Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф
    • Ҳамкориҳо
    • Пажӯҳиш
      • Маҷаллаи "Довталаб"
      • Мақолаҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • ИМД
    • Маълумоти асосӣ
    • Имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ-2024
    • Маълумоти оморӣ
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2025
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2024-2025 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳо
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб

ЗАБОН – ҲАСТИИ МИЛЛАТ!

Нашр шуд: 05 Октябри 2024
Диданд: 1618

Душанбе, 5-уми октябри соли 2024

Огоҳ будан аз осори бузургони тоҷик, гиромӣ доштани забони давлатӣ, бедору устувор намудани ҳувияти миллӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва зиракии сиёсии ҷавонон аз муҳимтарин масъалаҳои имрӯзи давлату миллат аст. Забони форсӣ-тоҷикӣ дар давоми як давраи тулонии таърих – замони ҳукмронии муғулҳо дар Ҳиндустон ба яке аз забонҳои адабии давлатӣ табдил ёфта, дар ин давра осори бойи илмию адабӣ офарида шуд.

Таъриху маданияти тоҷик як қатор олимону адибони забардастро ба фарҳанги ҷаҳонӣ додааст, ки онҳо бо заковат ва фаросати беназир дар афзоиши хазинаи афкори умумиинсонӣ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Миллати мо аз он ифтихор дорад, ки имрӯзҳо осори ғании донишмандони тоҷик дар низоми таълимии як қатор донишгоҳу донишкадаҳои ҷаҳон ворид ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтааст. Таълифоти бешумори ниёгони мо ба забони форсӣ-тоҷикӣ на фақат ҷанбаҳои ахлоқию маърифатӣ доранду аз онҳо метавон шуҷоат, ҷасорат ва ватандӯстию худшиносиро омӯхт, балки фарогири тамоми илмҳои замон буданд. Аз ҷумла “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ, “Маснавии маънавӣ”-и Мавлоно Балхӣ, “Сиёсатнома”-и Низом-ул-мулк, “Қобуснома”-и Кайковус, “Бӯстон”-у “Гулистон”-и Саъдӣ, “Наводир-ул-вақоеъ”-и Аҳмади Дониш, эҷодиёти Ҳофиз, Бедил, Хайём, Иқбол, Закариёи Розӣ ва дигарон, ки асосан адабию ахлоқианд, аммо, дар баробари ин, осори фаровони сирф илмӣ забони ширини тоҷикӣ таълифу интишор шудаанд.

Дар замони Шӯравӣ забони русӣ дар тамоми ҷумҳуриҳои он, аз ҷумла Тоҷикистон низ, забони давлатӣ буд. Хушбахтона, миллати тоҷик тавонист аз забони хеш ҳифз намояд ва забони ноби тоҷикиро чун сарвати асосии миллат нигаҳ дорад. Ҳабиб Юсуфӣ вожаи Ватан бар забон ба мудофиаи Ватан рафтаву бо ин ҳарф дар майдони муҳориба ҷонашро нисор кардааст. Бобоҷон Ғафуров бо ковишу пажӯҳишҳои худ ҳақиқати таърихи миллати тоҷикро бо нашри китоби «Тоҷикон» ба оламиён муаррифӣ намуд, то таърихи фоҷиаангез, вале пурифтихори миллати тоҷик ва забони ӯро бишносанд. Ҳар сатри сарнавишти ин миллати қадимаву куҳанбунёд саҳифаи заррини таърих аст, ки моломол аз мубориза, дарду армонҳо, шукуфоиву шикаст буда, авҷи фарҳангу фурӯравиҳо дар он ниҳон аст.

22-юми июли соли 1989 бо қарори Ҳукумати ҶШС Тоҷикистон забони тоҷикӣ мақоми давлатӣ гирифт. Мақсад аз қабули Қонуни РСС Тоҷикистон маҳдуд кардани дигар забонҳо набуда, баръакс, омӯхтани забонҳои дигарро таъкид менамояд. Забондонӣ воситаи асосии омӯхтани илм дар ҳама давру замон ба шумор меравад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун нахустунсури ваҳдати миллӣ, сарвати бебаҳои фарҳангӣ, шиносномаест, ки дар ҷаҳон миллати моро, пеш аз ҳама, ба воситаи он мешиносанд ва дар шароити имрӯза аз унсурҳои асосии ҳифзи ҳувияти миллӣ ба ҳисоб меравад. Боиси хушнудист, ки дар 33-соли соҳибистиқлолии миллӣ бо сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи рушди забони давлатӣ, мақом ва истифодаи ҳамаҷонибаи он тадбирҳои муассир андешида шуд.

Чунонки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид кардаанд: «Қарзи фарзандӣ, рисолати инсонӣ ва вазифаи шаҳрвандии ҳар кадоми мост, ки забони шаҳдбори миллату давлатамонро сидқан ва мисли модари худ дӯст дорем, зеро он забони модарии мо мебошад, онро эҳтирому эҳтиёт кунем ва ҳамеша дар андешаи поку беолоиш нигоҳ доштани он бошем».

Соҳибистиқлолӣ барои рушду ташаккули забони тоҷикӣ имконоти мусоидро фароҳам овард. Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ бо намояндагони аҳли зиё, маориф, илм, адаб ва фарҳанг ба муносибати Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон 4-уми октябри соли 2019 таъкид карданд, ки бо мақсади боз ҳам рушд додани забони давлатӣ бояд барномаҳои давлатӣ мавриди амал қарор гиранд ва барои омода ва таҳия намудани лоиҳаи «Барномаи рушди забони давлатӣ барои солҳои 2020-2030» Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор масъул гардиданд. Бо дарназардошти он ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони сиёсату қонунгузорӣ ва муоширату коргузорӣ дар ҳама соҳаи ҳаёти мамлакат истифода мешавад, омӯзиш ва донистани он барои ҳар як сокини ҷумҳурӣ зарур аст.

Паёми Президент

Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2025-2026 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2025
  • Роҳнамои довталаб – 2025Роҳнамои довталаб – 2025
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2025ТАҚВИМИ ИМД – 2025
  • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо – 2024

СТРАТЕГИЯ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ БАРОИ СОЛҲОИ 2021-2025

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2025 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон