Тел: (+99237) 224-53-68, E-mail: office@ntc.tj

  • Tajik (Tajik)
  • Russian (Russia)

Search
  • Асосӣ
    • Навигариҳо
  • Дар бораи мо
    • Маълумоти умумӣ
    • Сохтор
      • Сохтори умумӣ
        • Раёсати кадрҳо, коргузорӣ ва иттилоот
        • Раёсати технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ
        • Раёсати таҳияи маводи имтиҳон
        • Раёсати ташкил ва идораи имтиҳон
        • Шуъбаи молия
        • Шуъбаи кор бо муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ
        • Шуъбаи банақшагирӣ, мониторинг, пажӯҳиш ва рушд
        • Бахши чоп ва бастабандӣ
        • Шуъбаи хоҷагидорӣ
      • Роҳбарият
    • Санадҳои меъёрӣ ва ҳуқуқӣ
      • Санадҳои марбут ба ИМД
      • Қонунҳои ҶТ
      • Қарорҳои Ҳукуматии ҶТ
      • Фармонҳои Президенти ҶТ
      • Фармоиш ва қарорҳои Вазорати маориф ва илм
    • Ҳамкориҳо
    • Вазифаҳои холӣ
    • Тамос
  • Пажӯҳишу арзёбӣ
    • Арзёбии миллӣ
    • PISA
    • PIRLS
    • Маҷаллаи "Довталаб"
  • Ба довталаб
    • Роҳнамои довталаб - 2026
    • Муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбии ҶТ
    • Нақшаи қабул 2026-2027 (руйхати ихтисосҳо)
    • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус
    • Cаволу масъалаҳои тест барои олимпиадаи ҷумҳуриявӣ
    • Намунаи саволу масъалаҳои тест
    • Ҷавобҳои дуруст ба саволу масъалаҳои тест (Қисми А ва Б)
    • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтиссоҳои тиб)
    • Ҷадвалҳои мувофиқати холҳо ба балҳо
    • Китобҳо
    • Китобчаҳои тестӣ ва варақаи ҷавобҳо
    • Стипендияи Президентӣ
  • Маркази матбуотӣ
    • ВАО дар бораи ММТ
    • Маҳзани расм ва видео тасвирҳо
    • Мақолаҳои таҳлилию иттилоотӣ
    • Сайёҳӣ
    • Вокуниш
    • Видеоролик
  • Саволу ҷавоб
  • Муроҷиат

ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАИ ПРОКУРАТУРАИ ГЕНЕРАЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Нашр шуд: 21 Майи 2026
Диданд: 48

Душанбе, 20-уми майи соли 2026

20-уми майи соли 2026 дар дафтари асосии Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии намояндаи Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарият ва кормандони Марказ баргузор гардид.

Дар вохӯри муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит Шодӣ, прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ Ҳасанзода Умед Юсуфхон ва кормандони дафтари асосии Марказ иштирок доштанд. Ҳамзамон кормандони бахшҳои минтақавии Марказ дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба таври маҷозӣ дар ин вохӯрӣ иштирок доштанд.

Дар оғоз муовини якуми директори Марказ Шодиниё А. Ш. дар робита ба пешгирӣ ва коҳиш додани амалҳои дорои хусусияти экстремистию террористӣ суханронӣ карда, таъкид намуд, ки қабули Стратегияи нави пешгирии экстремизм, терроризм барои давраи то соли 2040 яке аз иқдомҳои муҳимми давлат дар самти ҳифзи амнияти миллӣ, суботи ҷомеа ва таъмини рушди устувори кишвар ба ҳисоб меравад. Ии санад бо дарназардошти вазъи мураккаби ҷаҳони муосир, таҳдидҳои нави иттилоотӣ, киберӣ ва идеологӣ таҳия гардидааст.

Дар Стратегия махсус таъкид шудааст, ки мубориза ва пешгирии экстремизм ва терроризм танҳои масъалаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нест, балки масъалаи тамоми ҷомеа мебошад. Аз ҳамин хотир, дар амалисозии он мақомоти давлатӣ, ташкилоту муассисаҳои соҳаи маориф, дин, ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва худи шаҳрвандон нақши муҳим доранд, – қайд кард Шодиниё А. Ш.

Сипас прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ Ҳасанзода У. Ю. суханронӣ намуда, қайд кард, ки вазъи мураккабу ташвишовари минтақа ва ҷаҳон, шиддат гирифтани равандҳои геополитикӣ, таҳдиду хатарҳои муосир ба монанди тундгароиву экстремизм ва терроризм, қочоқи силоҳ ва гардиши ғайриқонунии маводди нашъаовар, киберҷиноятҳо ва ҷиноятҳои дигари муташаккили фаромиллӣ кишвари азизи моро низ бетараф нагузоштааст.

Таҷрибаи андӯхтаи ҷомеаи ҷаҳонӣ нишон медиҳад, ки экстремизм ва терроризм зуҳуроти тасодуфӣ набуда, на танҳо дар зеҳнияту тафаккури ашхоси алоҳида, балки дар ҷанбаҳои гуногуни ҳаёт, муҳит, муносибот, таълиму тарбия, фарҳанг, иҷтимоиёт, иқтисодиёт, таъсири берунӣ ва ғайра реша доранд. Бо дарки ин воқеият, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳадафҳои худро дар ин соҳа аз тариқи таҳия ва татбиқи стратегияҳои фарогири миллӣ тақвият дода, Стратегияи нави пешгирии экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040 ва Нақшаи чорабиниҳо оид ба амалисозии он дар солҳои 2026-2030 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 феврали соли 2026, № 73 тасдиқ карда шуд. Бояд зикр кард, ки тадбирҳои андешидаи давлату Ҳукумати Тоҷикистон дар ҳамоҳангӣ бо созмонҳои бонуфузи минтақавию байналмилалӣ, созмонҳои ғайридавлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ натиҷаи мусбат дода, сол то сол сатҳи содиршавии ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ тамоюли камшавиро касб намудааст.

Дар анҷом муовини якуми директори Марказ Шодиниё Абдулбосит барои ҳамкориҳои судманду саривақтӣ ба прокурори Маркази ягонаи иттилоотӣ оид ба пешгирии экстремизм, терроризм ва киберҷиноятҳои Прокуратураи генералӣ Ҳасанзода Умед Юсуфхон изҳори миннатдорӣ кард.

 

 

 

 

 

 

Паёми Президент

Паёмҳо ва суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон

Эълонҳо

  • Намунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои ПрезидентӣНамунаи саволу масъалаҳои тест барои стипендияҳои Президентӣ
  • Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)Нақшаи қабули с.т. 2026-2027 (ҷадвали ихтисосҳо)
  • Роҳнамои довталаб – 2026Роҳнамои довталаб – 2026
  • Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026Намунаи саволу масъалаҳои тест – 2026
  • Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026Рӯйхати ихтисосҳои дорои имтиҳонҳои эҷодӣ ва маҳорати махсус – 2026
  • Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)Номгӯи бемориҳо (барои довталабони ихтисосҳои тиб)
  • ТАҚВИМИ ИМД – 2026ТАҚВИМИ ИМД – 2026

СТРАТЕГИЯИ МИЛЛИИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

БАРНОМАИ МИЁНАМУҲЛАТИ РУШДИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2026-2030

СТРАТЕГИЯИ ДАВЛАТИИ МУҚОВИМАТ БА КОРРУПСИЯ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ ДАВРАИ ТО СОЛИ 2030

 

 

Мақолаҳо

Қадами нахустин ва муҳим барои донишҷӯ шудан

Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи охир роҳнамо ва амаликунандаи орзуи довталабон барои соҳиб шудан...

 

Бадомафтодагон

Давлатҳои абарқудрати ҷаҳон имрӯзҳо дар саросари олам барои баланд бардоштани иқтисодиёт ва базаи моддиву молии худ...

 

Як рӯзи баҳор — пур кунад анбор

Дини мубини ислом пайравонашро ҳамеша ба дарёфти ризқу рӯзии ҳалол ташвиқу тарғиб намуда...

Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028

 

Тақвим

‹›
ДуСеЧрПнҶмШбЯк

© 2026 Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон