бикушад, пас ҷазои ӯ дӯзах аст, дар он ҷовид бошад; ва Худо бар ӯ хашм гирифтааст ва ӯро лаънат кардааст ва азоби бузург барои ӯ омода сохтааст. (Сураи Нисо, ояти 93).
Пайғамбари гиромӣ (с) моро аз фитна ва ангезаҳои он барҳазар намуда, одамонро ба дурӣ ҷустан аз фитнаҳои охируззамон тарғиб менамоянд: Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Ба зудӣ фитнаҳое ба вуқӯъ хоҳад пайваст ва дар ин фитнаҳо шахси нишаста беҳтар аз шахси истода аст ва шахси истода беҳтар аз шахси раванда ва шахси раванда беҳтар аз иштироккунанда аст. Касе, ки ба онҳо тамоюл намояд, ӯро ба сӯи худ ҷалб менамоянд. Пас касе, ки паноҳгоҳ ва гӯшае пайдо карда метавонад, ба он ҷо паноҳбибарад ва гӯшагирӣ намояд.” (Саҳеҳи Бухорӣ, ҳадиси 2192).
Оре фитна яке аз нишонаҳои охират аст, ки Паёмбар онро чунин шарҳ додаанд: Аз Абӯҳурайра (р) ривоят аст, ки гуфт: Паёмбари Худо (с) фармуданд: “Илм аз байн меравад ва ҷаҳл ва фитнаангезӣ ҷойгузини он мешавад ва ҳараҷу мараҷ зиёд мегардад. Касе пурсид: Ё Расулаллоҳ, ҳараҷу мараҷ чист? Паёмбари Худо (с) дар ҷавоби он шахс дасти мубораки худро тавре ҳаракат доданд, ки далолат ба қатл ва куштор мекард.
Аз ин рӯ, дар ин лаҳзаҳо бахусус, ба ҷавонони даврони истиқлолият муроҷиат карда, таъкид намуданиям, ки ба қадри ин неъмати бебаҳо - сулҳу суботи пойдор расанд, зиёдаравӣ накарда, шукронаи Ватанро ба ҷо оранд, ба қадри ҳар ваҷаб хоки муқаддаси сарзамин расида, танҳо дар доираи қонун зиндагиву фаъолият кунанд, сатҳи саводу дониш ва ҷаҳонбинии худро баланд бардошта, Тоҷикистони маҳбубро бо тамоми муқаддасоташ ҳифзу нигаҳдорӣ намоянд.
Сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ бузургтарин дастоварди мардуми шарафманди мо маҳсуб ёфта, ҳифзу ҳимояи он вазифаи шаҳрвандии ҳар як сокини бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Аҳлиддин Сайвалиев,
мутахассиси Кумита
Бознашр аз сомонаи Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (http://din.tj/?q=node/816).